Чанд рӯз аст, ки дар пойтахти кишвар, дар маркази шаҳри Душанбе фазои фарҳангӣ ва дӯстиву ҳамгироӣ тантана дорад. Ба вуҷудойии чунин фазои фараҳбахш аз он сабаб аст, ки аз 16 то 18-уми октябри соли ҷорӣ рӯзҳои фарҳангии Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Ҳақиқати раднопазир аст, ки қабл аз замони соҳибистиқлолӣ ва оғози мустақиллият фикри чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва робитаҳои гуногуни дипломатӣ, аз ҷумла фарҳангӣ, дар андешаи нафаре аз ин миллат давр намехӯрд. Агар ин андеша дар он айём ба тафаккури нафаре роҳ ёфта бошад, Ӯ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз овони давлатдории навини тоҷикон фарҳангро асоси сиёсати хеш қарор дод ва онро дар муддати начандон тӯлонӣ ба авҷи қуллаҳои баланд расонид. Ҳамзамон шарофату фазилати неъмати бебаҳо-истиқлолият аст, ки имрӯз мо шоҳиди ингуна фазои дӯстӣ ва робитаҳои башарӣ мегардем. Аз чунин чорабиниҳо мушоҳида мегардад, ки макони тарсу ҳарос, ноамниву нобоварӣ ва кинаву адоватро осудаҳолӣ ва дӯстиву рафоқати инсонӣ касб кардааст.
Нахуст мо дар ин чорабинии сатҳи олӣ шоҳиди рақси махсусе гардидем, ки барои диди дақиқбин аз аҳамият холӣ нест. Ба ин намуди рақс “Ал-Арза” ва “Ал-Аскарӣ” (ҳарбӣ) мегӯянд, ки баъд аз нисфирӯзии рӯзи ҷумъа дар маконҳои муайяни шаҳри Давҳаи пойтахти Қатар баргузор карда мешавад ва дар кишвари мо низ онро намоиш доданд. Дар иҷрои ин рақс мардон ду сафи калон меороянд ва гурӯҳи дигар бо асбобҳои мусиқӣ аз қабили доираҳои бузургҳаҷм ва таблакҳои калону миёна, ки бо чубҳо навохта мешаванд, сурат мегирад. Ҳамзамон нафаре дар даст шамшер бардошта, атрофи раққосон давр мезанад ва эшонро ба музаффарият ташвиқ мекунад. Нафари дигар нақши роҳнамову тарғибгарро бозида, бо шеърҳои ташвиқотӣ ва шиорҳои махсус ҷор мекашад, лашкариёнро ба ҳаяҷон меорад ва ӯро ҳамаи афрод ҳамовоз мегарданд. Дарвоқеъ иҷрои рақси миллӣ ва хоси онҳо таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Аз мушоҳидаҳо дида шуд, ки фарҳанги мардуми Қатар низ куҳан ва таърихи бою раннгин дошта, ба фарҳанги дигар кишварҳои қораи Арабистон монандӣ ва умумият дорад. Санъати мусиқии он дар пояи баланд буда, тамоми сурудаҳояшон дар асоси маъниву мафҳум ва ҳадафи муайяне сароида мешавад, ки ба бинандаву шунаванда бетаъсир намемонад.
Аз суҳбатҳое, ки дар рӯзҳои фарҳангӣ бо чандин нафаре аз меҳмонони олиқадр доир намудем, дарк гардид, ки сарзамини зебоманзари мо, кӯҳҳои осмонбӯс, сарсабзии диёр, наҳрҳову чашмаҳои мусаффо ва ҳукмронии чор фасл дар як ону як қитъаи замин таваҷҷуҳи сокинони кишварҳои гуногунро ба худ ҷалб мекунад. Махусусан кишваҳоеро, ки заминашон батамом дашти ҳамвору паҳновар ва регзор буда, оби ошомиданӣ, ки дар Ватани мо қариб ройгон аст, шайъи нодиру қимат ва арзиши ниҳоят баланд дорад. Мушоҳидаи табиати сарзабзу зебо, кишвари кӯҳсорону марғзорон нахуст таваҷҷуҳи онҳоро ба ғизоҳои табиӣ ва аз нигоҳи экологӣ тоза бештар ҷалб месозад, ки асали табии ин диёр дар саргаҳ меистад. Ҷавонзани қатарӣ, ки яке аз ширкатҳои сайёҳии Қатарро намояндагӣ дошт ва гӯшаеро бо буклету варақаҳои маълумотӣ ишғол менамуд, дар сӯҳбат бо мо аз ин хусус пурсид. Ҳақиқати ҳолро, бидуни муболиға ба эшон расонидем ва сифати олии асали кӯҳистони Тоҷикистонро бозгӯ намудем. Ӯ хостори он буд, ки миқдоре аз асали табии диёри моро бо худ бубарад. Таваҷҷуҳи нафари дигарро либоси миллии тоҷикӣ-чакан ба худ ҷалб кардааст, ки мегуфт, мо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе занонеро дидем, ки бар тан либоси аҷибу ғайриоддӣ доштанд, он чигуна либос аст, дар борааш фаҳмидан ва бо худ бурдан мехоҳем. Мо дар бораи либоси маъруфи миллиямон-чакан, ки дар бештари кишварҳои олам маъруф аст, ба онҳо маълумоти зарурӣ расонидем ва макони фурӯши ин навъи куртаҳоро нишон додем.
Гачкориҳое, ки дар маърази омма мустақиман аз ҷониби ҳунармандони чирадасти қатарӣ амалӣ мегардиданд, девораҳои мунаққаши куҳантаърихи кишвари Қатарро инъикос менамуданд ва ба нақшҳои биноҳои азими таърихии мо низ шабоҳат доштанд, ки ин аз алоқаву пайвастагӣ ва умумияти ҳаёти муштараки башар далолат мекард. Дар тоблуҳо биноҳои ороишёфта бо чунин нақшу нигори хоса ба намоиш гузошта шудаву чигуна офаридани он нақшҳо дар амал нишон дода мешуд. Халифа ҷавони дигар, ки дар ҳайъати аҳли санъату фарҳанги ин кишвари арабӣ шомил буд, аз омадан ба Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ мекард. Ҷавони мутамаддин ва равшанфикр вонамуд мегардид, ки бештар дар мавриди оромиву осудагӣ ва озодии Тоҷикистон сухан мегуфт ва аз ин изҳори қаноатмандӣ мекард. Аз мушоҳидаи мардуми озоду осуда ва соҳибҳуқуқи кишваре, ки гузаштаи пурмоҷарои начандон дурро аз сар гузаронгидааст, ба фарҳанги сулҳофариву башардӯстии фарзандони фарзонаи он аҳсан мегуфт. Муносибату муомилаи самимии зани дигар бо занону духтарони тоҷик, ки ба дастони онҳо бо шираи ҳино, ки ин гиёҳи ороишӣ ва фоидабахш дар кишвари мо аз қадим маъмул аст, наққошӣ мекард ва асарҳои офаридаашро дар шакли гул нақш меандохт, сиёсати дарҳои боз ва башардӯстонаи Пешвои муаззами миллатро бори дигар пеши назар меовард.
Умуман аз иштирок дар чунин чорабинии таъсирбахш таассурот ва бардоштҳои зиёд ҳосил намудем, ки боиси ташаккур аст. Маврид ба зикр аст, ки баргузории рӯзҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону кишварҳои дигари сайёра падидаи хуби башардӯстонаву инсонгароёна буда, дар табодулу таоруф ва муаррифии фарҳангҳо нақши бориз доранд. Ҳамзамон бо ин васила соҳаи сайёҳии кишвар ҳарчи бештар рушд меёбад, ки аз як ҷониб боиси муаррифии фарҳанг гардад, аз ҷониби дигар ба иқтисоди кишвар таъсири мусбат мерасонад.
Қадриддин Исоев
ходими пешбари илмии
шуъбаи фаъолияти
иҷтимоӣ-фарҳангӣ