Таҳти чунин унвон 29-уми октябри соли равон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур вазири фарҳанги ҶТ, н.и.ф., муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини вазир Шарифзода Манучеҳр, роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг, намояндагон аз воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва дигар муассисаҳои таълимиву илмӣ иштирок доштанд.
Мизи мудавварро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, н.и.ф., муҳтарам Аминзода А. Ҳ. ҳусни оғоз бахшида, доир ба кори ҳамоиш чанд нуктаи муаррифкунандаро иброз намуд.
Сипас, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Сатториён Матлубахон Амонзода таҳти унвони “Рушди анъанаи китобдориву китобхонӣ дар даврони истиқлол” маърӯза ироа намуд. Сатториён М. А. доир ба сиёсати хирадмеҳвар ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғамхориҳои Ҳукумати кишвар дар тайёр намудани кадрҳои ихтисосманди соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар, рақамикунонӣ, нақши китоб ва фавоиди китобхонӣ дар замони муосир суханронӣ кард. Инчунин далоил аз ҳаёти насли ҷавон, мутахассисони соҳаҳои гуногун оварда, пешниҳод карданд, ки мо бояд вобаста ба руҳияи замон кору фаъолият ва муносибат намоем, хусусан дар рушди бемайлони техникаву технология ва шароити ҷаҳонишавии муосир.
Баъдан, директори МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол доир ба “Нақши китобхонаи миллӣ дар татбиқи навгониҳои соҳаи китобдорӣ” баромад кард. Дар маърӯзааш мавсуф оид ба фаъолияти Китобхонаи миллӣ, масъалаи кадрҳои соҳаи китобдорӣ, интишори китоб, ташкили зинаи аспирантура дар КМТ, ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшаванда дохил гардидани “Паёми Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва амсоли ин бештар таваҷҷуҳ намуд.
Пасон, доир ба “Фаъолияти китобдории тоҷик: вазъи кунунӣ ва дурнамои он” ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода баромад намуда, дар такя ба арқому далелҳои аз сафарҳои корӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ҳосилшуда вазъи китобдории тоҷикро дар шароити кунунӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” Зафари Шариф доир ба “Саҳми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар тайёр намудани кадрҳои соҳаи китобдорӣ” аз замони шуравӣ то замони соҳибистиқлолӣ хулосабарорӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки хушбахтона имрӯз як қатор ҷавонони мо аз рӯйи соҳаи китобдорӣ, китобхонашиносӣ ва ба ин монанд дар кишвари Русия таҳсил карда истодаанд. Ҳамзамон аз ҷониби маърӯзакунанда як қатор пешниҳодҳо, ки ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамоянд ироа гардид.
Доир ба “Баҳисобгирии фонди китобхонаҳо: тамоюлҳои рушд” мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сайфуллозода Бозор гузориши муфассал пешниҳод гардид. Ӯ доир ба рушди фонди китобхонаҳо нукоти муҳим ва чораҳои саривақтиро ироа намуд.
Ҳамзамон дар идомаи ҳамоиш муаррифии китоби “Истифодаи ТИК дар фаъолияти муассисаҳои китобдории Тоҷикистон” аз ҷониби ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода сурат гирифт. Ш. Комилзода мураттиби китоби мазкур буда, дар он таҳқиқотҳои нисбатан нав доир ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои китобдории кишвар ва нақши он дар фаъолияти онҳо ҷой дода шудаанд. Қайд гардид, ки истифодаи китоби мазкур дар раванди таълими китобдорӣ хело муфид мебошад.
Дар қисмати мубодилаи афкор вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода, сардори раёсати табъу нашри ниҳоди мазкур Раҳмонализода Шералӣ, директори КМТ Файзализода Ҷумахон ва дигарон ибрози андеша намуданд.
Ҳамоиш барои ҳамагон аз манфиат холӣ набуд.
Каримова Гулзира,
муовини директор оид ба
корҳои методӣ ва умумӣ