Омӯзиши фаъолияти Муассисаи давлатии таълимӣ-фарҳангии «Мактаби рассомии бачагона»-и шаҳри Хуҷанд (минбаъд Мактаби рассомии бачагона) нишон дод, ки мактаби мазкур дар таълиму тарбияи мусаввирони наврас, тақвияти истеъдод ва дарки зебоипарастӣ, баланд бардоштани завқи касбомӯзӣ, таҳаввул ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми муносиб гузоштааст. Тибқи оинномааш Мактаби рассомии бачагона барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро дар амал татбиқ намуда, лаёқатмандтарин хонандагонро ба мақсади таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёна ва олии санъату фарҳанг омода месозад.
Мактаби рассомии бачагона соли 1971 бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта, дар бинои мустақил фаъолият менамояд. Бинои асосӣ дорои ду ошёна буда, аз 8 синфхона, хонаи омӯзгорон, ҳуҷраи директор, хонаи лавозимоти таълимӣ, синф барои ашёҳо ва устохона барои рассомон иборат аст. Илова бар ин, дар ҳавлии мактаб боз ду синфхона вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо синфхонаи дастидӯзӣ (30м2) ва дигаре синфхонаи йӯрмадӯзӣ (18м2) мебошад.
Дар мактаб фазои муътадили корӣ ҳукмфармо буда, идора ва раванди таълим ба уҳдаи 20 омӯзгори баландихтисос ва соҳибтаҷриба вогузор карда шудааст. Аз ин ҳисоб 16 нафар бо маълумоти олӣ, 4 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 2 нафар дорандаи дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд. Тибқи фармоиши директори мактаб Р. Н. Раҳматов аз санаи 7 октябри соли 2024, таҳти рақами 8 барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2024-2025 ба сафи хонандагони асосии мактаби рассомии бачагона 165 хонанда қабул карда шудааст.
Мактаби рассомии бачагона дорои ду шуъба: рассомӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Шуъбаи рассомӣ таълими фанҳои расмкашӣ, зинданависӣ, композитсия, ҳайкалтарошӣ ва таърихи санъати тасвириро ба роҳ мондааст. Шуъбаи ҳунарҳои мардумӣ бошад омӯзиши касбҳои тарроҳӣ, йӯрмадӯзӣ (попурӣ) ва дастидузиро ҷорӣ кардааст. Толибилмони ин шуъба ғайр аз омӯхтани касбу ҳунарҳои номбаршуда боз дарсҳои расмкашӣ ва композитсияро меомӯзанд.
Таҳқиқ муайян намуд, ки шогирдони Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд бо мусаввараҳои эҷоднамудаи худ дар бештари озмуну фестивалҳои байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби диплому ҷоизаҳо гаштаанд. Аз ҷумла, соли 2024 хонандаи ин мактаб Меҳрангез Ҳакимова барои беҳтарин кор дар Мусобиқаи байналхалқии расмҳои бачагона «Дар атрофи мо - ҷаҳон» сазовори диплом гардид. Соли 2022 хонандаи синфи 4-уми мактаби мазкур Аминахон Мухаммедова дар озмуни байналмилалӣ дар мавзуи «Орзуи ман», ки дар давлати Фаронса баргузор гардид, иштирок намуда сазовори медалли тилло гашт. Шогирди дигари ин мактаб Нигина Азимова соли 2018 дар намоиши асарҳои бачагона, ки ба хотири кӯдакони аз дасти фашистони истилогар қурбоншудаи деҳаи Лидитси Ҷумҳурии Чехия бахшида шуда буд, дар байни намояндагони 81 давлати ҷаҳон ва пешниҳоди беш аз 17 ҳазор кори эҷодии кӯдакону наврасон ғолибият ба даст оварда, соҳиби диплому ифтихорнома гардид. Ҳамзамон, соли 2014 7 нафар ва соли 2010 19 нафар шогирдони ин Мактаб дар Фестивали байналмилалии «Кӯдакон сулҳро тасвир мекунанд. Осиёи Марказӣ» фаъолона иштирок карда, соҳиби диплом ва шаҳодатнома гардидаанд.
Илова бар ин, Мактаби рассомии бачагона дар ҳамкорӣ бо муассисаву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд дар ташкилу баргузории озмуну фестивалҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ саҳм мегирад. Масалан, Мактаби рассомии бачагона дар ҳамкорӣ бо Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Озмуни расми беҳтарин дар мавзуи «Милитсия ҳимоятгари ман аст» баргузор намуданд ва ин озмун рӯзи 9 октябр бо иштироки ҳайати омӯзгорону толибилмони мактаб, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва рӯзноманигорон бо супоридани диплому ҷоизаҳо ба ғолибони озмун дар сатҳи баланд ҷамъбаст шуд.
Ҳамзамон, дастовардҳои назарраси шогирдони ин мактаб инъикоси воқеии худро дар китоб-албоми «Кӯдакон сулҳро тасвир мекунанд», ки ба забонҳои русиву англисӣ соли 2010 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон чоп шудааст, ёфтаанд. Масалан, дар саҳифаҳои ин китоб-албом асарҳои мусаввирони хурдсоли тоҷик Умедҷон Аюбов (12 сола) «Наврӯз муборак», Фаридун Мирмуллоев (13 сола) «Сулҳ ба сайёраи Замин», Далер Маҳмадҷонов (13 сола) «Сулҳ ба хонаи шумо», Малик Олимов (13 сола) «Шаҳри куҳан» ва ғайраҳо ҷой дода шудаанд.
Бо мақсади татбиқи нишондоди мавзуи илмии «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» (солҳои 2021-2025) ҷиҳати муайян намудани сатҳу сифати истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг тавассути 3 пурсишнома таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида шуд. Чунонки аз натиҷаи пурсишномаҳои паҳнкардашуда маълум гардид дар Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд татбиқи равандҳои инноватсионӣ бо таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷумла, директори муассиса ба саволи «Дар муассисаи таълимӣ татбиқи равандҳои инноватсионӣ то кадом андоза ба роҳ монда шудааст» бо аломати «–» ишора кардааст, ки ин маънои «дар муассиса ТИК ба роҳ монда нашудааст»-ро ифода мекунад. Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба ин масъала ба 11 омӯзгори мактаби мазкур тавассути саволномаи фардӣ бо саволи «Рафти таълим бо истифода аз технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст» муроҷиат карда шуд. Ба ин савол аз 11 нафар омӯзгор (100%) 9 нафар (81,8%) ишора кардаанд, ки «ТИК ба роҳ монда нашудааст» ва танҳо 2 нафар (18,1%) қайд кардаанд, ки «ТИК ба роҳ монда шудааст». Илова бар ин, барои амиқомӯзии сатҳу сифати истифодаи ТИК дар раванди таълими фанҳои тахассусӣ ва истифодаи мақсадноки он дар баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорон афкору андешаҳои 10 нафар омӯзгори Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд санҷида шуд. Санҷиш нишон дод, ки аз 10 нафар пурсидашудагон (100%) ба саволи «Шумо дар шароити имрӯза то чӣ андоза аз Интернет истифода мебаред» 6 нафар (60%) посух доданд, ки «ҳар рӯз», 3 нафар (30%) – «1-2 маротиба дар як ҳафта» ва 1 нафар (10%) посух додааст, ки «ҳеҷ гоҳ истифода намебарам».
Ба саволи «Шумо дар фаъолияти касбии худ ТИК-ро дар кадом сатҳ истифода мебаред» 2 нафар (20%) ишора кардааст, ки «ҳар рӯз», 2 нафар (20%) – «1-2 маротиба дар як ҳафта ва 2 (20%) қайд кардааст, ки «истифода намебарам»,
Ба саволи «Шумо бо кадом мақсад дар фаъолияти касбии худ ТИК-ро истифода мебаред» 3 нафар (30%) қайд кардаанд, ки бо мақсади «пажуҳиш ва интихоби маълумоти иловагӣ ба дарсҳо» ТИК-ро истифода мебаранд.
Ба саволи «Ба андешаи Шумо оё истифодаи ТИК тайёриро ба дарсҳо хеле осон мекунад ва ба Шумо имкон медиҳад, ки дарсҳоро гуногуншакл кунед» 6 нафар (60%) посухи «ҳа» дода, қайд намуданд, ки «Аз техникаҳои гуногуни расмкашӣ огоҳ мешавем», «Бо истифода аз техникаҳои замонавӣ гулдӯзӣ мекунем» ва 1 нафар (10%) қайд кардааст, ки «ба ҷавоб додан танқисӣ мекашам».
Ба саволи «Шумо кадом воситаи ТИК-ро истифода мебаред» 1 нафар (10%) ҷавоб додааст, ки «барномаҳо барои кор бо видео, садо ва санъати графикӣ»-ро истифода мебарад.
Ба саволи «Ақидаҳое низ вуҷуд доранд, ки гуё истифодаи захираҳои тайёри иттилоотии дар Интернет нашршуда аксар вақт ба оқибатҳои манфӣ оварда расонида, ба баланд шудани самаранокии таълиму тарбия монеа эҷод мекунанд. Оё Шумо ба ин ақида розӣ шуда метавонед» 4 нафар (40%) ҷавоби «не»-ро доданд ва 1 нафар (10%) қайд кардааст, ки «ба ҷавоб додан танқисӣ мекашам».
Ба саволи «Шумо ҳангоми истифодаи ТИК ба кадом мушкилот дучор мешавед» 3 нафар (30%) посухи «ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад»-ро пешниҳод кардааст.
Ба саволи «Оё Шумо мехоҳед, ки барои такмили салоҳияти худ дар истифодаи ТИК дониши иловагӣ гиред» 2 нафар (20%) посухи «ҳа»-ро додаанд, 3 нафар (30%) қайд кардаанд, ки «не» ва 3 нафари дигар (30%) бо ишораи «зарурият надорад» посух додаанд.
Ба саволи кушодаи «Самараи истифодаи КИТ-ро дар фаъолияти омӯзгориатон чи гуна арзёбӣ менамоед» 4 нафар (40%) дар маҷмуъ чунин шарҳ додаанд: «Аз асарҳои эҷоднамудаи рассомони тоҷику аврупо илҳоми тоза мегирам. Бо техникаҳои муосири расмкашӣ шинос гардида, намудҳои иҷроиши расмкаширо хуб меомӯзам, аз малакаҳои гирифтаи худ ба шогирдон меомӯзонам».
Ҳамин тавр, натиҷагирӣ аз омӯзиши фаъолияти Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд моро водор месозад, ки чунин хулоса намоем:
– талиму тарбия дар Мактаб тибқи муқаррарот, дар заминаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маорифу фарҳанг ба роҳ монда шудааст;
– таълими фанҳои асосии Мактаб, ки тавассути ду шуъба роҳандозӣ шудааст бо устодони касбӣ ва маводи таълимӣ таъмин мебошад;
– шогирдони Мактаб бо дастовардҳои назарраси худ дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби диплому ҷоизаҳо ва медали тиллоӣ гаштаанд;
Таҳқиқ нишон дод, ки дар радифи дастовардҳо дар фаъолияти Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд як қатор камбудиву норасоиҳо вуҷуд доранд, аз ҷумла:
– бинои Мактаб, ки соли 1968 сохта шудааст ба таъмири асосӣ ниёз дорад;
– мебелҳои дар синфхонаҳо буда аз даври таъсиси мактаб то имрӯз истифода шудаанд ва бештари онҳо фарсуда шуда, корношоям гаштаанд;
– то имрӯз дар Мактаб китобхона ташкил карда нашудааст;
– мактаб ба асбобҳои дӯзандагию бофандагӣ, бахусус мошинҳои чокдӯзӣ сахт эҳтиёҷ дорад;
– дар мактаб бо истиснои 3 дона компютер ва 1 дона принтер дигар навҳои технологияи муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ, дастгоҳҳои нусхабардориву тасвирнигорӣ вуҷуд надоранд;
– компютерҳои Мактаб ба шабакаи интернет пайваст нестанд.
Барои рафъи камбудиҳо, ба ақидаи мо, чунин корҳоро ҳал намудан ба мақсад мувофиқ мебошад:
– такмили мазмуну муҳтавои оинномаи Мактаб ва дар он ба инобат гирифтани талаботҳои замони босуръати ҷаҳонишавӣ ва раванди рушди технологияи муосир;
– таҳияи низомномаи фаъолияти шуъбаҳои Мактаб ва дастуруламалҳои вазифавии омӯзгорон бо дарназардошти вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва рушди технологияи муосир;
– таъсиси китобхона дар сохтори Мактаб ва фароҳамсозии фонди мукаммали адабиёти чопӣ ва электронӣ дар он;
– тақвияти заминаи моддиву техникии Мактаб ва таъмини он бо таҷҳизоти нав ва технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
– таъмини мактаб бо бинои наву замонавӣ.
Шариф КОМИЛЗОДА,
ходими пешбари илмӣ