Таърих собит намудааст, ки осорхонаҳо ҳамчун пойгоҳи худшиносӣ таърихи куҳан дошта, дар таълиму тарбияи мардум ва рушди маънавиёт нақши калидӣ доранд. Шинохти таърихи гузашта, осори гаронарзиши ниёгон, шахсиятҳои таърихӣ ва зиндаву ҷовид боқӣ нигоҳ доштани ному кору пайкори онҳо ба осорхонаҳо алоқамандии зич дорад. Аз ҷумла хона-осорхонаҳо, ки аз шахсиятҳои боризу таърихӣ мерос мондаанд, осор ва зикри эшонро поянда нигоҳ дошта, дар тарбияи маънавии мардум нақши муҳим мебозанд. Бо ворид шудан ба осорхонаҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ, аз наздик шинос шудан ба осору марҳилаҳои пурасрори зиндагии онон, ба тасаввури бинанда тағйироти куллӣ ворид мегардад. Саҳифаҳои рангини ҳаёти абармардони миллат, саъю кӯшиш ва талошҳои пайвастаи эшон пеши назар ҷилвагар мегардад ва касро дар роҳи хидмати миллату Ватан таҳрик мебахшад. “Хона-осорхонаи адабӣ-ёдгорӣ”-и Садриддин Айнӣ аз он қабил мебошад, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе онро ҳазорон мардуми илмдӯсту фарҳангпарвар зиёрат мекунанд.
Вижагиҳои Хона-осорхонаи қаҳрамони миллат Садриддин Айнӣ дар он аст, ки дар ибтидо барои бунёди манзили зист худи ӯ ин мавзеи баланду барҳаворо дар шафати Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, ки ба номи ин абармард мебошад, интихоб намудааст. Баъд аз ифтитоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита академик Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айниро ба Душанбе (он вақтҳо Сталинобод) даъват менамояд. Ӯро ба вазифаи Президенти Академияи улум интихоб менамоянд. Муддате чанд ин бузургвор дар боғи ҳукуматӣ истиқомат мекунад ва масъулин дар ҷустани манзил мешаванд, дар маркази шаҳри Душанбе бинои истиқоматии муҳташам бо тамоми шароит муҷаҳҳаз бунёд месозанд. Аз кумаку дастгирии эшон ва таклифи онҳо Садриддин Айнӣ ризо намешавад, чунки ӯ хислатҳои хоксорона, инсондӯст ва оддӣ дошт. Бинобар ин иброз медорад, ки ба ман чунин бинои бошукӯҳ лозим нест, танҳо хонаи оддии иборат аз се ё чаҳор ҳуҷра кофист.
Ниҳоят, дар мувофиқа бо худи Садриддин Айнӣ чанд ҳуҷраи хурд бо шароити миёна бунёд мекунанд. Имрӯз он бинои таърихӣ бо тарҳи аслӣ ва таъмиру тармими замонавӣ, ҳамчун Хона-осорхонаи Айнӣ боқӣ мондааст. Осорхонаи Садриддин Айнӣ соли 1978, ба муносибати ҷашни 100-солагии ӯ ифтитоҳ шудааст.
Дар замони истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 14 апрели соли 2018 бо иштироки меҳмонони хориҷиву дохилӣ ва аҳли фарҳангу адаб бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ осорхона таҷдид ва таъмиру тармим ва ифтитоҳ гардид.
Айни ҳол ин Хона-музейи Айнӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода, хонаи №1 фаъол буда, ба истиснои рӯзҳои якшанбеву душанбе аз соати 9 то 17 ҳамарӯза дари худро ба рӯи дӯстдорони Айнӣ ва осори ӯ боз менамояд.
Садриддин Айнӣ солҳои 1951-1954 то нафаси вопасин бо аҳли оилааш дар ин манзил умр ба сар мебарад. Дар даромадгоҳи бино нимпайкарааш ва дар дохили бино нимпайкараи хурдтар гузошта шуда, симои мутафаккирона ва андешамандонаи доимии ӯро инъикос мекунад. Дар осорхона 150 экспонат, 189 ашёҳои дигар ва 2000 китоб мавҷуд аст. Ба шумораи умумии теъдоди китобҳо асарҳои Садриддин Айни бо забонҳои гуногун дар солҳои мухталиф нашр гардидааст. Дар бойгонӣ дастхатҳо ва мукотибаҳои устод бо шахсиятҳои гуногун, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳое, ки худи ӯ аз онҳо истифода бурдааст, нигоҳ дошта мешавад.
Бинои осорхона аз панҷ ҳуҷра иборат буда, дар ҳуҷраи якум ашёи шахсӣ, маводи марбут ба ҳаёту фаъолияти Айнӣ аз давраи хурдсолӣ то Инқилоби Октябр ва Инқилоби Бухоро (солҳои 1917-1920) ҷой дода шудаанд. Дар миёнҷои ҳуҷра, дар болои миз лавҳае бо китоби дӯстдоштаи Айнӣ «Ахлоқи Муҳсинӣ» аз ҷониби М. Олимов кандакоришуда ва маҷмӯаи ашъори шоир Бадруддини Ҳилолӣ гузошта шудааст. Дар ин хона рангдон ва қаламе ба назар мерасад, ки ба Айнии наврас падараш соли 1886 ҳадя карда буд ва ин нигораи арзишманд ба ҳисоб меравад. Аксҳои давраҳои гуногун аз фаъолияти С. Айнӣ ҳамчун таърихи мусаввар овезонанд, ки тафаккури шахсро ба дарозои таърихи гузашта савқ медиҳанд ва ҳаёти пурасрору пурмоҷаро, пурзаҳмату машаққатбори ӯро пеши назар меоранд. Аз ҷумла аксҳое, ки ҳаёти Самарқанду Бухоро, ранҷу ситам, азобҳои зиндонии он, пушти хуншору порагардидаи ӯро тасвир мекунад басо муассир буда, аз як ҷониб ҳузновар аз ҷониби дигар ибратбахш буда метавонад. Дар девори ин ҳуҷра акси С. Айнӣ ва М. Назрулло баъди 75 чӯб хӯрданашон дида мешавад, ки ниҳоят таъсирбахш аст.
Дар ҳуҷраи дуюм экспанатҳои солҳои 20-50 (китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», ҷоизаҳо, дипломи доктори илм, мизе, ки дар паси он вазифаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудааст ва ғайра) ҷамъ оварда шудаанд. Дар ҳуҷраи сеюм ашёи шахсии Айнӣ (асо, соат, либос, корд, қайчӣ, чойнику пиёла, туҳфаҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд, ки нигоҳи бинандаро ба ҳайбату ҳашамати илмиву мутафаккиронаи ӯ пойбарҷо месозад.
Ҳамаи ин ҳаёти хоксорона ва аз такаббур ории ин бузургворро бозгӯ мекунад. Дар чаҳорум ҳуҷра асарҳои ба Садриддин Айнӣ бахшидашуда (асарҳои адабиётшиносӣ, рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, тасвирҳои рассомон ба асарҳои Айнӣ, тарҷумаи асарҳои Айнӣ ба забонҳои гуногуни дунё, беш аз 2 ҳазор китоб ва ғайра гузошта шудааст. Ҳуҷраи панҷум толори маҷлис ва ҳамоишҳои илмию адабӣ ва вохӯриҳо аст. Дар инҷо экспанатҳои муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки ҳар замон таҷдид мегарданд. Пластинаҳо ва фиттаҳое, ки садои Айнӣ ва дӯстони ӯро абадӣ нигоҳ медоранд, дар ин бойгонӣ мавҷуданд.
Ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамасола то 1500 нафар сайёҳон, меҳмонони дохиливу хориҷӣ боздид намуда, муҳаққиқон аз ин осорхона барои пажуҳишу таҳқиқоти илмӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Ин аст, ки андешаҳои донишмандони барҷастаи дохиливу хориҷӣ, ки вобаста ба шахсияти илмии устод Айнӣ гуфтаанд, дар лавҳаҳо дарҷ гардида, насб ёфтаанд. Аз ҷумла андешаи шоир ва мутарҷими олмонӣ Алфред Карло, ки ӯ чунин нигоштааст: “Айнӣ таҷассуми робита ва ҷараёни фарҳанги ҷаҳони Шарқ ва Ғарб аст”.
Дар ҷойи дигар сухани нависандаи бузурги Чех Иржи Бечка мавҷуд аст, ки ӯ гуфтааст: “Осори устод Садриддин Айнӣ ва шахсияти ӯ дар радифи тамоми ҳақоиқи азим ва зебоиҳои бузург барҷаста ва мумтозанд”.
Адиби форс Алиасғари Ҳикмат дар боби нахустин вохӯрияш бо Садриддин Айнӣ чунин мегӯяд: “Соли 1948 ҷашни байналмилалии Мир Алишери Навоӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Марҳум Садриддин Айнӣ дар шумори даъватшудагон буд. Фасоҳати калом ва латофати гуфтор ва ибтикори ӯ дар интихоби мавзӯи суханронӣ ба тавре бандаро маҷзуб ва дилбастагии каломи он бузургвор сохт, ки фардои он шаб қитъае дар мазмуни суханронии ӯ ёд кардам ва як нусха барои Айнӣ ирсол намудам”:
Ҳамсоя зи ҳамсоя басе панд бигирад,
Ангур зи ангур ҳаме ранг бигирад.
Ҳар ҷонвару сангу дарахте, ки ба гетист,
Сад панд аз он марди хирадманд бигирад.
Аз сайри осорхонаи адабӣ ва таърихии С. Айнӣ чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки ӯ фарди олиму фозил дар соҳаи илму адаб ва фарҳанги миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Кӯшишу талош намуд, ки заҳматҳои тоқатфарсоро таҳаммул намояд. Бо ин ҳама осори ғановатманде, ки дар осорхонаи ӯст, метавон ӯро ба ҳайси шиносномаи фарҳанги тоҷикон муаррифӣ кард.
Дарку фаҳмиши зиндагинома ва эҷоду иршоди Садриддин Айнӣ таконест барои ҳар як фарди равшанзамири тоҷик, ки баҳри Ватану сарзамин, таъриху забон, фарҳангу расму ойини ниёгон ва арзиши миллии он хизмат кардан мехоҳад.
Умуман зиндагинома, фаъолияти ин марди хирад ва олиму фозили даврон, пушту паноҳи забону фарҳанги тоҷик барои ҳар як фарди баномуси миллат намунаи ибрат аст.
Садриддин Айнӣ дар назари бинандаи ин осорхона тимсолест, ки таърихи мавҷудият ва бунёди тоҷику тоҷикистониёнро дар пояи аслӣ ва таърихиаш чун сутуни муътамаду пойдор тарҳрезӣ намудааст. Осори ӯ дар хазинаи фарҳанги тоҷикон ва олами форстаборон абадан ҷовидонист ва дар сафаҳоти таърихи ҷаҳон сабт мемонад.
Шодӣ ҚУРБОНОВ,
ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот