Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки тамоми соҳаҳои кишвар мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷониба қарор гирифта, рӯ ба рушду тараққӣ ниҳоданд. Аз ҷумла маънавиёти мардум пас аз даҳсолаи аввали истиқлол дубора эҳё гардида, афзоиш ёфт ва бо беҳбуд ёфтани соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт тадриҷан сокинони табиатан китобдӯсту илмпарвар ба китобу мутолиа ва гирифтани ғизои маънавӣ рӯй оварданд. Теъдоди зиёди матбааҳои корношоям аз нав таъмиру тармим гардида, ба фаъолият шурӯъ намуданд ва шумори зиёди матбааҳои ҷадиду замонавии дигар рӯи кор омаданд, ки боиси афзудани табъу нашри китобҳои зиёд гардиданд. Рушди соҳаи нашриёт ва интишори китоб ба куллӣ ба боло рафтани маънавиёти мардум ва пуркории муаллифону ноширон рабт дошт. Рӯз то рӯз китобҳои тозанашри гуногун дастраси хонанда гардида, низоми мутолиа дар сатҳи ҷаҳонӣ ба худ шаклу усули нав касб кард. Рушди босуръати воситаҳои электронӣ доираи сухани чопиро тангтар намуд ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ва корбарони воситаҳои электронӣ ба таври табиӣ усули истифодабарии китобро дигар карданд. Чунин авомил заминаҳои гузариш ба рақамикунонии соҳаи китобдориро ба вуҷуд овард, ки нисбати ин масъала аз ҷониби мутахассисону ниҳодҳои марбута чораҳои таъхирнопазир андешида шуд. Ҷомеаи фарҳангии тоҷик имрӯз дар он андеша аст, ки соҳаи китобдориро зарур аст, то дар раванди ҷаҳонишавӣ, дар сатҳи байналмилалӣ рақобатпазир бошад ва ногузир ба низоми рақамикунонӣ ва истифодаи васеи технологияи муосир ворид гардад. Вобаста ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қароу қонунҳои дахлдор ба тасвиб расонида, чораҳои зарурӣ андешидааст. Ҳамзамон аз ҷониби муассисаҳои фарҳангии кишвар, хусусан “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа тағйироти назаррас ба вуҷуд оварда шуд ва баҳри такмили он корҳо ривоҷ доранд. Имрӯз бо вуҷуди нуқсонҳои ҷойдошта дар ин самт тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет қисмате аз китобҳоро бо забони тоҷикӣ пайдо ва истифода нмудан имконпазир гардиааст, ки боиси хушҳолӣ мебошад. Аз ҷумлаи навовариҳои технологӣ дар соҳаи китоб таъсис ёфтани сомонаи махсуси Китобхонаи миллӣ ва китобхонаи электронӣ дар шабаки интернет, зери унвонҳои http: //old.kmt.tj, http://kitobkhona.tj, падидаи нав дар соҳа буда, дар дастрасӣ ба китоб ва вусъат бахшидани сатҳи мутолиаи сокинон нақши назаррас доранд. Бо вуҷуди ташаккулу тараққии ин соҳа муҳаққиқону коршиносон фаъолиятро дар ин самт қадами нахуст пиндошта, барои пурра ворид гардидан ба ин низом корҳои зиёд ба анҷом расонидан лозим аст. Дар навбати аввал таҳқиқоти илмию асоснок ва пешниҳодоти андешаҳои муассир ва созанда тавассути таълифи китобу мақолаҳои арзишманд сурат мегирад, ки имрӯз ба он камари ҳиммат баста мешавад.
Аз ҷумла ба истифодаи аҳли соҳа ва хонандаи пурҷӯ қарор гирифтани китоби тозанашри “Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои китобдории Тоҷикистон”, ки онро дар ҳаҷми 320 саҳифа матбааи “Истеъдод” ба табъ расонид, аз ҷумлаи талошҳои судманд дар ин самт мебошад. Китоби мазкурро дар шакли маҷмуаи мақолаҳо номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муҳаққиқи соҳаи библиографияшиносӣ, Шариф Комилзода тартиб додааст. Китоб аз муқаддима ва 3 фасл: “Заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва моддию техникии татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ”, “Таъмини китобхонаҳо бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ”, “Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо ва марказҳои библиографӣ” иборат буда, доираи мавзуи меҳвариро пурра ба таври илмӣ фарогир аст. Дар таълифи мазкур, ба иловаи пешгуфтор, 13 мақолаи таҳлилию таҳқиқӣ ҷой дода шудааст, ки ҳар яке ба таври алоҳида самтҳои мухталифи соҳаи фаъолияти китобу китобдориро дар раванди рушди технологияи муосир мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Шариф Комилзода дар муқаддима аҳамияту зарурати интиқолу таҳаввул додани китобро ба навгониҳои замони муосир ва ба таври ногузир ворид гардидан ба низоми ҷадиди интишору мутолиаи китоб, ки рақамикунонӣ дар саргаҳ меистад, таъкид меварзад. Ба ақидаи ӯ раванди тезу тунди рушду тараққии технологияи ҷадид ва воситаҳои электронӣ боис гардидаанд, ки қисмате аз китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба низоми нави дастрассозии китоб ворид гарданд. Ҳамзамон ба таври мушикофона ба шарҳи матолиби китоб пардохтаву мавзуъро пурра фаро гирифта, моҳияту муҳтаво ва аҳдофи асосии ҳар як мақоларо муҷазона баён медорад. Бо мутолиаи пешгуфтори китоб, ки ҳаҷман 25 сафҳаи онро пур кардааст, хонанда нисбати таълифоти он маълумоти зарурӣ ва аввалия гирифта метавонад. Ба андешаи дигар пешгуфтори мураттиб гарчанде аз баёни ҳусну қубҳ ва зикри камбудиҳои китоб орӣ аст, тақрибан ҷавобгӯи як тақризи алоҳидаи публитсистӣ буда метавонад, ки муҳтаво, самт, ҳадаф ва нигоҳи ниҳоии муаллифонро ба таври мушаххас инъикос кардааст. Пас аз мутолиаи пешгуфтори китоб ба муқарриз, гарчанде ибрози андешаи бикр мушкил гардад, аммо моҳияту арзиш ва зарурати мавзуоти рӯзмарраи китоби тозанашр то ба он мартаба мерасад, ки аз зовияи ҳар назари дақиқбин ва диди нуктасанҷ андешаи ҷадиде пайдо хоҳад гашт.
Яке аз моҳиятҳои хоссаи таълифи ҷадид дар он зоҳир мегардад, ки вазъ, мушкилот, дурнамо, проблемагузорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар маркази таваҷҷуҳи нигорандагон қарор гирифта, дар амал татбиқ намудани андешаҳову пешниҳодоти судманди муаллифон омили рушд ва тараққии соҳаи китобу китобдорӣ, бо истифодаи технологияи нав ва оммавӣ гардонидани мутолиа мебошад. Раванди ҷаҳонишавӣ, рушди технологияи муосир ногузир омма, хусусан насли наврасро ба фазои маҷозӣ ворид месозад, ки дар сурати қонеъ насохтани нерӯи зеҳнии онҳо бо аносири созанда, падидаҳои номатлуб ва афкору андешаҳои тахрибгар метавонад майнаи насли миллиро пур созад. Имрӯз насли замони технологияро иҷборан ба мутолиаи каломи матбуъ савқ додан ғайриимкон буда, кӯшидан баҳри амалӣ сохтани ин тарзу усули ба қавле куҳна ба манфиати кор нест, балки талаботи онҳоро мувофиқи шароити дархӯри эшон бояд қонеъ сохт. Нигаронии муҳаққиқони китоб дар шакли илман ва асоснок сурат гирифта, аз як ҷониб ба рушду тараққии соҳаи китобу мутолиаи он равона гардида бошад, аз ҷониби дигар ба таври нарм гушзаде ба ҷомеаи маърифатпарвар мебошад, ки дар самти мавриди назар алакай дар вартаи таназзул ва ақибмондагӣ қарор гирифтаанд. Мураттиб бо вуҷуди баҳсҳои зиёде, ки дар доираҳои илмӣ вобаста ба сухани чопию электронӣ доир мегарданд ва бархе донишмандон аз тасаллути воситаҳои электронӣ бар каломи матбуъ нигаронӣ мекунанд, мутобиқшавӣ ба низоми электрониро дар соҳаи китоб ногузир мешуморад. Ҳамзамон андешаи мутахассисонеро, ки “...гӯё бо пайдо шудани технологияи нав ва китобхонаҳои электронӣ фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ қатъ меёбад”, беасос мехонад ва андешаи иддаи донишмандони дигарро, ки мегӯянд: “...манбаъҳои иттилоотии чопӣ ва электронӣ дар алоқамандӣ бо ҳамдигар тавассути воситаҳои маъмул ва нави коммуникатсионӣ мавриди истифода қарор мегиранд”, тақвият мебахшад. Ба андешаи мураттиби китоб фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ мухолифи ҳам набуда, баръакс комилсозандаи якдигар мебошанд. Нусхабардории китобҳои коғазӣ ва тавассути воситаҳои электронӣ мунташир намудани онҳо як навъ тарғиби китоби чопӣ мебошад. Гарчанде сухани чопӣ мавқеъ ва таъсири худро дорост ва ҷои онро дигар воситаҳои хониш гирифта наметавонанд, аммо дар навбати худ китобҳои электронӣ бартариҳои худро доро мебошанд. Аз ҷумла шароити ҳифзу нигоҳдории китоб тавассути ҳомилҳои электронӣ ба маротиб осон буда, теъдоди зиёди китобҳоро метавон дар як ҳомил ва ё ба истилоҳ “флешка”-и хурд ҷой дод ва ҳамроҳи худ бурд. Хонанда китобҳои электрониро сарфи назар аз зарфият, макону замони нигоҳдории онҳо ба таври осон метавонад дар дилхоҳ вақт истифода барад. Бартарии дигари он дар самти пажуҳишҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дида мешавад, ки бидуни интиқол ёфтан аз маконе ба ҷои дигар ва сарфи вақти зиёд муҳаққиқ метавонад ба адабиёти мухталиф дастрасӣ пайдо намояд. Табиист, ки имрӯз мушкилоти иқтисодӣ барои чопи китоб ба ноширону муаллифон монеа эҷод мекунад ва теъдоди зарурии китобро ба нашр расонида наметавонанд. Ҳамзамон ин проблема датрасӣ ба китобро мушкил мегардонад, ки на ҳама китоби заруриро хонанда саривақт соҳиб шуда метавонад. Ба андешаи муаллиф гузариш ба низоми электронӣ дар соҳаи китоб то андозае ин мушкилиро рафъ хоҳад кард. Ба таври мисол: “...агар нархи як нусха китоби чопӣ ба ҳисоби миёна аз 15 то 20 сомониро ташкил диҳаду ҳамагӣ 1000 ё 2000 нусха нашр шавад, диски китоби электронӣ метавонад бо арзиши аз 3 то 5 сомонӣ бо теъдоди аз 10 то 20 ҳазор нусха ба фурӯш бароварда шавад. Аз ин кор ҳам китобхонаҳо соҳиби теъдоди муайяни китобҳо мешаванд ва ҳам нашриётҳо имкони пардохти хароҷоти худро барзиёд иҷро мекунанд”.
Муаллифон ба вазъи технологияи иттилотӣ-коммуникатсионии соҳаи китобдорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ назар афканда, андеша, ҳукм, хулосабарорӣ ва пешниҳодоти эшон зоҳирӣ ва носанҷида набуда, балки дар асоси факту далелҳои қатъӣ, тадқиқоти илмӣ ва пурсишу санҷишҳои сотсиологӣ иброз мегарданд. Ба таври мисол муаллифон Шариф Комилзода ва Маҳмадалӣ Ҷалилов барои тадқиқи “Истифодаи ТИК дар фаъолияти китобхонаҳои оммавӣ ва китобхонаҳои макотиби олӣ” пурсишномаҳои сотсиологӣ тартиб дода, барои муайян намудани вазъ, 3268 нафар донишҷӯи 113 факултети 22 мактаби олии кишварро мавриди назарпурсӣ қарор додаанд, ки дараҷаи таҳқиқи эшонро муҳкам ва боварибахш гардонидааст. Таҳқиқи эшон ба хонанда хулосаи умумӣ дода метавонад, ки ба истиснои бархе аз китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва марказӣ, китобхонаҳои оммавии деҳот аз навовариҳои электронӣ бебаҳра мондаанд. Мушкили дигар дар ин самт он аст, ки аксари кормандони китобхонаҳо аз уҳдаи истифодаи самараноки таҷҳизоти техникии дар ихтиёрашон буда баромада наметавонанд. Вижагии таҳқиқоти китоби мазкур дар он аст, ки муаллифони матолиб дарвоқеъ мутахассисони касбӣ буда, аз соҳаи фаъолияти китобдорӣ пурра воқифанд. Ин омил боис гардиааст, ки мавзуи мавриди назари эшон омӯзиши мукаммал гардида, вазъи кунунии китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар самти технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба таври фарогир омӯхта шуда, рушд, дурнамо, роҳҳои ҳал ва андешаҳои хулосавии эшон пешниҳоди хонанда, хусусан мутахассисони соҳаи китобдорӣ гардидааст.
Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд зарурат ва масъулияти асосии ҷомеаи маорифпарвару фарҳангпарвари миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба он ҳамаҷониба таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Макотиби миёнаи умумӣ дар ин самт яке аз вазоифи асосиро бар уҳда дошта, хусусан китобхонаҳои он дар таълиму ташаккули фарди солим нақши бориз доранд. Насли нисбатан куҳансолтар огоҳанд, ки дар замони Шӯравӣ китобхонаҳои макотиби миёна дар сохти фарди мукаммалу солими иҷтимоӣ чигуна нақши созандаро иҷро мекарданд. Муҳаққиқони таълифоти китоби мазкур таъкид медоранд, ки имрӯз макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар тарбияи насли наврас нақши муҳим мегузорад, аммо дар ин радиф раванди омӯзиши мактаббачагон бояд бо низоми дастрасӣ ба иттилоот тавъам гардонида шавад. “Вале китобхонаҳои мактабӣ ҳамчун сохтори иҷтимоӣ имрӯз бар асари сабабҳои объективӣ ва субъективӣ вазифаҳои худро ба пуррагӣ иҷро накарда истодааст. Яке аз сабабҳои асосии ин мушкилот нарасидани кадрҳо, дур мондан аз истифодаи технологияи инноватсионӣ ва ҳолати ногувори фондҳо, истифода нашудани имкониятҳои мавҷуда мебошад”. Ба андеша ва таҳқиқи муаллиф бо вуҷуди камбудиҳо имрӯз ба андозаи муайян макотиби миёна ба низоми иттилоотӣ ва раванди воситаҳои электронӣ ворид гардида истодааст, ки дар рушду нумуи илмӣ, ахлоқӣ ва муҳофизату пайгирии фарзандон саҳми хубе мегирад.
Маводи таҳиягардидаи китоб асосан дар партави лоиҳаи “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (2021-2025)-и Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот сурат гирифта, дар раванди экспидитсияҳои мардумшиносӣ ва сафарҳои хидматӣ, ки маъхази асосии онро пурсишномаҳои сотсиологӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омадаанд. Ин омил арзиш ва моҳияти таълифи мазкурро афзудааст. Раванди таҳқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки китобхонаҳои ш. Хуҷанд дар самти технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ нисбатан пешгоманд. Аз он қабил китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии ш. Хуҷанд ва китобхонаи низоми марказонидашудаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мебошанд, ки аз ҷониби муҳаққиқон мавриди омӯзиши касбӣ қарор гирифта, натиҷаи назарпурсиҳо ва хулосаи эшон баёнгари онанд, ки дар китобхонаҳои мазкур истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ба таври комил мавриди истифода қарор дорад.
Зикру баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи китоби тозанашри “Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои китобдории Тоҷикистон” дар доираи як тақриз, ки кӯтоҳбаёниро талаб мекунад, гунҷоиш намеёбад ва арзёбии васеъу доманадорро тақозо менамояд. Умуман таълифи мазкур дар соҳаи китобдорӣ дарстоварди арзишманд маҳсуб гардида, ҳамчун дастуруламали муҳим, лозим аст, ки ба китоби рӯимизии ҳар корманду мутахассиси китобхонаҳои ҷумҳурӣ табдил ёбад. Маврид ба ёдоварист, ки дар қиёс бо теъдоди ҳангуфти китобхонаҳои кишвар адади нашри он, ки аз 200 нусха беш нест, кам ҳисобида мешавад. Агар муаллифону ноширон ин пешниҳодро дар нашрҳои баъдии китоб ба назар гиранд, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Қадриддин ИСОЕВ, ходими пешбари
илмии шуъбаи Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ