Андешаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Парчами миллӣ, ба унвони афкори ниҳоӣ ва хулосавӣ қабул мегарданд. Аз он хотир, ки ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва қабул гардидани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ба омадани Пешвои миллат ба арсаи сиёсат алоқаманд мебошанд. 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии кишвар, ки 27 рӯз идома ёфт, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ ва овози 187 вакил Раиси Шӯрои Олӣ, баъдан роҳбари давлат қабул гардиданд ва унсурҳои асосии давлати навини тоҷиконро асос бахшиданд, ки қабули парчами миллӣ ҳамчун рамзи асосии давлат ба он рӯзи сарнавиштсоз рост омад. Сарвари давлат дар барқарорсозии низоми нави давлатдорӣ ва қабули қонуну қарорҳо ва рамзҳои миллию давлатӣ иштироки бевосита ва ҳалкунанда дошта, ҳаёти эшон оғуштаи он давлатсозиҳо буду ҳаст. Оғоз намудани давлатдории навини тоҷикон бо бӯсидану ба дидаҳо молидани парчам ва арҷ гузоштан ба он басо рамзӣ буда, баёнгари он аст, ки ин рамзи нахустини миллӣ дар назди Сарвари давлат мақоми ниҳоят бузург дорад. Эҳтироми хоси эшон нисбати Парчами миллӣ буд, ки бо фармони хеш 20-уми ноябри соли 2009-ум, дар мамлакат, 24-уми ноябрро, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.
Пешвои миллат вобаста ба арзишу аҳамияти Парчами миллӣ борҳо ибрози андеша намуда, ҳастии миллатро ба он рабт дода, дар ин суханашон чунин таъкид кардаанд: «Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд». Дар ин андеша манзалат ва мартабаи парчам ниҳоят баланд арзёбӣ гардида, нахуст аз таърихи куҳани парчамбардории миллати тоҷик дарак медиҳад. Ақидаи мазкур аз гузаштаи пурмоҷарои парчамбардорони миллати тоҷик аз ҷумла Коваи оҳангар, Рустами достон ва ғайра ҳикоят мекунад, ки аввалӣ бар зидди нерӯи аҳриманӣ бо як порча матои пешдомани худ ба мубориза бархост, дувумӣ бо бардоштани парчами паҳлавонӣ шарафи халқу ватани худро ҳифз кард. Ҳамзамон баёнгари он аст, ки размандагону ватанхоҳони миллати тоҷик дар гузаштаҳои таърихӣ неруву қудрати худро зери ин матои муқаддас ошкор мекарданд ва аз ҳастии худ дарак медоданд. Гарчанде миллати тоҷик дар ҷараёни таърих шебу фарозҳои мухталифро паси сар карда, зери зулму истибдодҳо ва мутеият қарор гирифтааст, аммо дар сояи парчами худ ҳастию ҳуввият ва шарафу номусашро аз даст надода, барои иззату нусрати худ қурбониҳои зиёде додааст. Миллати куҳанбунёди тоҷик аз азал парчамро муқаддас дониста, низоми давлатдориву ватандории худро ҳамеша дар партави ливову парчамаш ба роҳ монда, аз ҳастии худ, шарафу номус ва миллати тамаддунофар буданаш дарак додааст. Аз андешаи фавқ дарк мегардад, ки қудсият, шарофат ва зарурати парчам дар назди фарзандони ватандӯсти миллати тоҷик то он ҳад будааст, ки барои он ҷоннисориҳои зиёд намудаанд ва аз худ гузаштаанд.
Сарвари давлат дар андешаи дигар рушду тараққии бесобиқаи кишварро дар 30 соли мустақиллият бо шарофат ва партавафшонии парчами давлат алоқаманд дониста, гуфтаанд: «Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд». Аз ин андеша дарк мегардад, ки агар дар гузаштаҳои таърихӣ парчам рамзи неруву тавони қавму қабоил буда, хусусан дар ҷабҳаҳову набардҳо бештар намоён мегашт, имрӯз он ба рамзи нахустин ва нишонаи ҳастии давлатҳои дунё табдил ёфтааст, ки бештар нақши баҳамойиву дӯстӣ, муносиботи инсонӣ ва созандагиву ободкориро мебозад. Дар гузаштаҳои таърихӣ тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеаҳо барои амалӣ сохтани аҳдофи худ аз парчам истифода мебурданд. Ғосибон, роҳзанон, муғризон ва бадхоҳон низ роҳнамои худ парчамро қарор дода, зери ин рамз мақсадҳои нопоки худро амалӣ месохтанд. Корвонҳои тиҷорӣ дар саргаҳи худ парчам доштанд, авбошони баҳриву баррӣ дар раъси корвон ва киштиҳои баҳрӣ парчамҳои хусусан сиёҳи худро бармеафроштанд ва бо ин васила қудрату матонат ва зулму истибдоду ситамкории худро нишон медоданд, ки то ба имрӯз ин гуна падида ва ё намуди парчамдорӣ идома дорад. Аммо дар замони муосир усули парчамдорӣ комилан ҳолати дигар гирифта, бузургтарин намунаи он парчамҳои давлатҳои дунё мебошад, ки дар арсаи байналмилалӣ кишварҳоро муаррифӣ мекунанд ва дар созмонҳову анҷуманҳои бузурги ҷаҳонӣ бо мавҷҳои асроромези худ мисли он ки бо ҳамдигар гуфтугӯ менамоянд ва аз муносиботу муомилоти дӯстона сухан мегӯянд. Таъсири парчам дар ҷодаи созандагиҳо ва заҳмату талоши халқи тоҷик рамзӣ аён гардида, рисолати асосии он дар ин самт ташвиқу тарғиб, раҳнамунсозӣ, ба ваҷд овардани халқ ва умедвор намудани онҳо ба ояндаи дурахшон мебошад. Дар майдонҳои сохтмонҳои азими аср, воситаҳои нақлиёти боркаш ва дигар техникаҳои бузургҳаҷм, ҳамзамон дар биноҳои сохтмонӣ, либосҳову ҷиҳозҳои меъморӣ парчами миллӣ ва аксҳои он насб гардида, дар ҷодаи тараққиёти босуръат ба унвони ҳидоятгару тарғибгар ва роҳнамои асосӣ эътироф гардидааст. Нуктаи ҷолиб ва хулосабахши андешаи мазкур дар он аст, ки бурду бохт, шебу фароз, рушду тараққиёт, умуман истиқлолияти комил ва тамоми дастовардҳои онро Пешвои миллат ба ҳастию фазилат ва шарофату ҳикмати муқаддастарин рамзи давлатӣ-Парчами миллӣ алоқаманд медонанд. Кишвари бепарчам ба корвонҳои бесаробон ва киштиҳои бемаллоҳ, ки дар баҳрҳову биёбонҳо роҳгумзадаанд, ташбеҳ мегардад.
Дар самти робитаҳои хориҷии Тоҷикистон, пайвастан бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парчам ҳамсангари ватан буда, ҳамеша дар раъс қарор мегирад. Дар робита бо ин сарвари давлат чунин ибрози ақида мекунанд: «Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд». Аз ин андеша дарк мегардад, ки ҷонбозиҳову заҳмату талоши миллат, муносиботу муомилоти гуногунҷабҳаи Ҳукумати кишвар, рушду тараққиёти соҳаҳои мухталиф аз қабили иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маориф бо парчами миллӣ тавъам буда, гарчанде ба қуллаҳои баланд расидаем, аммо парчам дар ҳама ҳолату зарфият аз мо болотар меистад ва дар ҷодаҳои пешрафт нақши калидӣ мебозад. Ба андешаи дигар онро метавон восили фарзандони башар ҳисобид, ки дар ин рисолат нақши онро инкор намудан аз имкон берун аст. Сарфи назар аз миллату нажод, забону фарҳанг бани башар ба масобаи фарзандони як падар маҳсуб мегарданд, ки дар ҳама ҳолат парчамҳо ин қаробати усулии онҳоро мехоҳанд пайванд созанд ва миёни фарзандони башарият сулҳу дӯстиро пойдор намоянд. Яъне нақши пайвандгарию сулҳофарии парчам дар замони муосир ва сиёсатҳои дарҳои боз, аз моҳияти муборизаталабияш дида намоёнтар ба назар мерасад. Нигоҳи мӯшикофона ба андешаи фавқ исбот месозад, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон парчами миллӣ нақши сарнавиштсозро соҳиб мебошад. Эътирофи давлати комилулҳуқуқу мустақили тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ тавассути парчами он амалӣ гардида, бо пештозиҳои он узви созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ гардидааст. Оғози муносибатҳои ҳамгироёна, дӯстиҳои ояндадор низ бо роҳнамоии парчами миллӣ сурат гирифтааст. Ҳамзамон дар майдони таомул ва доду гирифту таъсирпазрии фарҳангҳо, хусусан муаррифии фарҳанги миллии тоҷикӣ парчам дар саргаҳ қарор гирифта, таҷассумгари асосии фарҳанги куҳани миллати тоҷик гардидааст. Сохту шакл ва рангҳои сурху сабзу сафеди мармузи он ҳуввияту ҳастӣ, урфу одот ва фарҳанги миллати тоҷикро бо ҷилваҳову парафшониҳои худ ба ҷаҳониён акс менамояд ва таъриху гузаштаи миллати тоҷик ва намунаи давлатдории онро нишон медиҳад. Фарҳанг яке аз рукнҳои асосии миллат маҳсуб гардида, имрӯз дар замони ҷаҳонишвавӣ ва таҳоҷуми фарҳангҳо миллатҳои дунё мехоҳанг бештар тавассути он робитаҳои худро барқарор намоянд ва аз фарҳангҳои ҳамдигар таъсирпазир гарданд. Ба ақидаи Пешвои миллат ингуна иртибототи ҳамаҷониба миёни кишварҳои олам бо ҳидояти парчамҳо сурат мегирад, ки парчами миллии мо дар ин самт пештоз буда, нақши калидӣ дорад. Ансоири зиёде метавонанд муаррифгари миллат дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд, ки аз он қабил фарҳанги миллӣ мебошад. Аммо муаррифгари муаррифгарон Парчам эътироф мегардад, ки мо ва тамоми ҳастии моро дар олам муаррифӣ мекунад. Онро метавон дар ҳолатҳои мухталиф ҳамчун таҷассумгар ва муаррифгари фарҳанги миллӣ ҳисобид.
Нақши ваҳдатофарии Парчам яке аз рисолатҳои аслӣ ва созандаи он ба шумор рафта, ин вазифа дар андешаҳои Пешвои миллат бараъло зоҳир гашта, инъикоси худро ёфтааст. Дар доираи иҷлосияе, ки тақдири минбаъдаи миллати тоҷик ҳал мегардид ва сухан аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳамгироӣ, рушду тараққиёт мерафт, Парчами миллӣ ҳамчун нодии ормонҳои миллӣ қабул гардид ва бо ҷилваҳову парафшониҳои хеш мардумро ба иттиҳоду ягонагӣ даъват намуд. Чунонки Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассумгари арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст». Аз ақидаи фавқуззикр ҳамзамон дарк мегардад, ки парчам дар раванди таърихи хатарбори миллати тоҷик омили наҷотбахш низ будааст, ки бо неруву тавони рамзию маънавии худ парчамдорону пайравони хешро аз ихтилофоту даргириҳо ва парокандагиҳои сӯзанда борҳо наҷот бахшидааст. Ҳамчун бедоркунандаи ҳисси миллию ватандӯстӣ ва ғуруру нангу номуси ватандорӣ кинаву кудурат, ғаразҳову ҳадафҳо ва манофеи шахсии афроди миллатро сарфи назар карда, баҳри якпорчагии ватан ва иззату нусрати миллат дар қиболи душманону бадбинон онҳоро муттаҳид сохтааст. Таърихи гиру дорҳои ақвоми олам нишон медиҳанд, ки мардумро як ғоя, як амр ва яккасамтӣ метавонад дар контрол ва идораи корсоз ворид созад ва ба як неруи муттаҳиду созанда табдил диҳад. Дар сурати акс ва мавҷуд набудани фикру идеяи ягона халқиятҳо ба шохаҳои мухталиф ҷудо гардида, худкомагиҳо ва истибдод ба вуҷуд меояд, ки дар он сурат паҳлуҳои сузанда ва харобиовари мардум бештар намоён мегардад. Миллати тоҷик баъд аз ба даст овардани истиқлолият ва зери ғояву идеяи ягонаву миллатсозу ваҳдатофари Пешвои миллат муттаҳид гардида, ба арзишҳову дастовардҳои назарраси имрӯза ноил гардиданд. Итоати андеша ва амрҳои ягона ва марказӣ миллати тоҷикро аз парокандагӣ нигоҳ дошту ба қуллаи баланд расонид, ки ҳақиқати раднопазир аст. Аз андешаи Пешвои миллат дарк мегардад, ки дар ин сангар нақши парчам асосӣ буда, он ғоя, андеша, тафаккур, мақсаду маром, ҳадафҳои олӣ, нақшаҳои стратегӣ, нерӯиҳои зеҳниву ҷисмонӣ ва ғайраро ҳамчун ҳидоятгар ба тариқи рамзӣ сарҷамъ намуда, миллатро аз парокандагӣ нигоҳ медорад ва ба сӯи қуллаҳои баланд раҳнамун месозад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханҳои худ, ки вобаста ба Парчами миллӣ ироа намудаанд, аз як ҷониб раванди бунёди давлати комилулҳуқуқ, мутараққӣ, мутамаддин ва озоду мустақилро бо қабули Парчам ва ҳамқадам будани он бо давлатдории навини тоҷикон тавъам ҳисобанд, аз ҷониби дигар мехоҳанд дар партави он бозҳам баҳри ободу зебо гардонидани кишвар талошҳо ба харҷ диҳанд, чунонки мегӯянд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид ва мо сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав – ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ амалӣ мегардонем». Аз чунин андешаҳои қатъӣ ва хулосабахш дарк мегардад, ки Пешвои миллат ҳамчун фарди ватанхоҳу ватандӯсти асил дар эҳтирому икроми муқаддасот ва рамзҳои асосии давлатдорӣ, хусусан Парчами миллӣ намунаи олии ибрат барои дигарон аст. Сарфи назар аз мақому манзалати воло ва шахсияти якуми давлат будан чун як фарзанди миллат дар қатори дигар ватандӯстон барои муҳаббату меҳр ва ободии ватан мекӯшанд. Ҳамзамон мехоҳанд арзишҳои миллиро дар қалби ҳар як сокини кишвар ҷойгир намоянд. Афзалият ва ҳикмати Парчами миллӣ аз назари Ҷаноби Олӣ дар он зоҳир мегардад, ки ояндаи дури Тоҷикистон ва тараққии онро дар зери сояи Парчам ва ҳамқадам бо он мебинанд. Ба қавли дигар мавҷудияту ҳастии Тоҷикистон бидуни парчами он муҳол ба назар мерасад. Аксари донишмандон парчамро натанҳо рамзи давлат, балки онро айни давлат арзёбӣ намудаанд, ки тақвиятбахши афкори Ҷаноби Олӣ мебошад.
«Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад». Сарвари давлат бо ибрози ин андеша доираи мафҳуму моҳият ва зарурати парчамро вусъат бахшида, устувории истиқлолияти давлатиро, ки гавҳари бебаҳои миллат маҳсуб мегардад, комилан ба ҳастии Парчам рабт медиҳанд, ки бидуни парчам аз ҳастӣ ва моҳияти худ дарак дода наметавонад. Яъне яке аз нақшҳои муҳими парчами давлатӣ дар самти сиёсати ҷаҳонӣ асос бахшидан ба истиқлолияти давлатӣ буда, рамзу нишонаи асосии он мебошад ва аз ҳастию мавҷудияти як давлати мустақиллу комилулҳуқуқ дарак медиҳад.
Умуман аз андешаҳои Пешвои миллат, ки вобаста ба моҳият ва нақши парчами миллӣ дар паёмҳои шодбошии худ ироа намудаанд, аз як ҷониб бозгӯкунандаи арзиши волои он бошад, аз ҷониби дигар эҳтирому икроми баланди Ӯро нисбати ин рамзи давлатӣ нишон медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт намунаи ибарти сокинони кишвар буда, амали эшон мардумро ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҳидоят мекунад.
Қадриддин ИСОЕВ, ходими пешбари
илмии шуъбаи Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ