Осорхонаҳои маҳаллӣ-тарғибгари фарҳанги бумӣ

Сафари навбатии мо баҳри омӯзиши муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ки аз 23-уми сентябр то 2-уми октябри соли ҷорӣ сурат гирифт, осорхонаҳо низ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар раванди корҳои пажуҳишӣ ва ҷамъоварии маводи илмӣ, аз фурсати муносиб истифода бурда, бо директори «Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ», муҳаққиқи барҷастаи осорхонашиносӣ ва кишваршиносӣ Амирхон Саидзода доир ба вазъи кунунии осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг ва дигар мушкилоту масъалаҳои осорхонаву осорхонашиносӣ мусоҳиба анҷом додем. Маврид ба зикр аст, ки Амирхон Саидзода дар ҷабҳаҳои гуногуни илму фарҳанг фаъолияти густурда дошта, ба унвонҳои физик, таърихнигор, рӯзноманигор, публитсит, кишваршинос, осорхонашинос ва ғайра ёд мешавад. Номбурда тӯли зиёда аз 42 сол дар соҳаи осорхонаву осорхонашиносӣ фаъолият намуда, аз соли 2008 роҳбари «Осорхонаи таърихӣ кишваршиносӣ» мебошад. Саидзода муаллифи 1000 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 52 китоб мебошад. Инак фишурдаи суҳбати эшонро манзури хонанда мегардонем.  

Муҳтарам Амирхон Саидзода, гуфта метавонед, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ то кадом андоза осорхонаҳои куҳандиёри Ховалинг  таҳаввул ва тараққӣ намуд?

Ба ҳамагон маълум аст, ки истиқлолият ба тамоми соҳаҳои кишвар таъсири ҳамаҷонибаи мусбӣ расонид ва тараққиёти назаррасро ба вуҷуд овард, ки соҳаи фарҳанг, аз ҷумла осорхонаву осорхонашиносӣ низ аз он тараққиёт бебаҳра намонд. Бо дастуру супоришҳо ва ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлол осорхонаҳои зиёд бунёд ва азнавсозиву таъмиру тармим гардиданд, ки аз тараққии ин соҳаи фарҳанги кишвар шаҳодат медиҳад. Агар дар ноҳияи Ховалинг аз замони Шӯравӣ ду осорхона аз қабили «Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» ва «Осорхонаи ба номи Восеъ», бо шумули мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ мерос монда бошад, аммо имрӯз адади он ба 6 то мерасад, ки маҳсули замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Дар даврони истиқлолият бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар биноҳои наву замонавӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла соли 2005 «Китобхона осорхонаи Ҳабибулло Файзулло», соли 2019 осорхонаи Восеъ, соли 2021 хона музейи ба номи Устод Ҷӯрабек назрӣ, соли 2023 бинои наву замонавии «Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ» ва осорхона ҳунаристони Усто Ғулом Қодиров бо тарҳи муосир сохта ба истифода дода шуданд, ки ҳама маҳсули замони истиқлол мебошанд. Бояд гуфт ки ҳар яке аз осорхонаҳои мазкур бо вуҷуди камбудиҳо доираи фаъолияти васеъ дошта, дар даврони шукуфоӣ фондҳои худро беш аз пеш бою ғанӣ гардонидаанд. Гузашта аз ин дар даврони истиқлолияти кишвар бисёре аз ёдгориҳо ва нигораҳои таърихӣ пайдо гардида, дар осорхонаҳои ноҳия ҷой дода шуда ҳифз гардиданд, ки ин ҳама аз тараққӣ ва таҳаввули соҳаи осорхона дар замони истиқлол далолат мекунанд.

Таваҷҷуҳи мардуми маҳал ба осорхона чигуна аст?

Хушбахтона вақтҳои охир мардуми кишвар аз ҷумла ноҳияи Ховалинг ба осорхонаҳо таваҷҷуҳи зиёд доранд. Бо шарофати тараққии илму маърифат ва рушди воситаҳои электронӣ маълумоти шаҳрвандон аз хурд то бузург, рӯз то рӯз бештар мегардад ва ин барои дарку шинохти аҳамият ва зарурати осорхона ҳамчун пойгоҳи худшиносиву худогоҳӣ кумак мерасонад. Калонсолон, ҷавонон, мактаббачагон ва хусусан хориҷиён ба осорхонаҳои ноҳия аз ҷумла ба осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ зиёд меоянд. Тибқи омори расмӣ гуфта метавонем, ки дар нуҳ моҳи соли 2024 зиёда аз 5600 нафар, ки 3100 нафари онҳоро ҷавонону кудакон ташкил медиҳанд, аз «Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» дидан намудаанд, ки гувоҳи гуфтаҳои мо мебошад. Зиёда аз ду ҳазор нафари он кудакону наврасон, ҷавонону калонсолон ва мактаббачагони худи ноҳияи Ховалинг мебошанд, ки он нишонаи таваҷҷуҳи мардуми маҳал ба осорхона мебошад.  

Бо кадом роҳҳо метавон аҳамияти осорхонаро ба мардум фаҳмонид ва эшонро ба ин боргоҳи худшиносӣ ҷалб намуд? 

Пеш аз ҳама ҷавононро бояд дар самти осорхонаву осорхонашиносӣ тарбия намуд. Аз ҷумла донистани воситаҳои электронӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ дар ин самт нақши асосӣ доранд. Ҳамзамон инноватсия ва ё худ навоварӣ дар ин соҳа муҳим мебошад.  Дигар ин ки бояд аз раиси ноҳия шурӯъ гардида то коркуни поёнии ҳукумати маҳал ва дигар мақомоти маҳаллӣ ҳамчун намунаи дигарон аз осорхонаҳо дидан намоянд, доимо ба осорхона, ки таърихи гузаштаи миллатро намо медиҳад, пайвастагии доимӣ дошта бошанд ва бо ин амали хеш мардумро ба осорхонаҳо алоқаманд созанд.  Ин амали мақомдорони маҳл барои ҷалби мардум ба осорхона нақши асосӣ дорад. Омили дигар ин аст, ки осорхонаҳои маҳал бояд ба технологияи замони муосир муҷаҳҳаз гардонида шаванд, аз қабили комппютер, принтер, сканер, дастгоҳи аккосиву наворбардорӣ ва бо дигар воситаҳои техникӣ таъмин гардаднд. Фарз кардем мо бо ягон воситаи техникӣ таъмин нестем, компютер, принтер, сканер, дастгоҳи аксбардорӣ надорем. Барои чоп ва нусхабардории як саҳифа ба дигар корхонаҳо муроҷиат менамоем. Мо даҳҳо бор тариқи мактубҳои расмӣ  ба ҳукумати маҳаллӣ ва Вазорати фарҳанг муроҷиат намудем, мутаассифона ҳаракатамон натиҷа надод.

Шумо ҳамчун корманди собиқадори нашрияи маҳаллии «Ҳақиқати Ховалинг», нақши онро дар тарғиби фарҳанг ва рушди осорхонаҳои маҳал то кадом андоза муҳим арзёбӣ менамоед?

Матбуоти маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои пайдоиши худ, ки умраш қариб ба сад солагӣ мерасад, дар соҳаҳои гуногуни музофоту маҳалҳои кишвар нақши муҳимро иҷро кардааст. Аз ҷумла тарғибу ташвиқи фарҳанги бумӣ яке аз рисолатҳои нашрияи маҳаллӣ ба шумор меравад. Гарчанде ин навъи матбуоти даврӣ замони гулгулшукуфии худро гузаронидааст, аммо то ба ҳол тарғибгари сиёсати кишвар ва фарҳанги маҳал боқӣ мемонад. Гуфта метавонем, ки мавзъу масъалаи осорхонаҳои ноҳия дар доираи мавзуоти нашрияи «Ҳақиқати Ховалинг» ҳамеша ҷой доранд. Нашрия бо мо ҳамкории зич ва доимӣ дорад, ҳамеша аз раванди вуруду хуруҷи  сайёҳони дохиливу хориҷӣ хабару гузоришҳо ба табъ мерасонад. Ҳамзамон мақолаҳои илмиву оммавии кормандони осорхонаро, ки вобаста ба фаъолият ва таъриху ташаккули осорхонашиносӣ таълиф мегарданд, нашр мекунад. Умуман нашрияи мазкур дар рушду тараққии «Осорхонаи таърихӣ кишваршиносӣ» нақши арзанда дорад.

Осорхона дар ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ то кадом андоза нақш мебозад?

Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои асосӣ дар самти ҳифзу нигоҳдории  ёдгориҳои таърихӣ осорхона мебошад. Чунонки мо  чандин ёдгориҳои таърихиро, ки қариб ба нестӣ мерафтанд ва аз гушаи хаёл фаромӯш мешуданд, оварда дар «Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» ҷой додем.  Дар ошёнаи якуми бинои осорхона, ки доираи бостоншиносиро дар бар мегирад, зиёда аз се ҳазор нигораро ҷой додаем. Аз ҷумла доир ба шаҳри Мунки бостонӣ, ки асрҳои 9 ва 12- ро дар бар мегирад, зиёда аз 60 ёдгории таърихиро ҷой додаем. Дар ин самт кумаку дастгирии мардуми маҳал низ лозим аст, агар ҳар як шаҳрванд худро масъул ҳисобида ёдгории пайдокардаашро ба осрхона биёрад, бозҳам фонди он ғанитар мегардад ва ёдгории дигаре ҳифз мешавад. Вақте як ёдгории таърихии нав рӯ мезанад, бояд онро ба таври илмӣ аз нестшавӣ нигоҳ дорем. Асосан осрхонаи мо дар ҳамин замина, яъне зоеъ гардидани ёдгориҳои таърихӣ ба вуҷуд омад ва ин омил боиси заминаи ташкилшавии он гардид. Вақте мо дидем, ки бисёри нигораҳо аз байн мераванд, оҷилан ба масъулин пешниҳод намудем, ки бояд барои ҳифзи осори таърихи гузаштагони миллат осорхона таъсис ёбад ва онҳо дастгирӣ намуданд, ки ин осорхона ба вуҷуд омад ва то имрӯз он дар самти ҳифзу нигоҳдории нигораҳои таърихӣ нақши муҳим бозидааст ва мебозад. Ба зоирони осорхона ҳамеша таъкид менамоем, ки ин моли мову шумо ва гузаштагони мо аст. Аз ин хотир дар ҳар кунҷу канори шаҳру навоҳии ин диёри куҳан вақте як ёдгорӣ пайдо мекнуед ҳатман ба осорхона тақдим намоед, чунки омили ҳифзу нигоҳдории он танҳо осорхона метавонад бошад.

Осорхона дар ҳаёти фард чӣ нақш дорад?

          Нақш ва таъсири осорхона дар ҳаёти инсоният дар он зоҳир мегардад, ки он зиндагии дури  гузаштагонро инъикос мекунад ва насли имрӯзиро ба худшиносӣ ва худогоҳӣ вомедорад. Агар аз ҷониби дигар осорхонаро як маркази илмиву таълимии бузургҳам гӯем хато намешавад. Ин нақши муҳимро осорхона дар он сурат метавонад иҷро намояд, ки ба таври хронологӣ замонҳои қадимро масалан аз асри санг, полеолити поён, полеолити боло, мезолит, асри биринҷ ва ғайра дар бар гирад ва тамоми нигораҳо дар он маҳфуз нигоҳ дошта шаванд. Ба таври илмӣ экспазитсияҳои осорхона асоснок карда шаванд.

Чунонки ба мо маълум аст, дар дунё навъҳои гуногуни осорхонаҳо фаъолият менамоянд ва донишмандон адади онҳоро аз 32 бештар гуфтаанд, ки аз ҷумла осорхонаи кӯдакона мебошад. Чаро то ба ҳол дар кишвари мо осорхонаи кӯдакона нест?

  Мо ҳоло ба он дараҷа нарасидем. Аммо хушбахтона осорхонаҳои мо аз ибтидои таъсис нақши тарбияи кӯдакро иҷро кардаанд ва дар самти тарбияи насли наврас нақши муҳим бозидаанд. Барои он ки осорхонаҳои мо дар таълиму тарбияи насли наврас таъсири назаррас гузошта тавонанд, бояд мутахассисон ва роҳбаладони таҷрибанок, ки аз илми педагогикаву психология  огаҳии хуб доранд, вазифадор карда шаванд. Мутаассифона имрӯз дар бисёр осорхонаҳо ҷавонони тасодуфиро ба кор қабул менамоянд, ки аслан аз гузашта огаҳӣ надоранд ва нигораҳоро ба таври дуруст муаррифӣ карда наметавонанд. Вақте ба таври гурӯҳӣ кӯдакон аз осорхона боздид менамоянд, қобилияти ба таври пурра фаро гирифтани як осорхонаи калонро надоранд. Роҳбалад бояд хасташавии кӯдакро ҳис намояд ва лаҳзаи муайяне барои фароғат ҷудо намуда, бо тариқи сода, мисолҳои кудакона ва қироати порчаҳои шеърӣ онҳоро фаҳмондадиҳӣ намояд, то асаре дар майнаи кӯдак ҷой гирад. Яъне аҳли илмро ба таври илмӣ, оммаро ба таври умумӣ ва кӯдаконро ба тарзи кӯдакона бояд фаҳмонид, ки ин ҳама вазифаи роҳбалади таҷрибанок мебошад. То пайдо гардидани осорхонаҳои кӯдакона дар кишвари мо аз ин роҳҳо бояд истифода барем. Сухани умумӣ таъсир намерасонад, бояд роҳбалад таърих, педагогикаи осорхона ва психологияиро пурра донад. Аз осори асрҳои қадимӣ бояд саҳначаҳо ташкил намояд, ки он барои насли наврас аҳамияти муҳими таълимиву тарбиявӣ дорад.  

Оё дар ин самт боз камбудиҳои дигар ҷой доранд?

Албатта бо вуҷуди ин пешравиҳо наметавон баъзе камбудиҳоро сарфи назар кард, ки зикру баррасӣ ва ҳалли онҳо бешак боиси тараққии осорхонаҳо хоҳанд гардид. Аз ҷумла аксарияти биноҳое, ки бо ҳашамат ва ҳозиразамон сохта шудаанд, дар онҳо гармиву хунукӣ, намиву рушноӣ ва дигар паҳлуҳои физикӣ ба назар гирифта нашудаанд, ки дар самти мушоҳидаву омӯзишу азхудкунии осори ҷойгиршуда нақши асосӣ доранд. Ин буд, ки Пешвои муаззами миллат ҳангоми ба истифода додани бинои нави «Осорхонаи таърихӣ кишваршиносӣ» дар ноҳияи Ховалинг баъзе нуқсонҳоро дида, дастурҳои муфид доданд. Аз ҷумла ранги дохилии бинои осорхонаро эроди бамаврид гирифтанд ва супориш доданд, ранги сафеди онро, ки рушноии он навиштаҷоти муҳими дигарро дар чашм ноаён месозад, ҳатман дигар кунанд. Чуноне шумо мебинед пас аз супориши сарвари давлат ранги онро ба ранги сабз табдил додем, ки ба мақсад мувофиқ аст. Зикр ба маврид аст, ки дар ин осорхона 4100 нигора ҷой дода шудааст ва масоҳати бино, ки 288 метри квадратиро ташкил медиҳад, барои ҷо баҷо гузории  ин теъдоди зиёди нигораҳо ҷавобгӯй нест. Аз нигоҳи илми осорхонашиносӣ миёни ҳар як нигора фосилаи дуртар бояд бошад, аммо аз сабаби камбуди ҷой чунонки шумо мебинед онҳоро ба шакли зичтар ҷой намудем.  Ҳукумати маҳаллӣ ба мо ваъда дод, ки дар ояндаи начандон дур бинои осорхонаро бозҳам тавсеа мебахшад. Чунин вазъ дар дигар оосорхонаҳои Вилоят низ мавҷуд аст.

Барои рушду тараққиёт ва беҳбуди фаъолияти осорхонаҳо кадом омилҳоро пешниҳод менамоед?

  1. Биноҳои осорхонаҳо ҷавобгӯ ба талаботи осорхонашиносӣ бунёд карда шаванд;
  2. Воситаҳои техникии ҳозиразамон таъмин карда шуда, барномаи махсуси компютеркунонии осорхонаҳо амалӣ карда шаванд;
  3. Дар донишкадаҳои дахлдор мутахассисони болаёқату ватандӯст тарбия карда шаванд;
  4. Маоши кормандони осорхонаҳо баланд бардошта шуда, ба дараҷаи маоши кормандони осорхонаҳои шаҳрҳо расонида шавад;
  5. Муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо (оид ба маънавиёт), мудирони шӯъбаҳои маънавиёту фарҳанг аз курсҳои осорхонашиносӣ гузаронида шаванд;
  6. Аз рӯи дастоварду хизматҳои арзишманд, ба кормандони осорхонаҳо баҳои баланди илмӣ дода шавад;
  7. Корҳои илмӣ дар самти осорхонашиносӣ ҷоннок карда шаванд.   

           

Ташаккури зиёд барои як суҳбати пурмуҳтаво.

 

P.S. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки машғулият, саргармӣ ва масъулияти кормандони осорхонаҳои маҳаллӣ ниҳоят зиёд аст. Сабаб дар он аст, ки аксари сайёҳону археологони хориҷиву дохилӣ бештар ба музофоту маҳалҳое, ки таърихи куҳан ва осори арзишмандро дар хоки худ ҳифз менамоянд, боздид мекунанд. Аз ин лиҳоз пешниҳодоти Амирхон Саидзодаро ба назар бояд гирифт, ки аз ҷумла баланд бардоштани маоши кормандони осорхонаҳои маҳаллӣ мебошад.

Қадриддин ИСОЕВ

Ходими пешбари илмии

Шӯъбаи фаъолияти

 иҷтимоӣ – фарҳангӣ

 

барчасп: