Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аминамо Табарова аз шумори камтарин пешаваронест, ки ҳунарро, ба қавли коргардони маъруф Константин Станиславский, дар худ дӯст доштааст, на худро дар ҳунар. Ӯ дар тасвири ҳолати руҳӣ ва мушкилоти ҳаёти қаҳрамонҳояш аз обуранги мухталифи бозигарӣ истифода мебарад. То расидан ба ин мартаба, ӯ мисли дигарон, зинаи шогирдиро низ гузаштааст. Таҳсил дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар ин роҳ барояш қадами ҷиддӣ гардид.
Дар ташаккули шахсияти А. Табарова саҳми устодонаш хеле бориз мебошад. Вижагии асосии педагогикаи устодаш Малика Ҷӯрабекова, пеш аз ҳама, тарбияи шахсияти ҳамаҷониба ташаккулёфта мебошад. Устод ҳар кадоми онҳоро бо ҳисси боварии том ба истеъдоди фитрии хеш ба ҳаёти мустақилона раҳнамун сохтааст, аммо дар мисоли Аминамо мебинем, ки ҳисси ҳамеша ба истеъдоди худ шак доштан ӯро тамоми умр азият медиҳад. Аз ин ҷост, ки ҳар образи офаридааш бо заҳмати зиёд рӯйи саҳна меояд. Образҳои Ширин ва Тобон мисоли ин андешаҳост.
Ширини бо ноз парвардаи Табарова бо ҳиссиёти нисбат ба дигар кас дар вуҷудаш пайдо гардида дар оғоз чи кор карданро намедонад. Ин ҳис азияташ медиҳад, нороҳат месозад, асабонӣ мекунад. Пасон, бо оҳистагӣ дарк мекунад, ки ин эҳсосоти ширин тамоми вуҷудашро фаро гирифта, ӯро дигар намуда истодааст. Ана ҳамин таҳаввулоти азими равонии аз дӯстдошта будан то дӯст доштанро ӯ дар намоиши «Хусрав ва Ширин» чунон боварибахш ва бо тамоми ҷузъиёташ офаридааст, ки кас на танҳо мафтуни ҳусну ҷамоли қаҳрамони ӯ мегардад, балки ба ақлу заковаташ низ қоил мешавад. Муҳимтар аз ҳама, ҳунарпеша ин равандро хеле самимиву табиӣ ва бо тафсил офаридааст.
Қаҳрамони дигари ӯ Тобон низ, ки дар давраи камолоти ҳунариаш офарид, ошиқ аст, аммо Тобон маҷбур аст барои ишқи хеш товони гароне бидиҳад. Ӯ бо душмани дӯстдоштааш бар ивази он ки ӯ аз қатли ҳаким Фирдавсӣ даст бикашад, издивоҷ мекунад. На грими хос, на сарулибоси фарқкунандае надорад ин қаҳрамони А. Табарова. Дар назари аввал ӯ аз дигарон на кам аст ва на зиёд, лек ҳамин, ки бо ниҳоди пок ва беолоишаш ошно мешавед, Тобон дар назаратон ба фариштаи заминӣ табдил меёбад.
Аминаморо аз лаҳзаи нахустини шиносоӣ маҳз ҳамин гуна дарёфтам. Новобаста аз он, ки дар Кӯлоб хеле номдор буд, ӯро бори нахуст дар намоиши «Сомонхудот»-и Тӯрахон Аҳмадхонов дидам. Қаҳрамони офаридаи ӯ зани зебо ва дилрабои болобаланду ҷингиламӯе буд, ки ҳатто дар лаҳзаҳои фоҷиавии тақдираш боварӣ ба хешро аз даст намедиҳаду аз кеши ниёгонаш рӯй наметобад. Баъди намоиш ба табрики ҳунарпешаҳо паси парда рафтам, дар назарам ӯ як зани резапайкару нозукандом намуд. Аминамо Табарова ана ҳамин гуна ҳунарпеша аст, ӯ саҳнаҳои азимро низ бо пайкари резааш пур карда, толорҳои бузургро ба ларза меорад!
Намоишҳо аз саҳнаи театр мераванд, аммо наворҳои синамоӣ ҷовидонаанд. Хуб аст, ки коргардонҳои кинои тоҷик солҳои охир ӯро ба ин кор боҷуръатона ҷалб менамоянд. Дар синамо Аминамо он нақшҳоеро, ки дар театр иҷро карда натавонист, таҷриба намуд. Театр, ки омили асосиаш вақт аст, нисбат ба ҳунарпеша хеле бераҳм аст – он чизеро, ки имрӯз наофаридед ё нагуфтед, фардо гуфта наметавонед, нақшҳои хубатон низ бо ҳамон лаҳзаву соат бебозгашт пок мешаванд. Ҳунарпеша аз барномаи театр ва нақши ба ӯ боваркарда сахт вобаста аст, лекин нақшҳои хуб дар театр хеле камчинанд. Ин ҳунармандони бузург ҳастанд, ки аз нақшҳои хурд образҳои хотирмон меофаранд. Дар кино бошад, ҳам ҳар амалатон барои солиёни зиёд аст, ҳам тамошогарон бешумор. Агар театр ба ӯ нақшеро, ба мисли образи дар филми «Як ҷаҳон аз ману ту» -и Муҳаббат Сатторӣ офаридааш надод, тақдир ин ноадолатиро ҷуброн кард. Нақши дар филми «Зарандуд» - и ҳамин коргардон бозидаашро низ туҳфаи қисмат донистан равост.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ,
номзади илмҳои таърих