Қонуне, ки мушкилоти садсолаҳоро осон намуд

Дар ҳошияи Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ кормандони Вазорати фарҳанг ба мақсади тарғибу ташвиқи моҳияту муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” ва баргузории чорабинӣ рӯзҳои 1-ум ва 2-юми октябри соли равон  ба шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон ба сафари хидматӣ фиристода шуданд, ки муҳтавои баромади онҳоро оид ба қонуни танзим пешкаши хонандагон мегардонем. 

Ҳанӯз 8-уми июни соли 2007 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид ва роҳи ҳали мушкилоти садсолаҳои на танҳо мардуми тоҷик, балки тамоми мардуми ҳамҷаворамонро, ки дар асоси таассубу тақолид ва хурофот, пайдо шуда, маншаи динӣ надоштанд, нишон дод. Аз ин ҷост, ки кишварҳои ҳамҷаворамон дар садади қабули чунин қонунанд. Мавриди зикр аст, ки ба қонуни мазкур то имрӯз шаш маротиба (16-уми июни соли 2008, 21-уми июли соли 2010, 30-юми майи соли 2017, 28-уми августи соли 2017, 25-уми июни соли 2021 ва 20-уми июни соли 2024) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Дар ин муддат маросими диниву мардумӣ ба танзим даромад ва пеши роҳи хурофоту таассуб ва худнамоиву зоҳирпарастӣ, ки садсолаҳо бори гарони мардум буданд, гирифта шуд. Аз баракати татбиқи қонуни мазкур сатҳи иқтисодиву иҷтимоии сокинони кишвар баланд шуд ва дар беҳтару хубтар гаштани зиндагӣ ва таваҷҷуҳи волидон ба таълиму тарбияи фарзандон тағйироти назаррас ба амал омад. Қобили зикр аст, тибқи маълумоти расмӣ то қабули қонуни мазкур аниқтараш соли 2006 шаҳрвандони кишвар барои баргузории маъракаҳои домодию арӯсӣ, маросими азодорӣ, хатна, зодрӯз,ҳаҷ ва дигар ҷашнвораҳо зиёда аз 4 миллиард сомонӣ харҷ намудаанд. Бо татбиқи ин қонуни миллӣ ва таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сатҳи баланди маърифатнокии сокинони кишвар ин рақам дар соли 2023 қариб қариб 521 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2006-ум бештар аз 7 баробар коҳиш ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми июни соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки онро Парламенти кишвар дар  таҳрири нав қабул карда буд, ба имзо расонд.

Дар таҳрири нав қабул гардидани  қонуни мазкур аз талаботи сархати сеюми моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар он омадааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Ҳамзамон, зимни таҳияи  қонун таклифу пешниҳоди вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон ба инобат гирифта шудааст. 

Қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Пеш аз ҳама, номи қонун иваз гардида, калимаи «анъана» аз  ном ва тамоми матни қонун хориҷ карда шуд. Қонуни қаблӣ аз 5 боб, 16 модда ва Қонуни дар таҳрири нав қабулгардида аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад.

Қабл аз он, ки ибораи ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллиро шарҳу эзоҳ диҳем, ҳамон нуктаи назари Пешвои миллатро ба хотир меорем: “Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки “Шашмақом”, “Фалак”, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд”.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сармояҳои бузурги таърихию фарҳангӣ ва бо ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва дорои таърихи бостонӣ эътироф гардид. Тайи ин солҳо ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО «Шашмақом» (соли сабт 2008, муштарак бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавии тоҷикон” (2016),  «Наврӯз» (2016) аз ҷониби 12 кишвар, «Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018), мусиқии суннатии «Фалак» (2021), «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим барои матоъбофӣ» (2022,) сабт гардиданд.

31 июли соли  2010 Саразм ҳамчун Маркази ташаккули фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд. Ҳамчунин, соли 2013 Боғи миллии Тоҷикистон ҳамчун мероси табиӣ дар Феҳристи  мероси ҷаҳонӣ сабт гардид.  20 сентябри соли 2023  ёдгории табиии “Бешаи Палангон” низ ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. 

Пешвои миллат дар Паём зикр карданд, ки «соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.»

Мавриди зикр аст, ки соли 2023 се  номинатсия: “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас”, “Ҷашни Сада” (муштарак бо Эрон) ва “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ” (муштарак)  қабул гардид.

24-уми майи соли 2022 бо қарори ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО  “Куллиёт”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Қаблан “Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ ва “Девон”-и Убайди Зоконӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида буданд.

Дар саромади қонуни мазкур баъд аз ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб омадааст. Пеш аз ҳама, мо бояд бидонем, ки таассуб чист ва хурофот аз куҷо сарчашма мегирад?

Таассуб дар фарҳанги форсии «Амид» ба маънии ҷонибдорӣ кардан, ҳамчунин, дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» тарафдории кӯр –кӯрона, мутаассибӣ ва хурофотпарастӣ низ омадааст. Ба ибораи дигар таассуб ба маънои эътиқод ва бовари шадид ва ғайри мантиқӣ нисбат ба як чиз аст, ҳатто агар он чиз иштибоҳ ва нодуруст бошад. Яъне таассуб қабул накардани ҳақ ҳангоми зоҳир шудани далели ҳақ буда,  он дорои анвоъи гуногун, аз ҷумла нажодӣ, миллӣ маҳаллӣ қавмӣ, лисонӣ, динӣ мазҳабӣ  ва ғайра мебошад. Таассуб дар раъйро чунин тавсиф кардаанд: таассуб назареро бидуни интихоб кардани вақти кофӣ барои таҳқиқи он ва бидуни эътибори он ки  он назар мунсифона мебошад ё не  ихтиёр кардан аст. Он раъйи интихобшуда мусбат аст ё манфӣ. Вале аз он бидуни эътибори далелҳои дастрасбуда тақлид карда мешавад. Масдару маншаи чунин таассубҳо қалби инсонҳост, майлу рағбати манфиатҳо, кибру ғурур, таъсири муҳиту забон, мафтун шудан ба илму раъйи худ мебошад. Таассуб худ як мусибатест, ки баъзан бузургонро ба тасарруф ва фикру назари хато расондааст ва таъсири он хатоҳо то замони мо расидааст. Аз замони офариниш то имрӯз одамон ҳазорон маротиб аз тариқи таассубҳои нажодӣ, миллӣ динӣ ва ғайра дар муқобили ҳамдигар баромада, хуни миллионҳо нафар дар чунин ҷангҳо ва адоватҳои таассубӣ рехта шудааст. Бинобар ин дини мубини ислом тамоми анвои таассубро ҳалоксозанда ва ҳаром эълон кардааст. Ислом ҳамеша зидди таассуб аст ва ҳамеша ба пайравонаш таъкид мекунад, ки дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва худопарастӣ бояд зиндагӣ намоянд.

Навъи дигари эътиқод, ки дар қалби инсонҳо пайдо мешавад ва онҳоро аз роҳи мустақим мунҳариф месозад, ин хурофот аст. Хурофот ҷамъи вожаи арабии хурофа ба маънии эътиқоди ғайримантиқӣ ва собитнашуда ва ғайривоқеъӣ мебошад. Худи калимаи хурофот, чуноне ки дар «Ғиёс - ул - луғот» оварда шудааст, аз Хурофа ном як марди араб гирифта шудааст. Ӯ гуё ба париён ошиқ шуда буд ва суханҳое мегуфт, қи мардум ба онҳо бовар намекард. Аз ин рӯ, минбаъд ҳар касе сухани беҳуда ва бемаъно мегуфт, ӯро ба ҳамон нисбат дода, мегуфтанд, ки хурофот мегӯяд. Он батадриҷ дар байни мардуми мо низ паҳн шуд.

Хурофот бидуни маншаи динист. Он ба оятҳои Қуръон, аҳодиси набавӣ, хусусан аҳли суннат мутобиқат ва мувофиқат надорад. Яке аз шаклҳои хурофот ин сеҳру ҷодугарист, ки зуҳуроти  он дар байни мардуми мо дида мешавад. Қонунгузорӣ нисбат ба онҳое, ки ба ин амал даст мезананд, муҷозот таин кардааст. Бо вуҷуди  ин иддае ба фолбинию ҷодугарӣ машғуланд ва мардумро ба доми фиреб мекашанд. Ҳол он ки ягон фолбин ва ё соҳир ба дарди касе намехӯрад. Агар молу колои онҳо дуздида шавад ё ба ягон мусибате дучор оянд, ҳамон мушкилоти худро ҳал карда наметавонанд.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                         

Ҳамчунин, дар саромади қонуни мазкур омадааст, ки он ба баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки мардум, бахусус мардуми камбағалу камбизоат ҳанӯз садсолаҳо  аз маросиму тақлид ва одоти зиёновару миёншикан чун хатнасур ва маросими дигари вобаста ба он, аз ҷумла, маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирон, ақиқа, ҳамчунин тӯйи домодию арӯсӣ ва маъракаҳои мутааллиқ ба он чун фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ вобаста, инчунин, дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, оши сари тахта, се,  душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, чил, шашмоҳагӣ, сол зиён медиданду азият мекашиданд. Ҳокимони вақт, муфтию қозӣ, муллову эшон ва бою амлокдорон барпо кардани чунин маъракаҳои сермасрафро маҷбуран ба гардани мардуми камбизоат дайн мекарданд.  Бахусус, дар замони ҳукмронии амирони манғит кор то ба дараҷае расид, ки мардум замин ва ҳатто хонаву ҷояшро фурӯхта, маъракаашро мегузаронд ва тадриҷан ба ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагон мубаддал мегардид. Дар ин бора устод Садриддин Айнӣ  дар китоби хеш “Таҳзиб-ус-сибён” заминфурӯшонро чунин ҳушдор медиҳад:

Ин хоки сияҳ, ки мушкбез аст,

Мафрӯш, ки модапри азиз аст

Мафрӯш замин, ки хор гардӣ,

Берӯзию бемадор гардӣ.

Агар фаротар ба умқи таърих назар афканем, шоҳиди он хоҳем шуд, ки тӯли асрҳо мардум аз чунин маросиму тақолиди таассубангези эҷодкардаи хеш ранҷу азият мекашанд ва онҳоро ба ғуломию бандагӣ ва оворагию гадоӣ ва ниҳоят ба марг мерасонад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо ситеза мегӯяд:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

Шайх Саъдии Шерозӣ дар мазаммати исрофкорон ва ё онҳое, ки хароҷоти эшон, аз даромадашон бештар аст, мегӯяд:

Бар он кадхудо зор бояд гирист,

Ки дахлаш бувад нуздаҳу харҷ бист.

Зиёдаравии аз ҳад зиёдро дар ҳар чизе, ки бошад исроф меноманд. Исроф дар муқобили эътидол, меъёр ва миёнаравӣ аст. Дар Қуръон дар ояти 31 сураи Аъроф оид ба исрофкорӣ омадааст:

Бихӯред ва биошомед, вале исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад. Дар байни мардум низ мафҳуми “Исроф ҳаром аст”хеле маъмул аст.

 Аз ин рӯ ба банди 2 моддаи 9 қонуни мазкур иловаи зерин қабул  гардид. ки дар он омадааст: Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст.

Дар маросими ҳаҷ ва умра (Моддаи 13) бандҳои 2 ва 3 бо иловаҳои зерин қабул гардид: Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ, пулҳоро анҷом диҳанд.

Ба Қонун салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим бо талаботи иловагӣ ворид гардид.

Ҷашни зодрӯз дар доираи талаботи амалкунанда, яъне ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Хатнасур бошад, ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешаванд.

Тӯйи домодию арусӣ бо гузаронидани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар гардидааст.

Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.  Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дафну азодорӣ, забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин, додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст.

Мавриди зикр аст, ки Ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим чунин тағйирот ворид карда шуд. 

1. Барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тӯйи домодию арусӣ ва маросими азодорӣ, инчунин, пошидан ва часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо, - ба андозаи даҳ нишондиҳанда (720 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.

2. Барои гузарондани маъракаҳои манъшуда, вайрон намудани тартиби гузаронидани маъракаи зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду бист (8640 сомонӣ) ва ба шахсони мансабдор ба андозаи сесаду панҷоҳ (25200 сомонӣ)  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.

3. Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба гузарондани тӯйи домодию арусӣ, аз ҷумла риоя накардани шумораи даъватшудагон, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи дусаду бист (15840 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ (39600 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.

4. Барои вайрон кардани қоидаи тӯйи домодию арусӣ, теъдоди меҳмонҳо, вақти баргузории тӯю маъракаҳо, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад (21600 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору панҷсад (108000 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.

5. Барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра  (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, оши ҳоҷӣ, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳои ба хотири ҳаҷ ва умра, -  ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад (21600 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад (57600 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.

Бояд таъкид кард, ки надонистани қонун ва хилофи он амал кардан касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Бинобар ҳамин талаботи қонуни мазкур бояд аз тарафи шаҳрвандон  риоя гардад.

                                                           Шаҳрбону Маллаева, сардори шуъбаи

                             ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи   Вазорати фарҳанг

Мунаввар Сафаров, корманди Пажӯҳишгоҳи

илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот  

 

 

барчасп: