СУХАНИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ ФАРҲАНГ ВА ИТТИЛООТИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, АМИНЗОДА АБДУЛФАТТОҲ ҲАКИМ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар кишвари мо 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ин ҷашну ин ифтихор аз файзу баракати истиқлол аст. Маҳз бо шарофати истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мо ба гиромидошти арзишҳои миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихиамон рӯ овардем. Бешак, миллати тоҷик дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи хеш дар тамаддуни башарият, дар ҳама самтҳои ҳаёти маънавӣ, аз ҷумла адабиёт, фарҳанг, ҳунар, ахлоқ ва монанди ин нақши мондагоре гузоштааст. 

Дар тӯли сиву ду  сол зери  парафшонии Парчами  давлатӣ  дар  кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ёфта, ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат,  рушди  устувори  иқтисоди  миллӣ,  таҳкими иқтидори  давлат  ва  ба  таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани  маҳбубамонро инъикос месозанд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Парчам барои мардуми ориёӣ рамзи покиву қудсият ба шумор мерафт ва дирафши ковиёнӣ намунаи барҷастаи он аст. Ҳар подшоҳе вақте сари қудрат меомад ба ин дирафш чизе аз зару зевар ва ҷавоҳироти қимматбаҳои он давр илова мекард. Таърихнигорон қиммати ҳамин дирафшро 2 млрд доллар арзиш доданд.  Вақте ки аз 18 писари Коваи оҳангар 17 – тояш қурбони морони Заҳҳок шуданд, аз пешдоманаш ва найза дирафш сохт ва бо сарварии ӯ халқ шӯриш бардошт, Заҳҳок барканор ва ба ҷояш шоҳзода Фаридунро ба сари қудрат оварданд. Ва ӯ ҳам ин дирафшро ҳамчун нишонаи фатҳу ѓолибият ва рамзи муқаддаси давлатӣ қабул кард. Парчами мо ҳанӯз аз замони пайдоишаш мардумӣ буд, яъне дар он ормонҳову музаффариятҳои халқ мунъакис гашта буд.

Дар ҷомеаҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var- «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pištra- ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоӣ. Вожаи пеша ба маънои шуѓл дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст.

Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи руҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳануз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷои кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.

Дар Эрон пеш аз густариши Ислом табақаҳои суннатии ҷомеа бино бар суннат ҷомаҳое мепӯшиданд ки аз назари ранг бо якдигар мутафовит ва муаррифи шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рӯҳониён, ки онҳоро осрунон (авестоӣ: āθravan-, aθaurvan- [āsrōnān]) мехонданд, ҷомаи сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳануз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд.

Ҷанговарон ё артишторон (авестоӣ: raθaē-štar-) ҷомае мепӯшиданд, ки сурх ва арѓувонӣ дар таркиби он саҳми бисёр дошт ва мазҳарии осмонии онҳо Вой буд. Востриюшон (авестоӣ: vāstrya.fšuyant-) ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони содаи рустоҳоро бад-он ном мехонданд, ҷомаи нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳануз ривоҷ дошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» арзёбӣ намуданд.

«Парчам» вожае суѓдӣ («*parčam») аст ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ѓажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суѓдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд.

«Дирафш» дар порсии миёна «drafš» гуфта мешуд ва бозмонда аз эронии бостони «*drafša-» аст ва баробари он дар ҳиндии бостон вожаи «drapsá-» буд. Аз ин вожаи эронии бостони «*drafša-» дар забонҳои авестоӣ «drafšā-», суѓдӣ «’rδ’šp» arδašf / ərδəšf ва бохтарии «λraφo» падид омадаанд. Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст. Чунончи дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Кави Виштосп — пуштибони Зартушт буд, чунин ёд шудааст: «Baxδim sriram ərəδβō.drafša», яъне «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Ҳамчунин дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар» — «gaoš drafša-» ва «дирафшҳои душманони ариёҳо» ёд шудааст.

Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки дертар падид омадааст. Куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд.

Дирафши ковиён, дирафши Коваи оҳангар (қаҳрамони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ), ки пешгири чармини худро бар сари чӯбе баста, ба муқобили Заҳҳоки Морон бархост, халқро ба шӯриш даъват намуд ва бар Заҳҳок ғалаба кард. Шоҳ Фариддун он байрақро муқаддас шумурда, бо зару ҷавоҳирот ороста буд ва арабҳо онро ҳангоми истилои Эрон ба ғорат бурданд.

Бигзор Парчами  миллӣ  ҳамчун  рамзи  муқаддаси  давлати соҳибистиқлолу  соҳибихтиёри тоҷикон  бояд  нишони  сарисинагии  ҳар  як  фарди  ватандӯсту бономуси ҷомеа бошад ва дар фазои сулҳу осоиштагиву осмони беѓубори ватани азизамон ҷилва кунад.

Ҷашни Парчами давлатиро ба ҳар яки Шумо, ҳозирини гиромӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборакбод мегӯям!

барчасп: