Вазъи хонаҳои фарҳангии ноҳияи Ховалинг

Гиромидошти таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбуёди тоҷик пайваста мавриди таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, Ҳукумати мамлакат дар дохил ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро дар самти рушд ва муаррифии фарҳанги миллӣ ба анҷом расонида истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъала дар яке аз суханрониҳояшон чунин ибрози андеша намуданд: «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист», ки ин таъкидот, албатта, барои ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарвар сармашқи ҳаёту фаъолият гардидаанд. Ҳамзамон дар самти рушду тараққиёти соҳаи мазкур омили таконбахш буда, хусусан ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангии кишвар таъсири мусбат мерасонанд.

Ҷиҳати таҳқиқу пажуҳишҳои илмӣ, гузаронидани пурсишномаҳои сотсиологӣ ва гирдоварии мавод оид ба ҳолати имрӯзаи муасиссаҳои фарҳангии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, аз қабили осорхонаҳо, қасри фарҳанг, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ёдгориҳои таърихӣ, хонаҳои фарҳангӣ ва ё клубҳо мутобиқи лоиҳаи «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол (2021-2025)»-и Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари хидматӣ анҷом додем. Мушоҳидаҳои умумӣ нишон доданд, ки бо вуҷуди мушкилоту камбудиҳои зиёд вазъи муассисаҳои фарҳангии ноҳия дар даврони истиқлолият такомул ёфта, рушд намудааст. Фаъолияти доимии қасри фарҳанг дар маркази ноҳия ва барпо намудани чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ тавассути он аз фарҳангу тамаддуни мардуми маҳал ва дар ҳоли рудш будани ин соҳа дарак медиҳад. Толори қасри фарҳанг 120 ҷои нишаст дошта, бо шароити замонавӣ муҷаҳаз мебошад. Дар он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ ба роҳ монда мешавад, ки ин омил дар рушду равнақи ҷонибҳои маънавии мардуми маҳал таъсири амиқ мерасонад. Гарчанде барои Қасри фарҳанг соли 2011 бинои барҳавое ҷудо гардидааст, аммо ба талаботи меъмории фарҳангӣ ҷавобгӯ нест. Ин боис гардидааст, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва бо ташаббуси Ҳукумати ноҳия сохтмони бинои наву замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯйи қасри фарҳанг оғоз гардидааст.

Имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 5 клуб (хонаҳои фарҳангӣ) бо иловаи як клуби сайёр: Клуби деҳаи Токак, клуби деҳаи Лоҳутӣ, клуби деҳаи Доробоӣ, клуби деҳаи Ҳалқаёр, клуби деҳаи Шугнов бо вуҷуди нуқсонҳо аз фаъолият боз наистодаанд. Боздид ва омӯзишҳо нишон доданд, ки вазъу фаъолияти клубҳои ноҳия дар ҳолати миёна қарор дошта, биноҳои баъзеи онҳо дар ҳолати нохуб ва садамавӣ қарор доранд.

Клуби деҳаи Доробӣ аз он қабил мебошад, ки бинои он дар ҳолати хароб қарор дошта, фаъолияти фарҳангияш низ қаноатбахш нест. Мизу курсиҳои шикаста, деворҳои хароба, сақфи валангор ва намои зоҳирии ногувори бино баёнгари онанд. Як утоқи бинои клуб ба китобхонаи хурде хос гардидааст, ки чунин фаъолияти муштарак иҷрои вазифаи клубро нокомил мегардонад. Ба гуфтаи мудири клуб Зебогул Шамсидинова аз нарасидани созҳоҳои мусиқӣ ва кадрҳои соҳибтахассусу болаёқат танқисӣ мекашанд.

Клуби деҳаи Лоҳутӣ дар замони истиқлолият бунёд гардида, нисбатан шароити хубро доро мебошад. Клуби мазкур аз як утоқи корӣ ва толор бо 60 ҷои нишаст иборат буда, гарчанде тавассути он баъзан чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва сиёсӣ, аз қабили конфронсҳо, мизҳои мудаввар, намоишҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шавад ҳам, аммо ин хонаи фарҳанги вазифа ва рисолати аслии худро ба таври шоён анҷом дода наметавонад. Сабаб дар он аст, ки клуби мазкурро ба маркази омӯзишии забонҳои хориҷӣ табдил додаанд ва ин боис гардидааст, ки хонаи маданият вазифа асосии худро, ки тарғибу ташвиқи фарҳанги бумиву миллӣ мебошад, иҷро намекунад. Аз ҷаҳду талоши мудири кунунии клуб Наргис Файзалиева бармеояд, ки ӯ баҳри беҳтар намудани вазъ ва фаъолияти он бетафовут нест.

Клуби деҳаи Токак низ вазъи чандон хуб надорад. Ба гуфтаи мудири клуб Хоҷаев Амонулло тамоми чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар мактаби миёнаи умумии деҳа гузаронида мешавад. Сабаб дар он будааст, ки ин хонаи фарҳанг аз созҳои мусиқӣ ва дигар ашёи зарурӣ батамом маҳрум мебошад.

Клуби деҳаи Ҳалқаёр нисбатан фаъолтар мебошад. Бинои он аз замони Шӯравӣ мерос монда, аз таъмир гузаронида шудааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони клуб дар назди худ вазифа гузоштаанд, ки тавассути ҷалб намудани доираи васеи ҳаваскорону ҳунармандон ва барпо намудани дигар чорабиниҳои фарҳангию тарбиявӣ дар рушди маънавиёти мардум ҳиссагузор бошанд. Бо вуҷуди фаъолтар будани ин клуб камбудиҳо низ ҷой доранд, ки аз он қабил нарасидани созҳои мусиқӣ мебошад.

Клуби шаҳраки Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти Шугнов низ нисбатан фаъол буда, бо фаъолияти фарҳангии худ дар маънавиёти мардуми маҳал саҳми арзандаи худро мегузаорад ва баҳри маърифатноку фарҳангдӯст гардонидани онҳо ҷидду ҷаҳди зиёд мекунад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин клуб ҳама гуна чорабиниҳо гузаронида мешавад. Ҳамзамон баҳри амалӣ гардонидани дурнамои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ саҳми худро мегузорад. Дар моҳи январи соли 2024 кору фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Ҷамоати деҳоти Шугнов ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва дигар фаъолон ба роҳ мондааст.

Умуман аз натиҷаи пажуҳиш дида шуд, ки вазъи ин типи муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон зоҳиран аз мавҷудияти худ дарак медиҳанд, аммо аз нигоҳи амал ва фаъолияти ҳақиқӣ дар сатҳи хуб қарор надоранд. Вазъи ногувори биноҳо, мавҷуд набудани инфрасохтори зарурӣ, аз қабили мизу курсиҳо ва дигар технологияи замони муосир, нарасидани созҳои мусиқӣ, нарасидани кадрҳои соҳибтахассус, маоши ғайриқаноатбахш, хусусан мудирони ғайритахассусӣ, ки ағлаби эшон таҳсилкардаҳои ихтисосҳои дур аз соҳаи фарҳанг мебошанд, фаъолияти клубҳо ва ё хонаҳои фарҳангро заиф нигоҳ медоранд.  

Шарипов АБДУСАМАД

Ходими пешбари илмии

 шуъбаи фаъолияти

иҷтимоӣ-фарҳангӣ

барчасп: