КОНСТИТУТСИЯ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

Зери ин унвон 5-уми ноябр дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеъи кормандону ходимони илмї мизи мудаввар баргузор гардид.

Ҳамоишро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Конститиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Мавсуф вобаста ба моҳият ва нақши Конститутсия ибрози андеша намуда, таъкид варзид, ки Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар таъсири мусбат расонида, ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Ҳар як шаҳрванди тоҷик бо такя ба асосҳои қонунии он ҳаёти озоду осоишта ба сар бурда, дар ватани хеш саодатманду сарбаланд зиндагӣ мекунад.

Баъдан сухан ба намояндаи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азимова Фарида дода шуд. Мавсуф зимни суханронияш нуктаҳои муҳимро оид ба Конститутсияи ҶТ, ҳуқуқ ва озодии инсон дар ҷомеаи имрӯза ва ба ин монанд ироа намуд.

Сипас аз рӯи барнома сухан ба Ҷӯраев Мирзоалӣ муовини директори Пажӯҳишгоҳ оид ба корҳои илмӣ дода шуд. М. Ҷӯраев дар мавзуи “Конститутсия баёнгари ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва эҷоди илмӣ суханронӣ намуда, дар таъсис ва ташаккули он нақши Пешвои миллатро назаррас ҳисобид. Конститутсияро санади тақдирсоз унвон намуда, иброз дошт, ки аввалин бор мардуми тоҷик бо ин восита ба ҷаҳониён эълон намуд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мустақилона соҳибихтиёрӣ ва рушди давлати худро таъмин менамояд. Номбурда дар маърӯзаи худ бештар ба алоқамандии Конститутсия бо фаъолиятҳои фарҳангию илмӣ таъкид варзида, модддаҳоеро номбар ва шарҳу тафсир намуд, ки вобаста ба фарҳангу корҳои эҷодӣ ироа гардидаанд ва эҷодиёти илмию фарҳангии ҳар шаҳрвандро кафолат медиҳанд.

Носирова Лайло мудири бахши фарҳанги ғайримоддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ маърӯза ироа намуда, дар самти эҳё, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тармими ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик, ки ба ҳайси муаррифгари миллат шинохта мешаванд, нақши Коститутсияро асосӣ арзёбӣ намуд. Масъалаҳои ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудаанд, ки ин омил барои ба тасвиб расидани қонуну қарорҳои мухталиф дар ин самт боис гардидааст. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои конститутсионии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳифзи табиат, арзишҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва дарки эҳсоси масъулиятшиносӣ дар ин самт мебошад.

Мудири шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ Абдуллоев Шамсуддин дар мавзуи “Конститутсия ифодагари орзую омоли халқ  суханронӣ намуда, ормонҳои садсолаҳо дар қалб парваридаи миллати тоҷикро, ки дар даврони истиқлолият амалӣ гардиданд, ба таъсири мусбии он рабт медиҳад. Дар давоми амали 30-солаи худ Қонуни асосии ҷумҳурӣ дар тамоми соҳаҳои кишвар нақши калидиро иҷро намуда, аз ҳуқуқу озодиҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатии халқ ҳимоя намудааст. Номбурда иброз дошт, ки бо таъсис ёфтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 беҳуқуқиҳо, ноадолатиҳо ва бесарусомониҳо тадриҷан аз миён рафта, љойи онро волоияти қонун касб намуд. Дар давоми 30 соли соњибситиқлолӣ мардуми шарафманди тоҷик зери сояи ин санади тақдирсоз худро озоду сарбаланд ҳис намуда, фаъолиятҳои иҷтимоию сиёсии худро ба таври густурда ба роҳ монданд, ки ин ҳама аз шарофати Конститутсия мебошад.      

Мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ Юсуфов Ифтихор дар мавзуи “Конститутсия кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон” маъруза намуда, яке аз ҳадафҳои олии онро ҳимоят ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ кард. Номбурда иброз дошт, ки масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳаёти мардуми ориёинажод мақоми хоса дошта, ин масъала дар Эъломияи Куруши Кабир дарҷ гардидааст. Дар он нобаробарии ҳуқуқу манфиатҳои одамон, нажодпарастию маҳалгароӣ, таҳқиру тавҳини одамон ва ғайра маҳкум гардидаанд, ки ин нуктаҳо ҳамчун сарчашма дар Эъломияи ҳуқуқи башар ҷой дода шудаанд. Юсуфов Ифтихор дар суханронии худ таъкид кард, ки зикри боби дуюми Конститутсия, ки “Ҳуқуқ, озодӣ вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” унвон гирифта, аз 33 модда иборат аст, дар самти ҳимояву кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон кофӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, дар қисмати музокираҳо ходимони пешбари илмии шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр Мурод Муродӣ ва Эшонқулов Эшонқул, Сафаров Мунаввар ва Мирзоев Саъдӣ ходимони пешбари илмии шуъбаи санъатшиносӣ доир ба ҳусну қубҳи маърузаҳо суолҳои мухталиф матраҳ намуданд ва вобаста ба нақши Конститутсия ва миллати қонунгустару адолатпеша будани тоҷик ибрози андеша карда, баҳсу мунозираҳои илмӣ доир намуданд.  

Исоев ҚАДРИДДИН

ходими пешбари илмии шуъбаи

фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ПИТФИ.

барчасп: