ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ (бардошт аз сафари хидматӣ)

Бо тақозои касб мо – гурӯҳи кории кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рӯзҳои 23 сентябр то 02-юми октябри соли 2024 ҷиҳати омӯзиши вазъи муассисаҳои фарҳангӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафари хидматӣ анҷом додем.

Дар ин сафар ба мо имкон шуд, ки аз ду боғи марказӣ, китобхона, амфитеатр ва майдони парчаму нишон боздид кунем. Ин боғҳо ва ҳамчунин бинои Қасри фарҳанг, Осорхонаи Ҷӯрабек Назрӣ ва Китобхона маркази ноҳияро зиннат мебахшанд ва маънавиёти мардуми маҳалро боло мебаранд. 

Дар маркази ноҳия “Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ” ва “Гулгашти ҷавонон” барои сайру гашт ва фароғат дар хидмати мардум қарор доранд. Онҳо бо зебоӣ ва тозагиву ороиши худ маркази ноҳияро ҳусни замонавӣ бахшидаанд. Кормандони боғҳо ҳамарӯза аз субҳ то шом ба нигоҳубини гулҳо, дарахтон ва умуман атрофу акнофи он машғуланд. Шаҳрвандон аз ҳавои тоза ва ҳусни дилрабои ин мавзеъҳо ҳаловат мебаранд. Тибқи иттилои директори хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия Шарипов Ёраҳмад, ки масъулияти боғҳои мазкур ба уҳдаи ӯст, дар онҳо 2041 адад дарахтони сояафкан шинонида шудаасту барои нашъу намои онҳо ва дигар корҳо кормандони зиёд фаъолият мекунанд. Айни замон дар боғҳои мазкур 27 нафар корманд фаъолият мекунад, ки аксари онҳо мутахассисони таҷрибанок мебошанд. Ба андешаи масъулони боғҳо барои нигоҳубини дарахтони сояафкан, гулгаштҳо ва тозагии он  5 воҳиди кории дигар лозим аст.  

Дар майдони “Боғи фарҳагӣ-фароғатӣ” парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохта, дар боғи “Гулгашти ҷавонон” бошад, нимпайкараи Муқимов Саид-Ато гузошта шудааст. Бино ба гуфтаи Саидзода Амирхон, роҳбари “Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ” ин макон таҳҷои боғи Восеъ буд, ки раиси собиқи ноҳия онро ба Дараи Мухтор кӯчонид ва дар ин ҷо боғҳои мазкурро бунёд ва ба истифодаи мардуми маҳал супорид.

Дар идомаи сафар мо имкон пайдо кардем, ки аз китобхонаи марказонидашудаи ноҳияи Ховалинг дидан намоем. Бинои китобхона якошёна буда, бо мактаби мусиқӣ дар як макон ҷой гирифтаанд.  Бино ба маълумоти директори китобхона Усмонов Шарифалӣ дар ҳудуди ноҳия 17 китобхона фаъолият мекунад, ки аз ин 1 китобхонаи марказӣ ва 1 китобхонаи бачагона дар маркази ноҳия, боқӣ 15 китобхона дар ҷамоатҳои деҳот мебошанд. Фонди умумии китобхонаҳои ноҳия ба 62009 нусха мерасад.  Дар китобхонаи марказӣ бошад 11728 нусха китоб мавҷуд буда, дар шуъбаи  пуррагардонии он 2413 нусха китобҳои дигар дар раванди бақайдгирӣ қарор доранд, ки ба фонди китобхона илова карда мешаванд. Китобхона фонди худро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ҳамасола 5 ҳазор сомонӣ ҷудо месозад, тариқи хариди китобҳои нав аз муассисаҳои маорифи кишвар ва дуконҳои китобфурӯшии шаҳри Душанбе ғанӣ мегардонад. Ҳамзамон баъзе аз сокинони маҳал китобҳои худро ба тариқи ройгон ба китобхона месупоранд, ки ин боиси зиёд гардидани фонди китобхона мегардад. 

Маврид ба зикр аст, ки бо вуҷуди ин ҳама тараққиёти назаррас китобхона аз мушкилоту камбудиҳо орӣ нест. Аз ҷумла, надоштани мустақилияти молиявӣ, надоштани ҳуҷҷати расмӣ-сертификату қарор (ба истиснои баъзе китобхонаҳо). Мушкилии асосии дигар ин аст, ки 6 китобхонаи дигари ноҳия бинои алоҳида ва мустақил надоранд. Аз ҷумла  дар деҳаҳои Лоёва ва Зардакӣ китобхонаҳо дар хонаҳои шахсӣ ва 2 китобхонаи деҳаи Доробии Ҷамоати деҳоти Ҷонбахт бошад, дар хонаи фарҳанги деҳа ҷой дода шудаанд, ки он  дар вазъи ногувор ва садамавӣ қарор дорад. Аҷобати дигар дар он аст, ки китобхонаи Ҷамоати деҳоти Шугнов дар замини масҷиди деҳа сохта шудааст.

Директори китобхона аз он изҳори хушҳолӣ мекунад, ки мардум, хусусан соҳибкорони маҳаллӣ ба китобхонаҳо бештар таваҷҷуҳ мекунанд ва барои рушди ин боргоҳи маърифат саҳми худро мегузоранд. Масалан, дар деҳаи Лоҳутӣ  3 ва дар деҳаи Шехон 1 китобхона бо дастгирии соҳибкорон бунёд гардида, ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон бо дастгирии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон боз як китобхонаи замонавии дигар бо тамоми шароити муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта ба истифода дода шуд.  

Аз ҷумлаи дигар инфрасохтори фарҳангие, ки барои рушди фарҳанг ва фазои маънавии сокинони ноҳия мусоидат мекунад, “Амфитеатр” мебошад, ки он  аз ҷониби соҳибкор Юсупов Саймомин, дар ҳудуди 2200 метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Он дар ибтидои фаъолият шахсӣ буда, соли 2019 бо ташаббус ва дастури Пешвои муаззами миллат ба тавозуни Мактаби варзишии ноҳия шомил карда  шуд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳам ҳолати “Амфитеатр” ва ҳам фаъолияти он чандон хуб нест.  Дар атрофи амфитеар биноҳои маишӣ ва маконҳои фароғатӣ аз қабили ҳаммоми замонавӣ ва 5 атраксионҳо мавҷуд аст, ки атраксионҳо валангор буда, дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Бояд гуфт, ки майдони амфитеатр ва бинои идориву маъмурии он таъмирталаб мебошанд, чунки курсиҳои он дар шиддати гармои офтоб сӯхта, аз сақфи бинои идорияш об мечакад.   

Дар тарафи рости “Амфитеатр” бошад, ду майдончаи  варзишӣ дар истифода буда, бо вуҷуди ҷорӣ гардидани дарёчаи Оби мазор аз шафати амфитеатр дар он об мавҷуд нест, то атрофи сӯхтаи он сарсабзу хуррам гардонида шавад.  Ба қавли директори ин муассисаи фарҳангӣ Нуралӣ Юсупов амфитеатр 835 ҷойи нишаст дошта, курсиҳо аз гармии офтоб фарсуда гаштаанд. Бинои “Амфитеатр” хурд буда, дар рӯзҳои боронӣ мечакад. Қувваи корӣ низ намерасад.   

Бо вуҷуди нуқсону камбудиҳои ҷойдошта муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ховалинг дар замони соҳибистиқлолӣ рӯ ба рушд ниҳода, рӯз то рӯз таваҷҷуҳи мардуми маҳал ба онҳо бештар мегардад. Агар барои аз байн бурдани баъзе камбудиҳову норасоиҳои мавҷуда ва боз ҳам беҳтар гардонидани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ талош ба харҷ дода шавад, фаъолияти онҳо хубтару беҳтар мегардад. Дар ин самт барои тайёр намудани мутахассисону кормандони таҷрибанок, таъмиру тармими биноҳои мавҷуда, муҷаҳҳаз сохтани онҳо бо технологияи замони муосир, аз қабили компютеру принтер, сканеру дастгоҳҳои аккосиву наворбардорӣ, инчунин баланд бардоштани маоши кормандон бояд иқдомҳои ҷиддӣ андешида шаванд. Дар он сурат метавон фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияро, ки тарғибгари сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд, боз ҳам тақвият бахшид.

Ш. Абдуллоев,

 и.в. мудири шуъбаи фаъолияти

иҷтимоӣ-фарҳангӣ     

 

барчасп: