ЭЙ ҲАМЗАБОНОН, РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК!

Боиси ифтихормандист, ки дар масири таърихи пурмоҷарои миллати тоҷик ва таҳоҷуми фарҳангҳо забони тоҷикӣ асолати худро гум накарда, ҳамчун муаррифгар ва ҳастии миллат боқӣ монд. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҷаҳду талоши равшанфикрону ватанпарварони миллати тоҷик боис гардид, ки забони модарии мо мақоми давлатиро касб кард ва аз он пас забони коргузории расмӣ эълон гардид. Истиқлолияти забон бо истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавъам омада, дар даврони гулгулшукуфӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба забони миллӣ қонуну қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд, ки дар рушду тараққӣ ва такомули забон нақши арзанда гузоштанд. Имрӯз дар олам ҳудуди панҷ ҳазор забон мавҷуд буда, сесад забон мавриди истифодаи ағлабият қарор дошта, аз он ҳамагӣ сад забон ба расмият шинохта шудааст. Ифтихор ва изҳори шукр бояд кард, ки дар миёни он сад забон, забони тоҷикӣ низ мавҷуд буда, ҳамчун забони расмӣ шинохта мешавад.

Пас, вазифаи ҳар як шаҳрванди ба ору нанг ва ватанпарвару фарҳангдӯсти миллати тоҷик дар қиболи забони модарӣ он аст, ки забони миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва аз омезишу олудагиҳо онро нигоҳ дорад. Гуфтугӯ бо забони адабии тоҷикӣ, риояи қоидаҳои он дар гуфтору навиштор яке аз рисолатҳои соҳибзабонон буда, омили нахустини ҳифзи он ба ҳисоб меравад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, Рӯзи забони давлатиро, ки ҳамасола 5 –уми октябр дар саросари кишварамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, ба аҳли илму фарҳанг ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям. Бигзор забони милливу модарии мо ҳамеша забони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ бимонад ва асрҳои аср аз омезишу олудагиҳо ва ҳадафи нопоки тамаъҷӯён дар амон бошад.   

барчасп: