ҲАДАФ – БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ДОНИШИ ТАХАССУСИИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ (дар ҳошияи баргузории ду семинари омӯзишӣ дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон)

Бо ташаббуси ходимони илмии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ рӯзи 7 ноябри соли 2024 дар толори Китобхонаи марказии ноҳия семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Татбиқи технологияи муосир дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ” доир гардид. Семинарро муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Низорамоҳ Зарифӣ оғоз намуда, иброз доштанд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии хонандагони китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Дӯстӣ китобдоронро зарур аст, ки дар фаъолияти касбии худ технологияи иттилоотӣ-коммуникатсиониро (минбаъд ТИК) васеъ истифода намоянд ва барои такмили сатҳи дониши тахассусии хеш аз ин воситаҳои муосир донишҳои иловагӣ гиранд. Сипас мудири бахши фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ Иноятулло Ҳасанов оид ба мавзуи “Таҳаввули фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ дар даврони истиқлолмаърӯза кард. Ӯ қайд намуд, ки дар даврони истиқлол муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилу баргузории силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ саҳми муносиб гузоштанд. Директори низоми китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Дӯстӣ Шариф Ширинов дар мавзуи Вазъи таъмини китобхонаҳои ноҳияи Дӯстӣ бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣсуханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла ишора кард, ки дар даврони истиқлол Китобхонаи марказӣ ва ду филиали он бо ТИК таъмин гардид ва имрӯз ин китобхонаҳо имкон доранд бевосита бо истифода аз шабакаи Интернет ва дигар воситаҳои муосири иттилоотӣ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии китобдорӣ тадбирҳо андешанд.

Ходими пешбари илмии ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар маърӯзаи хеш Аҳаммияти истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар тақвияти фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ”, ки мавзуи калидии семинар ба шумор мерафт, оид ба ҳадафу вазифаҳои ТИК дар беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ бо мисолҳои мушаххас маълумоти муфассал пешниҳод кард.  Ба андешаи ӯ “ТИК ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи иттилоотӣ ба тамоми самтҳои асосии фаъолияти китобхона таъсир расонида, сатҳу сифати хизматрасонии китобдорӣ-библиографиро беҳтар мекунад ва дастрасиро ба иттилоот ва захираҳои фаровони ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд”. Ҳамзамон Ш. Комилзода таваҷҷуҳи иштирокчиёни семинарро ба самтҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо, ки бо ТИК бештар сару кор доранд, ҷалб намуда, истифодаи ҳар як амалиёти мавҷударо бо дарназардошти самтҳои ҷудогонаи фаъолияти китобхонаҳо шарҳу эзоҳ дод.

Дар робита ба ин, ходимони калони илмии ПИТФИ Оксана Титова ва Азиза Раҷабова дар мавзуи «Худкорсозии равандҳои китобдорӣ бо истифода аз технологияи муосир» бештар масъалаҳои: таъсиси таваққуфгоҳҳои худкори корӣ; таъсиси китобхонаи электронӣ;  таъсиси китобхонаи маҷозӣ; таъсиси сомонаи интернетӣ; сканеркунии ҳуҷҷатҳо; нусхабардории ҳуҷҷатҳо, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин мудири шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ Саломудин Наимов дар мавзуи “Истифодаи технологияи муосир дар ташкили корҳои оммавии китобхона” баромад намуда, доир ба истифодаи технологияи муосир дар таҳияи нақша ва ҷамъоварии мавод барои баргузории чорабиниҳои китобхона, ташкили экскурсияҳо, дарсҳои китобдорӣ, гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо бо тариқи онлайн, иштирок ва баҳрабардорӣ аз чорабиниҳои оммавӣ тавассути интернет-транслятсия, муаррифии китобҳои тозанашр ва ба хониш ҷалб намудани хонандагон маълумот дод.

Дар ин семинар китоби тозанашри “Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои китобдории Тоҷикистон” муаррифӣ шуд ва ягҷоя бо дигар китобҳои тозанашри ПИТФИ ба Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ тақдим гардид.

Дар охир байни кормандони муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ, аз ҷумла китобдорони китобхона-филиалҳои ноҳия ва мутасаддиёни баргузории семинар мубодилаи афкор сурат гирифта, тавсияҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳия пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ходимони илмии ПИТФИ рӯзи 11 ноябри соли 2024 дар Китобхонаи марказии ноҳия семинари омӯзиширо дар мавзуи «Ташкили Маркази иттилооти ҳуқуқӣ дар китобхонаҳо» бо иштироки 40 нафар кормандони китобхонаҳои ноҳия баргузор намуданд. Сараввал семинарро мудири бахши фарҳанги МИҲД ноҳия Насиба Латифзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба вазъи муассисаҳои фарҳангии ноҳия ва дастовардҳои онҳо дар даврони истиқлол маълумот дод. Сипас директори низоми китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳия Наргис Салимзода дар мавзуи “Саҳми китобхонаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар оммавигардонии донишҳои ҳуқуқӣ” баромад кард. Ӯ оид ба вазъи китобхонаҳои ноҳия, таъмини онҳо бо адабиёти ҳуқуқӣ ва саҳми китобхонаҳо дар ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Ҳафтаи китобҳои кӯдакону наврасони Тоҷикистон” иттилоъ дод. Ходимони калони илмии ПИТФИ Оксана Титова ва Азиза Раҷабова дар мавзуи “Санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ ва аҳаммияти онҳо дар танзими фаъолияти китобхонаҳо” сухан гуфта, қабули қарору қонунҳо, барномаву консепсияҳои соҳаи китобдорӣ ва татбиқи онҳоро ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти китобхонаҳои мамлакат шарҳу эзоҳ доданд. Сипас ходими пешбари илмии ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар мавзуи Таъсиси «Маркази иттилооти ҳуқуқӣ» дар китобхонаҳо омили муҳимми баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон” маърӯза кард ва таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба масъалаҳои татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати дастрасӣ доштан ба иттилоот, фароҳам овардани шароит барои босифат ва саривақт пешниҳод намудани маълумоти расмӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкили дастрасии озод ба иттилооти ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон дар асоси ташкил ва истифодаи самараноки Маркази иттилооти ҳуқуқӣ бо истифода аз технологияҳои пешрафта, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла сатҳи огоҳӣ ва саводнокии ҳуқуқӣ, ҷалб намуд. Дар робита ба ин масъала, ки идомаи мантиқии маърӯзаи асосии семинар буд, мудири Шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ Саломуддин Наимов дар мавзуи “Бунёди фонди ҳуҷҷатҳои чопӣ ва электронии «Маркази иттилооти ҳуқуқӣ»-и китобхонаҳо” баромад кард.

Дар мубодилаи афкор, кормандони Китобхонаи марказӣ, китобхона-филиалҳо ва ходимони илмии ПИТФИ фаъолона иштирок намуда, роҷеъ ба дастоварду камбудиҳои ҷойдошта сухан гуфтанд ва пешниҳод гардид, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи китобдорӣ бештар ташкил ва баргузор гарданд.

Ҳамин тавр, таҳлили натиҷаи семинарҳои баргузоршуда нишон дод, ки бо истифода аз ин навъи чорабинӣ, муҳаққиқон имкон доранд, ки оид ба вазъи воқеи муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаҳо бештар маълумотҳои дақиқ ҷамъоварӣ намоянд. Чунки баҳсу мунозираҳои дар семинар баргузоршуда ба бештари масъалаҳои ҳалталаб равшанӣ андохта, роҳи ҳалли онҳоро нишон медиҳад.

Оксана ТИТОВА,

Азиза РАҶАБОВА,

ходимони калони

илмии ПИТФИ


 

 

барчасп: