ТАБСИРАЕ БА ДУ РАВИЯИ ЯК РАССОМ

Моҳи июли соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанг дар Осорхонаи миллӣ намоиши асраҳои рассоми навовари тоҷик Зокир Собиров таҳти унвони «Ду равияи як рассом» доир гардид. Ҳазорҳо нафар аз намоишгоҳ дидан карда, ҳам таассуроти зебоиписандӣ бардоштанд ва ҳам итминон ҳосил карданд, ки фазои ҳунарии кишвар холӣ нест, талошу созандагӣ вуҷуд дорад.

Ҳар ду равияи Зокир Собиров - «Нурворизм» ва «Танворизм» як нуқтаи оғоз доранд, ки он ҳам халлоқият ё офаринандагист. Ҳар мусаввараи Нурворизм монанди он аст, ки ба як хонаи торик аз чанд тобдони хурд ё аз чашмакҳои панҷараи гачии қадим тахта-тахта нурҳои офтоб, нурҳои чароғ ва нури равшаноии рӯз ворид шуда, фазое себуъдӣ месозанду шайъеро ба дид меоваранд. Шайъе, ки дар ин фазо бадидор ё чунон ки мегӯянд, падидор меояд, хеле бештар ё дигаргунтар аз он аст, ки мо медидем. Аммо ин дигаргунагиро бинанда мешиносад, зеро чунин бардошт аз ин шайъро доштааст, он воқеист, дар гӯшаҳои хотираш ҳаст, онро дар нигоҳе, ҳолате, дар шеъре, сухане ё ҳаракате чунин дидааст, аммо дар дар ҷилвагоҳи зеҳнаш ҳанӯз вуҷуди ҳаюлоӣ нагирифтааст. Масалан, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар портрети Муъмин Қаноат баландпарвозӣ, ки ба шахсияти ӯ ва қаҳрамони эпикии ашъораш хос аст ва дар портрети Лоиқ Шералӣ баҳоргунагии табиати шоир ва қаҳрамони лирикии ӯро мушоҳида кардааст. Ин ҳолатҳои баландпарвозӣ ва баҳоргунагиро Зокир Собиров тавассути фазое себуъдӣ, ки бо тахтахатҳое ба шакли нури аз тобдонҳо ба як бинои торик воридшуда ва ҳолати нигоҳ, ки танҳо ҳунарманд метавонад онро тасбит (фиксироват) кунад, офаридааст.  

Дар портрети Ибни Сино дар дасти Шайхурраис ҳамеле ба шакли тасбеҳ мебинем, ки донаҳояш на чун донаҳои тасбеҳ гирд, балки ба шакли ромб ҳастанд. Ромб дар символизм маъниҳои гуногунро ифода кардааст, аммо дар Нурворизм ҳеҷ як аз он маъноҳо мушаххас нестанд, бал ки дар матни асар маънии нав пайдо кардаанд. Аввал ин ки 2 ҷуфт параллели 4 тарафи ромб бо нурҳои параллели Нурворизм ҳамоҳанганд. Баъдан, агар дар символизм донаҳои гирди тасбеҳ ба гунбади даввору осмонҳо ишора доштанд, ин ҷо ромбҳо бо чор гӯшаву чор тарафи муқобил метавонанд ба чор унсур, яъне ба Замин, ишора дошта бошанд. Пас, ин тасбеҳ нест. Дубора мутаваҷҷеҳ шавем, банде мебинем сарбаста ва ромбҳо низ бо чор тарафи сарбаста, ҳамон банди накушодаи Пури Сино – банди аҷал ҳастанд.

Дар Танворизм фалсафаи офарандагии Зокир Собиров бештар ба дид меояд. Танвор, яъне он чӣ аз он тане ё худ ҷисме сохта мешавад, монанди он ки аз куртавор курта, аз ҷомавор ҷома ва ғайра. Вожаҳои либосворӣ, хӯрокворӣ, газвор низ аз ҳамин дастаанд. Вожаҳои матоъ, материал, моя ва модда шояд бо вожаи материя ҳамзод ҳастанд. Рассом аз нақши таҳшудагиҳову ғиҷимшудагиҳои матоъ тан ё ҷисми ашёи гуногунро расм мекунад, балки меофарад, ба тақлид аз Худованд, ки ҷаҳон ва ҳар чӣ дар онро аз материя меофараду ҷон мебахшад. Инҳо тани инсон, тани сайёраҳо, тани бино, тани дарахт ва монанди инҳо ҳастанд.

Офаридан дар матоъ – латта, яъне бунёде ноустувор, киноя ё ишоратест ба нопойдории ҳастӣ. Материя ё худ материали кӯҳу санг, оҳану одам ҳам пеши панҷаҳои Офаридгор ҳамон гуна сусту мачолашаванда ҳастанд, ки оҳан дар қолабҳои рехтагар, ё латтаи парда пеши мӯқлами Зокир Собиров. Дар фалсафаҳои мазҳабӣ як рӯзи Худованд баробар аст ба ҳазор соли мо. Пас умри як инсон дар назди офаридгораш лаҳзае беш нест, «месозаду боз бар замин мезанадаш». Танвор ё матои Зокир Собиров низ ҳар лаҳза метавонад ҳамвор шавад, таҳшудагиҳояш дигаргун шаванду нақшҳо нақше бар об гарданд. Ҳеҷ чиз дар ҷаҳон пойдор нест, ҳама чиз – кӯҳ, бино, инсон, вазъу ҳолати инсон, ҳама даргузаранд. Масалан, дар мусаввараи «Банкрот» чеҳраи инсоне «муфлисшуда» дар таҳшудагиҳои парда тарсим шудааст, ки пире нигарону шикаста дар фарошеби уммро мемонад ва дар пардаи паҳлуӣ инсоне дигар бо қомати баланду чеҳраи пӯшида «муфлис»-ро аз ишкелаки парда ба чангаки тарозу овехта аст. Дар мусаввараи «Банкрот» ва умуман Танворизм, зебоӣ, ки шарти асолати ҳунар мебошад, бо фалсафа, танз, киноя ва монанди инҳо тавъам аст.

Метавон гуфт, ки танворизм як навъ истеҳзо ё ришхандест ба нопойдории дунё ва ҳар чӣ дар он ҳаст, он чӣ аз ҷониби офаридгори олам офарида шудааст. Оё Зокир Собиров воқеан ҳаминро дар назар дорад, мо намедонем. Аммо пас аз Барт ва Фуко мо мафҳуми «марги муаллиф»-ро дорем, ки имкон медиҳад чунин назарро дошта бошем. Ба андешаи Барт ва Фуко, чун ҳунарманд ба асри худ нуқтаи таммат мегузораду ба хонанда ё бинанда арза мекунад, дигар вуҷуд надорад, дигар шахсияти ӯ, ҷаҳонбинии ӯ, мавқеи иҷтимоию сиёсии ӯ миёни асару бинанда ё хонанда миёнҷӣ нест, ӯ дар асари худ ҳулул мекунаду «мемирад». Дар он лаҳза, ки ӯ «мемирад», хонанда ё бинанда «зода» мешавад. Олам ва ҳар чӣ дар ӯ ҳаст, ба масобаи як асари ҳунарист. Бинанда онро бе миёнҷигарии офаридгораш дарку тафсир мекунад ва дар ин тафсир мухтор аст.

Дар Нурворизм ва Танворизм дар назари аввал баъзе унсурҳои сиволизм, кубизм ва импрессионизмро мебинем, аммо таммуқи бештар мерасонад, ки инҳо ҳеҷ як аз онҳо нестанд. Воқеан Нурворизм ва Танворизм ду равияи наванд, ки озмунҳо ва намоишгоҳҳои байналмилӣ дар Арико, Чин ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон асолати онҳоро бо мукофотҳои арзишманд, аз ҷумла «Уқоби тилло» ва унвони академики ифтихори Академияи рассомии Федератсияи Россия, таъйид кардаанд. Нурворизм ва Танворизм баъд аз шинохту эътирофи нухбагони ҳунари нафиса барои ҳамеша дар диёри худ лангар андохтаанд.

Эшонқул Эшонқулов,

ходими пешбари илмии шуъбаи

 ВАО ва табъу нашри ПИТФИ

барчасп: