Ховалинг дар оғўши табиати сарсабзу дилфиреб ва адабпарвари худ ҳазорон олимону донишмандон, шоирону нависандагони шаҳирро тарбият намуда, ба воя расонидааст, ки ин омил дар эҳёву тараққии фарҳанги бумӣ бетаъсир нест. Мушоҳидаҳо ба таври иҷмолӣ нишон медиҳанд, ки дар даврони истиқлолият соҳаи фарҳанги ноҳия беш аз пеш рушд намудааст, ки осорхонаҳо як шохаи пураҳамияти фарҳанг аз он тараққиёт бебаҳра намондаанд. Сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардида, ки дар замони соҳибистиқлолӣ осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг бунёд ва азнавсозиву таъмиру тармим гарданд. Боиси хушҳолӣ ва қаноатмандист, ки имрӯз дар як ноҳияе, ки ҳудудан 3630,9 км² – ро ташкил медиҳад ва бошандагонаш аз 59 ҳазор нафар беш нест, 5 осорхонаи давлативу хусусӣ фаъолият мекунанд, ки шумори онҳо қабл аз даврони соҳибистиқлолӣ ба 3 адад мерасид. Биноҳои се осорхонаи аз замони Шӯравӣ меросмонда, “Осорхона – ҳунаристони Усто Ғулом” (1979), “Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ” (1982) “Осорхонаи ба номи Восеъ” (1988) аз нав бунёд гардида, фонди онҳо ҳарчи бештар ғанӣ гардонида шуд. Дар маркази ноҳия бинои наву замонавии дигар ба унвони “Осорхонаи Ҷӯрабек Назрӣ” (2021) қомат афрохта, ҳам маънавиёти сокинони маҳалро боло мебарад ва ҳам ба зинати шаҳр намои фарҳангӣ ато мекунад. Ҳамзамон “Китобхона – осорхонаи Ҳабибулло Файзулло” (2006) бо шароити муосир дар ду ошёна сохта ба истифода дода шудааст, ки ба зиёратгоҳи доимии сайёҳони хориҷиву дохилӣ табдил ёфтааст.
Машғулият ва пуркории роҳбарону кормандони осорхонаҳои мазкур баёнгари он буд, ки ин пойгоҳҳои худшиносиву худогоҳӣ ва муаррифгари ҳаёти ниёгон дар ҳоли рушд мебошанд. Ин агар аз як ҷониб ба боло рафтани сатҳи маънавиёти мардуми маҳал алоқамандӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар вуруди сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва меҳмонони воломақом ба он боис гардидааст. Чунонки аз рақамҳо бар меояд, дар нуҳ моҳи соли 2024, 5600 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз “Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ”, 5766 нафар аз “Осорхонаи ба номи Восеъ”, 4000 нафар аз “Китобхона – осорхонаи Ҳабибулло Файзулло” дидан намудаанд, ки дар миёни онҳо кӯдакону наврасон, ҷавонону калонсолон, аз ҷумла хориҷиён низ мавҷуданд. Ғановати фонди осорхонаҳо ва теъдоти ҳангуфти нигораҳои таърихӣ низ омили дигари пуркории кормандон ва майли сокинон ба осорхонаҳо гардидааст. Дар “Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ” имрӯз зиёда аз 4100 нигора, дар “Осорхонаи ба номи Восеъ” 2496 нигора, дар “Китобхона – осорхонаи Ҳабибулло Файзулло” 2500 китоб ва 317 нигора, дар “Осорхонаи Ҷӯрабек Назрӣ” 600 нигора ва дар “Осорхона – ҳунаристони Усто Ғулом” 366 нигора маҳфузанд, ки давраҳои асри санг, полеолити поён, миёна, болоӣ, мезолит, неолит, давраи биринҷ, оҳан, антиқа, асримиёнагӣ, давраи нав ва соҳибистиқлолиро дар бар мегиранд. Дар сосорхонаҳои мазкур он нигораҳо ва бозёфтҳои арзишманд нигоҳ дошта мешаванд, ки бинандаро ба сайри таърих ва худогоҳӣ савқ медиҳанд.
Осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг аз ҳар ҷиҳат фарқкунанда ва таъсирбахш мебошанд. Агар “Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ” ва “Осорхонаи Ҷӯрабек Назрӣ” дар маркази ноҳия ва тибқи низоми шаҳрнишинӣ бунёд гардида бошанд, “Осорхонаи ба номи Восеъ” ва “Китобхона – осорхонаи Ҳабибулло Файзулло” фазои тамоман дигар доранд. Аввалӣ дар оғуши дараи зебоманзар ва овозадори Мухтор ба таври табиӣ ҷой гирифтааст, ки ба бинанда таъсири чандҷониба расонида метавонад. Макони буду бош ва рӯзгузаронии қаҳрамони миллӣ – Восеъ, таҳҷои хонаву ҷувоз, кундаи ҷувоз, садаи дастниҳоли эшон, чашмаи мавсимии “Чиррак”, ки мутобиқи кадом ҳикмате дар фасли баҳор бо оби аз қаъри куҳу теппаҳо таровонидааш зоирону сокинони маҳаллиро сероб мекунад ва бо фарорасии фасли гармо оби худро ба қаъри замин фурӯ мебарад, таъсирбахш буда метавонад.
“Китобхона – осорхонаи Ҳабибулло Файзулло” ба ин низ шабоҳат дорад. Аҷобат ва табиияти он дар мавзеи таърихӣ ҷой гирифтанаш аст. Осорхона дар атрофи чашмаи маъруфи Қазған ҷой гирифтааст, чашмае, ки дар замонҳои гузашта бошишгоҳи тобистонаи яке аз наслҳои Чингизиён бо номи Қазғанхон будааст. Оби зулолу нуқрагун ва сарди он таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб месозад. Ба гуфти роҳбаладон дар замонҳои гузашта оби он ҷӯшону хурӯшон буда, фаввора мезадааст, аммо аз сабаби кофтани чоҳҳои амудӣ дар атрофи он ва селҳои харобиовар хурӯши он камтар гардида, нисбатан ором шудааст. Чанорҳои азиме, ки таърихи қариб ҳазорсола доранд, дар атрофи осорхона ва чашмаи маъруф қомат афрохта, аз гузаштаи дур ҳикоят мекунанд. Осори гаронарзиши шоир дар як утоқи васеу барҳавои бино ҷой дода шудааст, ки аз ҳаёту фаъолияти пурхурӯши ӯ дарак медиҳанд. Ҷой додани 2500 китоб ва дигар нигораҳо аз авлоду аҷдоди шоир ҳаёти эшонро чун навори филм пеши назар ҷилвагар месозанд.
“Осорхонаи Ҷӯрабек Назрӣ” бо як навоварӣ аз дигар осорхонаҳои ноҳия фарқкунанда аст. Дар фазои барҳавои бино баландгӯякҳо насб гардида, пайваста сурудаҳои куҳнанопазири устод Ҷӯрабек Назрӣ бо садои марғуладораш танинандоз аст. Имрӯз осорхонаи мазкур пайвандгаре миёни аҳли санъати тоҷик ва дигар кишварҳо гардидааст. Бо шарофати таъсисёбии он фарзанди санъаткори асил ва зиндаёди афғон Аҳмади Зоҳир ба унвони эҳтироми дӯсти падар ба ноҳияи Ховалинг омада, дар осорхонаи Ҷӯрабек Назрӣ, бо иштироки аҳли санъату фарҳанги кишвар чорабинии фарҳангӣ барпо намуданд. Ҳамзамон асбоби қадимаи мусиқии Аҳмад Зоҳирро дар осорхона ҳамчун нигораи арзишманд гузоштанд.
“Осорхона – ҳунаристони Усто Ғулом” дар се ошёна ва дар шафати роҳи калони мошингузар бино шуда, бо ин хусусият аз дигар осорхонаҳо фарқ мекунад. Дар пештоқи бино бо ҳарфҳои калон “Осорхона – ҳунаристони Усто Ғулом” навишта шуда, таваҷҷуҳи ҳар роҳгузарро ба худ ҷалб мекунад. Бо як назар он фарҳангсолориву илмпарварӣ, эҳтироми ниёгону гузаштагон, аҳли фарҳангу санъат ва таърихи куҳану осори арзишманди ноҳияи Ховалингро бозгӯ месозад. Асбоби мусиқии хунёгари маъруфу машҳур ва ҳунарманду соҳибкасб Усто Ғулом Қодиров дар ошёнаи якуми бино ҷой дода шудаанд, ки аксари онњо ба ҳунари дасти Усто Ғулом тааллуқ доранд.
Омили дигари қаноатмандсоз дар осорхонаҳои Ховалинг боқӣ мондани наслҳои калонсол ва собиқадорони илму фарҳанг мебошад, ки боз ҳам нуфузу таъсири онро бештар мегардонад. Ба монанди Амирхон Саидзода, Камолов Раҷабалӣ, Сайидтоҷов Муҳсиддин, Ғуломов Саидислом ва дигарон, ки дар осорхонаҳои ноҳия вазифаи роҳбариро ба дӯш дошта, таҷрибаи кории то 50 – сола доранд. Шоҳиди бисёре аз ҳодисоту воқеоти замонанд ва дар пайдо намудани нигораҳову бозёфтҳои таърихӣ бевосита иштирок кардаанд. Ба таври мисол бо талошу кӯшишҳои Амирхон Саидзода-роҳбари “Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ” осорхонаи мазкур соли 1982 таъсис ёфта, бештари нигораҳо бозёфт гардида, маҳфуз боқӣ мондаанд. Қисмате аз бозёфтҳои таърихӣ, аз ҷумла ахгарҳои гулхани Восеъ бо кӯшиши Камолов Раҷабалӣ фарди солманд ва собиқадор ба осорхонаи Восеъ оварда шудааст. Ҳикоёти ӯ чун санади таърихӣ арзишманд ва нодиранд. Айёми тифлӣ бо шунидани гулдурроси ҷувози меросмонда аз Восеъ нонҳои хушмаззаи гандумиро бо худ гирифта, дар равғани серғизои ҷувоз ғутонида, пасон бо лаззати махсус таловул мекардаанд. Хуллас аз забони чунин афрод шунидани воқеоту саргузашти таърих ҷолиб ва дар айни замон мустанад мебошанд, ки дар корҳои таҳқиқиву пажуҳишӣ ба кор меоянд. Сайидтоҷов Муҳсиддин аз наздикони шоири маъруф Ҳабибулло Файзулло ва ҳамзамонони ӯ буда, шахси фарҳангӣ, донишманд мебошад, ки дар муаррифии ашёи осорхона мушкилӣ намекашад ва таърихи гузаштаи шоирро бо баёни ашъори ӯ хуб иброз мекунад. Ба таври мушаххасу фаҳмо ва бидуни дудилагиву таваққуфҳои ҷоҳилона, сареан ва бо дили пур сухан мегӯяд. Масъулияти “Осорхона – ҳунаристони Уто Ғулом” бошад, ба дӯши писари эшон Саидислом Қодиров вогузор гардидааст, ки ӯ ҷойгузини падар буда, ҳунари асили ӯро зинда медорад. Умуман бо вуҷуди мавҷуд будани баъзе нафарони тасодуфӣ дар осорхонаҳои ноҳия, ағлабияти эшон кормандони тахассусӣ буда, хусусан роҳбарони осорхонаҳо солҳо дар ин майдон корзор намудаанд, ки имрӯз бо вуҷуди баъзе камбудиҳову мушкилиҳо, аз қабили паст будани маош, содиқонаву софдилона кадрҳои ҷавону камтаҷрибаро дар соҳаи осорхонашиносӣ тарбият менамоянд.
Бо вуҷуди рушду тараққиёти назаррас фаъолияти осорхонаҳо дар ноҳияи Ховалинг аз нуқсону камбудиҳо ва мушкилоти ҳалталаб орӣ нестанд. Аз ҷумлаи камбудиҳои асосӣ муҷаҳҳаз набудани осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг бо технологияи замони муосир мебошад. Ба монанди компютер, принтер, сканер, дастгоҳи наворбардорию аккосӣ ва ғайра. Гарчанде борҳо баъзе директорони осорхонаҳо (Амирхон Саидзода) тариқи мактубҳои расмӣ ба маќомоти дахлдор муроҷиат намудаанд, аммо талошашон натиҷа надодааст. Камбуди кадрҳои лаёқатманд ва содиқ барои хидмат аз камбудиҳои дигар дар осорхона унвон мегардад. Замони сармоядорӣ ва мушкилоти дигари зиндагӣ боис гардидааст, ки таваҷҷуҳи баъзе ҷавононро кору фаъолият дар осорхона ҷалб намекунад. Аксари ҷавонон пас аз хатми донишгоҳу донишкадаҳо барои касби рӯзӣ корҳои ғайритахассусиро интихоб менамоянд ва ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Сатҳи пасти маош дар ин самт камбуди дигар буда, боиси ин мушкилот гардидааст. Дар раванди рушди бесобиқа ва тараққиёти замони муосир биноҳои баъзе осорхонаҳо боз ҳам тавсеа ва фарохиро талаб менамоянд, ки ин низ нуқсони дигар аст. Мавҷуд будани теъдоди зиёди нигораҳо ва рӯз аз рӯз изофа ёфтани онҳо макони васеу фарохтарро талаб менамоянд. Макони тангтар ва зиччии нигораҳо муаррифии осори гаронарзиши таърихро мушкил мегардонанд. Ба андешаи директори “Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ” Амирхон Саидзода ин мушкилӣ роҳи ҳалли худро пайдо мекунад, чунки ҳукумати маҳаллӣ ба эшон ваъда додааст, ки дар ояндаи наздик бинои осорхонаро боз ҳам вусъат мебахшад.
Аз мушоҳидаҳо дида мешавад, ки бо вуҷуди норасоиҳо, камбудиҳо ва мушкилоти мавҷуда, соҳаи осорхонаву осорхонашиносии ноҳияи Ховалинг дар замони истиқлолият рушду тараққӣ намудааст. Дар ин самт аз таназзул дида тараққӣ бештар аст, ки арзёбии дуҷониба ва эътирофи он мунсифона мебошад. Биноҳои осорхонаҳо аз нав бунёд мегарданд, таъмиру тармим мешаванд ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба онҳо бештар мегардад. Муқоисаҳо баёнгари онанд, ки теъдоди зоирон ва мушоҳидони осорхонаҳо аз солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд гардида, ин омил таконбахши ин соҳа гардидааст.
Исоев ҚАДРИДИН,
ходими пешбари илмии шуъбаи
фаъолияти иҷтимоӣ – фарҳангӣ