Таҳти ин унвон 22-юми ноябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеъи кормандону ходимони илмӣ ва меҳмонон аз дигар муассисаҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, н.и.ф. Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод гуфт. Мавсуф вобаста ба моҳият ва нақши Парчам дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлату миллат ибрози ақида намуда, ҳамзамон зикр кард, ки ҳамасола дар кишвари мо 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ин ҷашну ин ифтихорро ӯ аз файзу баракати Истиқлол арзёбӣ намуда, қайд кард, ки маҳз бо шарофати Истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба гиромидошти арзишҳои миллӣ рӯ овардем.
Баъдан сухан ба намояндаи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Усмонзода Муслим дода шуд. Мавсуф зимни суханронияш нукоти муҳимеро оид ба Парчами давлатии ҶТ, эҳтирому эътирофи миллату давлат дар партави рукнҳои давлатдорӣ, нақши Иҷлосиси XVI Шурои Олӣ дар қабули қарорҳои тақдирсоз, қаҳрамониҳои Пешвои миллат ва амсоли ин ироа намуд.
Сипас аз рӯи барнома сухан ба ходими пешбарии илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон, н.и.т. Сафарқулова Гулмоҳ дода шуд. Мавсуф дар мавзуи “Истифодаи туғ дар ҷойҳои муқаддас ва маросимҳои марбут ба он” суханронӣ намуда, тариқи овардани аксу матнҳо аз тахтаи электронӣ бо руҷуъи таърихӣ ба парчамдории мардуми ориёитабор ба шарҳу тафсири калимаҳои парчам, ливо, алам, туғ ва ғайра аз фолклоршиносону мардумшиносон мисолҳо овард. Г. Сафарқулова маросимҳои ба туғ алоқаманди манотиқи Бадахшон ва Суғдро воқеъбинона таҳлил ва вазъи онҳоро дар замони имрӯз нишон дод.
Ходими калони илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ, н.и.п. Пиров Сироҷиддин дар мавзуи “Арҷгузорӣ ба Парчам – эҳтироми арзишҳои миллӣ” маърӯза ироа намуда, аз боби парчамдории тоҷикон аз аввали асри ХХ то имрӯз, шарҳи порчаҳои шеърӣ аз “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ, ҷойгоҳи Парчам дар ислом ва ба ин монанд матлаби ҷолиберо баён сохт. Мавсуф дар охир ба эҳтиром ва бунёди баландтарин Парчам дар кишвар, дар тамоми шаҳру навоҳӣ қад афрохтани он ва нақши Пешвои миллат дар ин бунёдкориҳо фикру андешаҳояшро иброз намуд.
Ходими пешбари илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Холмуродов Зафар дар мавзуи “Сайри таърихии рамзи рангҳо дар Парчами миллӣ” суханронӣ намуда, Парчамро нишона ва аломати миллат ва халқиятҳои гуногун арзёбӣ кард. Холмуродов Зафар доир ба ранги сурх (тарбуз ва анор ҳамчун рамзи шаби ялдо), ранги сафед (орд, себ, рӯмоли сафед) ва ранги сабз (хуррамӣ, фаровонӣ, Меҳргон) бо овардани мисолҳо аз афсонаҳои халқии тоҷикӣ ва анъанаву русум фикру ақоиди ҷолиберо баён намуд.
Пасон, мудири шуъбаи илмӣ - методии ПИТФИ Наслохонова Мижгона дар мавзуи “Парчам рамзи Истиқлол ва ҳувияти миллӣ” баромад намуда, парчамро яке аз рамзҳои муқаддас ва идеологияи давлат арзёбӣ кард. Мавсуф Парчами давлатиро боиси ифтихор ва сарҷамъиву якдилии мардум маънидод намуд. Ў иброз дошт, ки имрӯз Парчами давлатии мо дар озмуну мусобиқаҳои байналмилалӣ ва аз он ҷумла дар Созмони бонуфузи Милали Муттаҳид парфишонӣ мекунад.
Дар қисмати музокираҳо ходимони пешбари илмии шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр, профессор Муродӣ Мурод ва Эшонқулов Эшонқул доир ба эњтирому гиромидошти Парчами давлатї њамчун муќаддасоти миллї аз љониби њар як шањрванд ва ҳусну қубҳи маърузаҳо фикру андешаҳояшонро иброз намуданд. Ходими пешбари илмии шуъбаи санъатшиносӣ Мирзоев Саъдӣ бошад, зимни таҳлили шоиронаи ҳамоиш шеъри тозаеро аз ашъораш таҳти унвони “Ливои нангу ору номи мо” манзури ҳозирин гардонд, ки хеле ҷолибу пурмазмун садо дод. Ҳамоиши мазкур басо ҷолиб ва маърузаву суханрониҳо пурмуҳтаво буданд.
Юсуфов ИФТИХОР,
мудири шуъбаи ВАО
ва табъу нашри ПИТФИ.