Натиҷагирӣ аз сафари хидматӣ ба Ховалинг

Дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон гурӯҳи кории ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон экспедитсияи мардумшиносиро доир намуда, ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, табиӣ, мавзеъҳои муқаддас, замони пайдоиш ва мавҷудияти онҳоро ба қадри имкон таҳқиқ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ноҳияи Ховалинг дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир буда, аз як шаҳрак ва панҷ ҷамоат иборат аст: шаҳраки Ховалинг, ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ҷамоати деҳоти Ховалинг, ҷамоати деҳоти Шугнов, ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзо, ҷамоати деҳоти Ҷонбахт.         

Дар ҷараёни сафар аз сарзамини ноҳияи Ховалинг ба миқдори 36 адад ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ ба рӯйхат гирифта шуданд, ки куҳантаринашон тибқи маълумотҳои ҷойдошта аз давраҳои асри санги қадим,  тақрибан умри 950-ҳазорсола доранд.

Зимни ин сафари корӣ мо чанде аз ёдгориҳои таърихиро ба монанди “Бошишгоҳҳои одамони асри санг (воқеъ дар деҳаҳои Кулдара), Хонақои Севодара, “Сангтудаҳо”, ёдгориҳои бостонии шаҳри Мунк, Хиштеппа, қалъаи Мискин ва зодгоҳи Восеи қаҳрамон, дидан намуда мавриди омӯзиш қарор додем. Қайд кардан ҷоиз аст, ки деҳаҳои Кулдара ва Хонақои Севодараи ноҳия дар омӯзиши ҳаёти инсонӣ аҳамияти калони илмӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дороянд. Деҳаи Кулдара дар масофаи 30 км дуртар аз маркази ноҳия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ҷойгир аст. Хонақои Севодара бошад, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сари Осиёб ҷойгир буда, аз маркази шаҳраки Ховалинг 15 км дурӣ дорад. Ҳангоми ковтуковҳои археологӣ бо роҳбарии Ранов В.А. (соли 1976) дар ин деҳаҳо бошишгоҳҳои одамони давраи қадим, ки умри 950 ҳазорсола доранд ёфт шудаанд. Ҳангоми ҳафриёт асбобҳо ва олотҳои асри сангин аз ин деҳаҳо ёфт шудаанд, ки дар осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия нигаҳдорӣ карда мешаванд

Шаҳри Мунк бошад ба асрҳои IX-XII тааллуқ дошта, дар ҳудуди имрӯзаи Ховалинг доман густурдааст. Ҷамъ ва таҳлили маводҳои бостоншиносию, этнографӣ, топонимикӣ ва фолклорӣ нишон дод, ки ҳудуди он аз деҳаи Таги Ҷар то ба Мазори Ҳазрати Султон тӯл мекашад. Аввалин ҳафриётҳои бостоншиносон дар ин шаҳр аз соли 1946 оғоз гардидаанд, ки то ба имрӯз зиёда аз се ҳазор нигораҳо ёфт шуданд. Бояд иброз дошт, ки таърихи шаҳр то ба имрӯз пурра омӯхта нашудааст.

Сангтудаҳо

Дар ҳудуди ноҳия 5-сангтуда вуҷуд дорад. Калонтарини онҳо дар деҳаи Таги Ҷар, сетои дигар дар деҳаи Чуқурак ва панҷумаш дар деҳаи Навободак воқеъ аст. Барои аниқ кардани асрори сангтудаҳо солҳои 1979-1981 дар яке аз чунин қурғонҳо, сангтудаи назди деҳаи собиқи Навободак аз тарафи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии кадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарии бостоншинос Муллоқандов М. ҳафриёт гузаронида шуд. Дар натиҷа маълум шуд, ки сангҳо ёдгории таърихӣ буда, таърихи ҳазорсолаҳо доранд.

Дар баробари ин дар ноҳия боз қалъаҳое, ки таърихи чандасра доранд мавҷуданд, мутаассифона аз таъсири боду борон, селу тарма ва гармиҳои тобистон харобаҳои ин қалъаҳо вайрон гардидаанд ва танҳо ҷои онҳо мондаасту халос. Чуноне ки роҳбаладамон Сатторов Умедҷон ба мо итттилоъ дод, дар ин ҳудуд як қалъае, бо номи Мискин воқеъ буд, ки бостоншиносон мавҷудияти онро ба асрҳои VIII-XIX мутааллиқ медонанд. Ҳангоми ковтуков аз ин қалъа зини асп ва қамчини тиллоӣ ёфтаанд.

Хонаи Восеъ

Мавзеи Дараи Мухтор зодгоҳи   Восеъ –  қаҳрамони  халқи тоҷик дар ҳудуди ҷамоати  деҳоти Ҷонбахт ва дар масофаи 5 км дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир аст. Деҳа бо табиати дилфиреб, боғу роғ дили ҳар як бинандаро тасхир менамояд. Дар зодгоҳи қаҳрамон ҳоло боғ-осорхонаи таърихии шӯриши Восеъ (соли1888) бузургтарин хурӯҷи деҳқонон, ки пояи аморати Бухороро ба ларза оварда буд, меҳмонхонаи  замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар он барои сайёҳону меҳмонон тамоми шароит муҳайё аст.                                                                                      

Мавзеъҳои муқаддас

Мамнӯъгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ.  Аз маркази ноҳия то ин оромгоҳ 18 км роҳ аст. Мамнӯъгоҳи Ҳазрати Султон дар ҷамоати деҳоти Ҷонбахт деҳаи Мазори Ҳазрати Султони ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир мебошад. Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар иҳотаи ҷангалзор, ки дорои дарахтони куҳансоли чормағз, сафедор ва дигар намуди дарахтон мебошад, мавҷуд астаст. Ҳудуди умумии ин мавзеъ 14 га-ро ташкил медиҳад. Худи мазори Султон 20х8м. буда, аз ду қисмат иборат аст: якум даромадгоҳ ва баъдан мақбара, ки дарозии он 11х5 мебошад.

Дуюмин ҷои муқаддасе, ки дар байни мардум маъмул аст, ин мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ мебошад. Мазори Ҳазрати Аюби Ансорӣ Дар маркази ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, тибқи ривоятҳо, ки васияти Султон Ҳувайси Қаранӣ дониста шудааст, мардум аввал ин мазорро зиёрат мекунанд ва баъд ба зиёрати Ҳазрати Султон мераванд. Роҳбалад Қаюмов Қурбоналӣ ба мо ривоятҳои зиёдеро дар бораи зиндагии Аюби Ансорӣ қисса кард, ки дар мақолаҳои илмӣ дарҷ хоҳанд гардид.

Ёдгориҳои табиӣ

Тӯли сафар дар ҳамкорӣ бо намояндагони бахши фарҳанги ноҳия ёдгориҳои табииро низ пажуҳиш намудем, ки дар қаламрави ноҳия хеле зиёданд. Гурӯҳи кории мо бархе аз онҳоро дидан карданд. Ба монанди Чилчанор-дар ин ҳудуд чил чанор чил сипоҳеро меноманд, ки оби мусаффои чашмаро посибонӣ мекунанд.

Чашмаи Қазған – номи ин чашма аз номи шоҳи чингизӣ Қазғанхон, ки дар ин мавзеъ омада истироҳат мекард, гирифта шудааст. Инчунин чашмаи Санги рама, чашмаи Шӯр, чашмаи Махфират, Раҳмату мурод, Шифо мавҷудад, ки ба чандин дардҳо давоянд. Оид ба ин чашмаҳо дар байни мардум ягон ривояте вуҷуд надорад.

Хамин тариқ, аз натиҷаи таҳқиҳотҳои илмӣ-саҳроӣ маълум гардид, ки дар ноҳияи Ховалинг мавзеъҳои нодири таърихиву фарҳангӣ ва манзараҳои зебо барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ мавҷуд мебошанд. Ҳангоми боздид ва омӯзиши онҳо огаҳ гардидем,  ки ҳар кадоме аз ин ёдгориҳои зикр гардида рисолати таърихӣ доранд ва бозгӯи таърихи қадимаи мардуми тоҷик маҳсуб мешаванд ва барои ҷалби сайёҳон нашру таблиғи маводхои илмӣ муҳим ва зиёд мебошад.

Сафарқулова Гулмоҳ

 

барчасп: