ТАҲҚИҚИ ЧАНДЕ АЗ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ, ТАБИӢ ВА МАВЗЕЪҲОИ МУҚАДДАСИ ШАҲРҲОИ ТУРСУНЗОДА, ҲИСОР ВА НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

Дар аснои экспедитсияи мардумшиносӣ, ки ба шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав сурат гирифт, самтҳои мухталифи мероси фарҳангии тоҷикон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ҷараёни пажуҳиш анъанаи шифоҳӣ, ҷойҳои муқаддас, харсангҳои шифобахш, дарахтони таърихи куҳан дошта, чашмаҳои даводиҳанда, мағораҳои қадим ва теппаю манораҳоро, ки ҳар яке таърихи гузаштаи миллатро қисса карда, дар ҳаёти фарҳангии мардум аҳамияти хосса касб кардаанд, дар бар гирифт.

Шаҳри Турсунзода:

Турсунзода аз шаҳрҳои калонтарини водии Ҳисор ба шумор рафта, аз 9 ҷамоати деҳот иборат мебошад. Дар аксари деҳотҳои он ёдгориҳои фарҳангию табиӣ, таърихӣ ва ҷойҳои муқаддасро вохӯрдан мумкин аст, ки ҳар кадоме таърихи хоси худро дороянд.

Осорхонаи Мирзо Турсунзода дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ, яъне дар зодгоҳи худи шоир воқеъ буда, наздик ба дарёи Қаратоғ мебошад. Осорхона соли 1988 ба хотири зинда нигоҳ доштани номи шоир бунёд ёфтааст. Он хонае, ки шоир дар он ҷо кору фаъолият мекардааст, он ҷоро ба хона-осорхона табдил додаанд. Ҳуҷраи аввали осорхона утоқи кории шоир ба ҳисоб меравад. Дар рӯ ба рӯи даромадгоҳ мизи кории шоир бо мизи дигари дарозрӯе пайваст гардида, дар болои миз китобҳо, дафтари қайдҳо, телефони корӣ, медалу овезаҳо ва дигар ашёҳое дида мешуданд, ки шоир дар фаъолияти кориашон истифода менамудааст. Аз мизи дарозрӯя тахмин кардан мумкин буд, ки баъзе маҷлису вохӯриҳо низ дар утоқи кориаш гузаронида мешудааст. Дар деворҳои ҳуҷра расмҳои шоир, ки дар вохӯрию сафарҳои кориаш аксбардорӣ гардидаанд, овезон шудаанд. Дар умум утоқи аввали даромадгоҳ аз ҳаёти фаъолияти кории шоир қисса мекунад. Пас аз ин утоқ боз як утоқи калон ва як утоқи хȳрд бо долон мебошад, ки намунаи ҳунарҳои мардумии шаҳри Турсунзода ба намоиш гузошта шудаанд. Гирду атрофи хона-осорхонаро ба боғ табдил додаанд, ки макони фароғату истироҳат ва ҷойи хуби таърихию фарҳангӣ барои сайёҳон ба шумор меравад. Доир ба ин мавзеъ

Катибаи санги Муҳаммади Оқсақол. Тибқи иттилои таърихнигорон таърихи ёдгории муқаддас ба асри XVIII рост омада, он мутааллиқ ба мазори яке аз ҳокимони Ҳисор – Муҳаммадаминбой дониста мешудааст. Ёдгорӣ дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ ба масофаи 50 метр дар самти шарқии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳа ҷойгир аст. Шакли санге, ки дар рӯи қабр қарор гирифтааст, дарозрӯя буда, тахминан андозааш 80Х30 мебошад. Он санги булӯрини мармарин буда, дар болояш бо забони ӯзбекӣ ва хати форсӣ навишта шудааст, ки “Ин қабри Муҳаммади Оқсақол” мебошад, ки санаи 1123 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба санаи 1745-и мелодиро дар бар мегирад. Гирди қабрро ба андозаи 10Х10 бо хиштҳои пухта девор бардоштаанд, ки яке аз мақбараҳои зиёратгоҳ ба шумор меравад. Мардум рӯзҳои чоршанбе ва шанбе бо бовару эътиқоди хосса ба зиёрат омада, нукча мемонанду ба дардҳояшон ба воситаи ин шахси бузург аз Худованд шифо металабанд.

Мақбараи инқилоби сарбозони Қаратоғ аз мавзеъҳои таърихии даврони Шуравӣ ба шумор рафта, соли 1964 бунёд ёфтааст.  Ин мақбара ба поси хотири шаҳидони Шурои собиқадорони инқилобию ҷанги ҶШС Тоҷикистон бунёд карда шудааст, ки солҳои 1921-1926-ро дар бар мегирад. Ҳамчунон ному насаби қумандони Артиши Сурх Василий Забронови поляк дар ҳошияи таъриз сабт гаштааст. Ин мавзеи таърихӣ дар соҳили дараи Шӯробдараи деҳаи Қаратоғ, 600 метр дуртар аз маркази деҳа ҷойгир шудааст. 

Дар деҳаи Қаратоғи ҷамоати деҳоти Қаратоғ ёдгории табиие ҷойгир аст, ки бо номи “Санги кабуд” машҳур аст. Санги кимиёвии транит, яъне санги хоро мебошад, ки баландиаш 2 метр, қутраш 15 метр ва шаклаш элепсӣ аст. Айни ҳол мавқеи ҷойгиршавии ин санг дар хонаводаи се оилаи дар ба девор дида мешавад, ки қисм-қисм дар ҳавлии ҳар яке аз онҳо ҷойгир шудааст. Ин санги табиӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо осори обдоғи дарё пас аз паст шудани сатҳи дарё боқӣ мондааст. Қисмати санги кабуд дар ҳавлии хонаи Зуҳуров Абдуғаффор ҷойгузин гашта, нисбат ба он нақлу ривоятҳои мардумӣ дида мешаванд. Сокинони деҳа ва дигар ашхоси аз дуру наздик омада барои шифо ёфтани “Сулфаи кабудак” ба ин ҷой омада, дуо мехонанду аз санг каме хокаашро тарошида дар пиёла андохта об карда менӯшанд. Бо амри Худованд аз дарди ин сулфа шифо меёфтаанд. Мардум бо бовару эътиқоди хосса ба назди санг меоянд ва онро муқаддас меҳисобанд. Асосан дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе чалпак пӯхта ба зиёрат рафтан анъана шудааст. Мувофиқ ба ақидаи мардум гӯё дар зери ин санг зане бо кӯдакаш хобида бошад. Доир ба мавзеи табиӣ жанрҳои хурди фолклорӣ, аз қабили таъбири хоб ва дуо дида мешавад. Аз наздикии ёдгорӣ пулҳои қоғазии Аморати Бухоро ёфт шудаанд. То ҳол доир ба ин ёдгорӣ аз ҷониби ягон муҳаққиқ ё таърихшинос таҳққиқоти амиқ нашуда, мақола ё гузорише чоп нагаштааст.

Дар кӯчаи болои ҳамин маҳал масҷиди панҷвақтае мебошад, ки он пеш, аниқтараш дар асрҳои XVII “Масҷиди Қорихона” ба шумор мерафтааст. Ин ёдгории меъмории таърихӣ дар Феҳристи “Ёдгориҳои меъморӣ-таърихӣ ва фарҳангӣ” сабти ном гардидааст. Айни ҳол баъзе аз ҷойҳои масҷид бо ҳамон шакли пештарааш боқӣ мондааст. Ба мисли сутунҳои чӯбин ва айвонҳои гаҷкорӣ шуда, ба мушоҳида мерасанд.

Ноҳияи Шаҳринав:

Шаҳринав аз ҷумлаи ноҳияҳое мебошад, ки дар радифи ду шаҳри калон ва қадимӣ ҷойгир шудааст. Дар гузашта Шаҳринав бо номи ноҳияи Қаратоғ қайд гардида, шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисорро ба ҳам мепайвандид. Солҳои сиюми асри гузашта шаҳрҳои номбурда аз ноҳияи Шаҳринав ҷудо карда шуданд. Дар соли 1959 бо мақсади калони кардани ҳудуди Турсунзода ва Ҳисор ноҳияи Шаҳринав барҳам дода шуд ва дар соли 1992 он дубора ҳамчун ноҳияи мустақил барқарор гардид. Аз ҳамин сабаб ҳудудан хурдтар буда, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳам дар он камтар дида мешавад. Аз як ҷиҳат Шаҳринавро ноҳияи дубора ҷавон номидан мумкин аст.

Дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳия теппае мавҷуд аст, ки онро “Теппаи Чимқурғон” ном мебаранд. Ин мавзеъ ёдгории таърихӣ буда, 200 метр аз роҳи мошингард ва 3 км аз маркази ноҳия дуртар ҷойгир шудааст. Ёдгорӣ аз ҷониби мудири бахши фарҳанги ноҳия ҳуҷҷатӣ (сертификат) кунонида шудааст, ки ин барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва тармими минбаъдаи мавзеи мазкур мусоидат хоҳад кард. Дар “Теппаи Чимқурғон” аз ҷониби муҳаққиқони бостоншиносу таърихшинос солҳои 2015 ва 2019 таҳқиқотҳои илмӣ анҷом ёфтааст. Аслан ин мавзеъ аз ду теппа иборат мебошад, ки якеи он оромгоҳи мардуми маҳаллӣ гаштааст. Аз ҷониби шимол теппаро оромгоҳ, аз ҷониби ҷануб деҳаи Меҳнатобод, аз ҷониби ғарбӣ қишлоқи Зафар ва аз самти шарқ деҳаи Даҳбед иҳота кардаанд. Доир ба мавзеи мазкур ҳамчун макони таърихӣ соли 2019 аз тарафи ТВ Сафина филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта шудааст.

Айни ҳол теппаро хору алафҳо зер кардаанд, ки ин теппаро ба ҳолати нестшавӣ оварда мерасонад. Мардуми маҳаллӣ кам андар кам ба тозагии теппа машғул мегарданд. Яъне аз ҷониби сокинон ҷиҳати ободу зебо нигоҳ доштани мавзеъ тадбирҳои судманд ба мушоҳида намерасанд.

шаҳри Ҳисор:

Бояд қайд кард, ки барои омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, табиӣ ва ҷойҳои муқаддаси шаҳри Ҳисор як рӯзу ду рӯз басанда нест. Чунки Ҳисор аз шаҳрҳои қадимии мардуми тоҷик буда, дорои ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихиву табиии зиёде мебошад. Ҳисор ҳамчун шаҳри қадимӣ, ки дар гузашта маркази бекигарӣ маҳсуб меёфт, аз қалъаву мадраса ва дигар ёдгориҳои таърихӣ то мавзеъҳои табииву барои мардум муқаддаси зиёдеро дар ҳудуди имрӯзаи худ маҳфуз медорад. Ҳар кадоми ёдгориҳои шаҳри Ҳисор таърихи куҳан дошта, бо урфу одат тамаддун, зисту зиндагонӣ ва марҳилаҳои таърихии ҳаёти мардуми он ҳамбастагии қавӣ доранд. Азбаски вақти маҳдуд имкони омӯзиши ҳамаи ёдгориҳоро даст надод, дар гузориш танҳо яке аз онҳоро дарҷ хоҳем кард, ки аз ҷониби банда мавриди пажуҳиш қарор гирифт.

“Мадрасаи куҳна” ё “Мадрасаи писаронаи қалъа” аз ёдгориҳои таърихии меъморӣ ба шумор рафта, дар асри XVI таъсис ёфтааст. Ин мадраса бо номи “Мадрасаи куҳна” маъмул буда, баъди таъмиру тармим ва таъсис додани осорхона ба он номи пешинаашро “Мадрасаи писарона” нисбат доданд. Зеро ғайр аз ин мадраса дар шафати қалъаи Ҳисор “Мадрасаи духтарона” низ амал мекард, аз ин хотир “Мадрасаи куҳна”-ро бисёр вақт “Мадрасаи писарона” мегуфтанд. Бо мақсади пурра аз байн нарафтани ин мавзеъ мадраса ба осорхона табдил дода шудааст. Мадраса дорои 31 ҳуҷра буда, 26 тои он ҳуҷраи хоб барои толибилмон, яъне хобгоҳ, 1 чиллахона, 4 синфхона, масҷид ва дар ошёнаи дуюм 1 китобхона мебошад. Дар бархеи ин ҳуҷраҳо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, урфу одатҳо, анъанаҳои мардумӣ ва натиҷаи таҳқиқоти муҳаққиқону таърихнигорон ба намоиш гузошта шудааст.

Дар маҷмуъ мавзеъҳои таърихиву табиӣ ва муқаддас дар шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав хеле зиёданд, ки омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи онҳо вазифаи коршиносону донишмандон мебошад. Чунки ҳар як аз ин ёдгориҳо гувоҳномаи таъриху тамаддуни мардуми тоҷик буда, метавонанд муаррифгари фарҳанги миллат дар арсаи байналмилалӣ бошанд.

Ходими калони илмии ММФТ

Каримова Шамъигул

 

барчасп: