КОНСТИТУТСИЯ КАФИЛИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Яке аз нуктаҳои асосии Конститутсия, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ арзиши баланд дорад, ҳуқуқу озодии инсон ва манофеъи арзишиву ахлоқии ӯст. Ҳуқуқу озодии инсон дар зиндагии мардуми ориёинажод мақоми вижаеро соҳиб аст. Азҷумла соли 539 пеш аз мелод Куруши Кабир дар эъломияи худ дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёти арзанда, озодӣ ва баробарии одамон, аз байн бурдани ғуломдорӣ ҳамчун таҳқир ба шаъну эътибори инсонӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон таъкид карда буд, ки ин нукот ҳамчун арзишҳои бунёдӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дарҷ гардидаанд.  Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ 10-уми декабрро ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн мегиранд ва ин сана ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар алоқаманд мебошад. Қобил ба зикр аст, ки дар мазмуну муҳтавои ин санади байналмилалӣ гузаштагони барӯманди мо саҳми сазовор доранд.

Дар ҳаёти то шуравии мо ҳуқуқу озодиҳои инсон дар доираи қавонини исломӣ баррасиву ҳукм мешуданд, аммо пас аз таъсиси ҶМШСТ Тоҷикистон солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 Конститутсия қабул карда шудааст. Ин конститутсияҳо тӯли солҳои гуногун тадриҷан такмил ёфта, масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсонро пурра гардондаанд. Масалан дар Конститутсияи соли 1929 ташкили Тоҷикистон ҳамчун 7-ум давлати мустақили ИҶШС, таҳкими сохти сотситалистӣ ва ҳалли масоили дохилӣ авлавият доштааст. Дар Конститутсияи соли 1931 таъмини диктатураи пролетарӣ, аз байн бурдани буржуазияву истисмори одам аз ҷониби одам, татбиқи амалии коммунизм, ки шарти муҳимми он ба табақаҳо ҷудо нашудани ҷомеа ва ҳукумат буд, таваҷҷуҳи бештарро касб кардааст. Конститутсияи мазкур ба шаҳрвандон ҳуқуқи озодии сухан ва виҷдон, ҳуқуқ ба гирдиҳамоиҳо, митинг ва ғ., ҳуқуқ ба таҳсил ва корбурди озоди забони модарӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фархангии кишвар, эътирофи меҳнат ҳамчун уҳдадории ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва амсоли инро додааст.

Дар Конститутсияи соли 1937 боби нав илова гардидааст, ки дар конститутсияҳои қаблӣ ба назар намерасад. Боби мазкур (IX) «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии шаҳрванд» унвон дошта, таҳавввули ҳуқуқии мақоми инсонро дар ҳудуди Тоҷикистон ифода мекард.

Шаҳрвандони ҶШС Тоҷикистон дар асоси ин Конститутсия ҳуқуқ ба меҳнат, музд мувофиқи миқдор ва сифат, хуқуқи истироҳат, вақти корӣ (кам кардани рузи корӣ барои як қатор касбҳои мехнаташон вазнин), рухсатии бо музди меҳнат, таъмин бо санаторияҳо ва истироҳатгоҳҳоро доштанд (моддаи 106). Инчунин шаҳрвандон дар пирӣ, беморӣ ва гум кардани қобилияти корӣ ҳуқуқ ба таъминоти моддӣ (моддаи 107), таълими бепул (моддаи 108), ҳуқуқҳои баробар ба мардон ва занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ (моддаи 109), сарфи назар аз миллат ва нажод ҳуқуқҳои баробар доштани ҳама шаҳрвандон (моддаи 110), озодии виҷдон (моддаи 111), озодии сухан, матбуот, кафолати гузаронидани митингу гирдиҳамоиҳо (моддаи 112); хуқуқ ба ташкили иттиҳодияҳо (моддаи 113), дахлнопазирии шахс (моддаи 114), манзил ва махфияти мукотиба (моддаи 115); ҳуқуқи додани паноҳгоҳ ба шаҳрвандони хориҷӣ (моддаи 116) ва амсоли инро пайдо кардаанд.

Дар Конститутсияи соли 1978 ба таъминоти иҷтимоиву иқтисодии мардум, ёрдампулиҳо, интихоби касб, баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти касбӣ ва ба ин монанд бештар диққат дода шудааст.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид, аммо сар задании оташи ҷанги шаҳрвандӣ қабули конститутсияро муддате боздошт ва ниҳоят 6-уми ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ба конститутсияи мазкур се маротиба таѓйиру иловаҳо ворид карда шуд. Азҷумла дар тағйироти 1999 аз 5 то 7 сол, вале танҳо як муҳлат зиёд кардани муҳлати ваколатҳои президенти ҷумҳурӣ, таъсиси парлумони дупалатагӣ, иҷозат барои бақайдгирии ҳизбҳои сиёсии динӣ, кафолати озодии баён ва дин илова гардид.

Дар таѓйироти соли 2003 муҳлати ваколати Президенти ҶТ то ҳафт сол ва на бештар аз ду муҳлати пайдарпай, вале дар айни замон, муҳлати қаблии президенти феълӣ маҳуд карда шуд.

Дар таѓйироти соли 2016 ба қонуни асосӣ 41 ислоҳ дароварда шуд. Азҷумла:

- тибқи таѓйиру иловаҳо ба модаи 65-и Конститутсия ба Президенти амалкунанда иҷозат дод, ки такроран ва номаҳдуд номзад шавад;

- синни ҳадди аққали номзадҳо ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30 сол кам карда шавад;

- ҳизбҳои сиёсиеро, ки идеологияашон ба ақидаҳои динӣ асос ёфтааст, манъ гардад.

Яке аз вижагиҳои Конститутсияи соли 1994 афзалияти инсон ва озодиҳои ӯст. Ин мазмун аз саҳифаи аввали Конститутсия аён мегардад, ки чунин аст: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Ҳамин тариқ, аз боби якуми Конститутсия («Асосҳои сохтори конститутсионӣ»), ки пояи назарии қонуни асосӣ аст, моддаи 1 давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон ва барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро таъкид ва ҳамзамон дар моддаи 5 инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ муаррифӣ карда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд, ки далели гуфтаҳои болост.

Далели кафили бевоситаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон будани Консититсияи ҶТ ин боби дуюми он - «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» буда, аз 33 модда иборат аст. Боби мазкур бо ҳама моддаҳояш ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дорои арзиши гаронбаҳо ва дахлнопазир маънидод мекунад. Ба ин гуфта метавон ҳама моддаҳоро мисол овард, аммо кофист, ки ба моддаи 24 таваҷҷуҳ намоем. Он чунин аст: «Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад». Яъне новобаста аз вазъият, шароит ва дигар сабабҳо Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Конститутсия ҳозир аст шаҳрвандро пазируфта, ҳуқуқу озидиҳои ӯро ҳифз кунад. Ё дар моддаи 30-юми боби 2 гуфта шудааст, ки ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад, аммо таблиғоту ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад. Ё худ моддаи 40, ки дар он ба ҳама ҳуқуқи эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ дода шудааст. Моддаҳои мазкур исботи онанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад.

Хуллас, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон сар карда аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, то Конститутсияи ИҶШС Тоҷикистон ва Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми аввалиндараҷаро касб менамояд. Бинобар ин, дар заминаи кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд қонуни асосии имрӯзаи Тоҷикистонро метавон Конститутсияи инсонпарвару инсонмеҳвар номид, ки дар таҷоруби ҷомеаи ҷаҳонӣ беназир арзёбӣ мегардад.    

Юсуфов Ифтихор,

мудири шуъбаи ВАО

ва табъу нашри ПИТФИ.

барчасп: