ТАҶАССУМИ ИҚДОМҲОИ БУНЁДКОРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПУБЛИТСИСТИКАИ МУОСИР

Ба ҳамагон маълум аст, ки 16-уми ноябр барои миллати тоҷик санаи тақдирсоз маҳсуб меёбад. Маҳз дар ин сана Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қарорҳоро қабул кард, ки ҳаёти минбаъдаи тоҷиконро куллан дигар кард. Тайи чанд соли охир ин санаи таърихӣ барои хизматҳо ва фидокориҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мегардад.

Бахшида ба ин сана 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи имлӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Таҷассуми иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат дар публитсистикаи муосир” дар доираи лоиҳаи илмии “Инъикоси бунёди сохтмонҳои азим ва ташаббусҳои байналмиллалии Тоҷикистон дар публитсистикаи муосир (2021 – 2025)” баргузор гардид. Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким шурӯъ гардид. Мавсуф зимни суханрониаш аз Рӯзи Президент ҳамчун рӯзи тавлиди миллат, умри дубора бахшидан ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амсоли ин ёдовар шуда, хизматҳои Пешвои миллатро басо шоён ва беназир арзёбӣ намуд.

Пасон доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ дар заминаи баҳсҳои публитсистӣ маърӯзаеро таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи сохтмони НБО-и “Роғун” ироа намуд. Профессор М. Муродӣ аз мушкилоти сохтмони НБО-и “Роғун”дар замони шуравӣ, таҳлили мақолаҳои мубоҳисавӣ дар ин давра фикру андешаҳояшро мухтасар иброз намуд.

Ходими калони илмии ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Насруддин Охунзода бошад, доир ба “Масъалагузориҳои НБО-и “Роғун” дар суханронӣ ва Паёмҳои Пешвои миллат” маърӯза ироа кард. Мавсуф масоили марбутаи НБО-и Роғунро дар мисоли сухарнониву Паёмҳои Пешвои миллат ҷӯё шуда, тариқи таҳлилҳои илмиву публитсистӣ ба мавзуъ ҳусни дигар бахшид.

Сипас, мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ Ифтихор Юсуфов доир ба “Тасвири корнамоии Пешвои миллат дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо” суханронӣ намуд. И. Юсуфов дар такя ба осори публитсистии нависандаи публитсист Шералӣ Мӯсо симои Пешвои миллатро ҳамчун бунёдкор ва корномаҳои ин абармардро беназиру беқиёс арзёбӣ кард.

Ходими калони илмии ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Манижа Баҳромзода “Доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо (дар мисоли маводи рӯзномаи “Ҷумҳурият”)” суханронӣ намуд. Мавсуф дар мавриди эълон шудани соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби Пешвои миллат, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва инъикоси ин масоил дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” муфассал фикру ақидаҳояшро баён намуд.

Баъдан аз ҷониби роҳбари муассиса рӯнамоии маҷмуаи мусоҳибаҳои муҳаққиқ Манижа Баҳромзода “Бозтоби масъалаҳои об дар радиои “Ховар”, ки дар ҳошияи эътирофи ташаббуси панҷуми байналмилалии Тоҷикистон оид ба эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби СММ ва дар доираи “Инъикоси бунёди сохтмонҳои азим ва ташаббусҳои байналмиллалии Тоҷикистон дар публитсистикаи муосир (2021 – 2025)” чоп гардидааст, сурат гирифт. Профессор Мурод Муродӣ ҳамчун муҳаррири маҷмуа ва худи муаллиф доир ба бахшу қисматҳои маҷмуа ва вижагиҳои он мухтасар шарҳу тавзеҳ доданд. Маҷмуа аз ҷониби иштироккунандагон хуб қабул гардид.

Дар бахши мубодилаи афкор н.и.ф., дотсент Комилзода Шариф, устодони факултети журналистикаи ДМТ дотсент Гулов Сангин ва профессор Нуриддин Бозорзода фикру ақидаҳояшонро доир ба маърӯзаҳои баромадкунандагон ва маҷмуаи рӯнамоишуда баён намуданд. Дар идома директори Муассисаи давлатии таъминоти “Савдои китоб”, шоири ширинкалом Содиқ Завқӣ пас аз баёни фикру андешаҳояш шеъри тозаеро бо унвони “Пешвои мо” қироат намуд.

Ҳамоиш басо ҷолибу хотирмон гузашт.

Ифтихор Юсуфов,

мудири шуъбаи воситаҳои

ахбори омма ва табъу нашри ПИТФИ.

 

барчасп: