Ҳар як давлати соҳибистиқлолро зарур мебояд, ки соҳиби муқаддасоти миллии худ бошад, аз ҷумла парчам, нишон, суруди миллӣ ва ё дигар рамзҳое, ки истиқлолияти давлатиро ифода менамоянд.
Дар таърихи парчамдории миллатҳои мутамаддини ҷаҳон «Дирафши Коваёнӣ», яке аз парчамҳои қадимтарин шинохта ва эътироф гардида, ворисони ин миллати соҳибтамаддун онро ҳамчун нишоне аз озодӣ ва мустақилияти комил ҳифз менамоянд. Баъди шикасти Сосониён ойини парчамдории мо коста гардида, дар замони давлатдории ҳокимони маҳаллии Хуросони бузург Саффориён, Тоҳириён, Сомониён, Бувайҳиён, Музаффариён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорон аламҳои исломӣ ҷойи “Дирафши Коваёнӣ”-ро гирифт. Парчамро мувофиқи ҷойу макон бо номҳои гуногун ном мебаранд масалан:
Алам – парчам, дирафши калон, ки ба як шоҳигарӣ, сулола ва ё давлат тааллуқ дошт. Алам дар фарози қасри подшоҳ барафрохта мешуд.
Ливо – рамзи худи подшоҳ аст, ки дар гузашта бо тоҷ, тахт ва сарир якҷоя меистод.
Парчам – маънои порчаи матоъ, дирафши давлатро дорад.
Туғ – алами калон ва бузург, ки ба донишмандон ва олимон аз тарафи шоҳон тақдим мегашт ва дар рӯи он расми панҷа тасвир гашта буд. Шахсе, ки дорои туғ буд, имтиёзҳо дар пардохти андозҳо, дар пардохти музди истифодаи об ва ғайраро дошт. Баъди вафоташ туғашро ба сари қабраш рост мекарданд.
Туғ дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба чунин маъно омадааст “муи думи асп, ки ба байрақ мебастанд, байрақ, алам, парчам”
Муҳаққиқ Ҳамза Камол дар китоби худ “Ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон” –оиди туғ чунин нигоштааст. “Дар фазои баъзе мазорҳо матоъҳои бар интиҳои ходачӯб чун дирафш насб кардаанд, ки он низ нишоне аз мазҳаби кӯҳистон ба ҳисоб рафта, далел бар он мекунад, ки мардуми он маҳал аз суннати қадимии мазорҳо эҳтиром ба амал меоранд.
Фолклоршинос Шакармамадов Н. бошад туғро ин тавр ба қалам додааст: “Туғ- парчами оҳанин буда, дар баъзе ҷойҳо чун шаклаш ба мисли панҷаи даст аст, дар баъзе ҷойҳо бошад матои сафед бо рамзи панҷаи даст мавҷудан.
Ҳамингуна туғҳо дар Бадахшон дида мешаванд, шояд аз бузургони кадом давру замон бошанд ва остонҳор ба номи онҳо ниҳоданд ва туғашонро ҳамчун муқаддасот дар он ҷо нигаҳдорӣ карданд. Вале аз ривоятҳои халқӣ бармеояд, ки ин туғҳо аз имомони даврашон буда, расму русуми махсуси худро доранд бағайр аз ин онҳо боз дар худ маросимҳои гуногун доштанд.
Ин маросим тибқи иттилои сокинони куҳансол аз замонҳои хело қадим то шурӯъ шудани таъқиботҳои солҳои сиюми асри ХХ дар остонҳо гузаронида мешуд. Яъне дар рӯзҳои муайяну махсус аз дохили остонҳои муътабар “туғ” бароварда мешудааст. Таърихнигор Ҳоҷибеков Э. дар мақолаи “Маросими “Туғзивест”, “Туғнивак” (баровардани туғ) дар мазорҳои Бадахшон (солҳои 20-90)” ба ин навъ маросим диққат дода онро таҳлил карда қайд кардааст, ки “Ин маросим фақат дар баъзе остонҳо дида мешуд. Бояд гуфт, ки тоҷикони Бадахшон дар ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим дар зери калимаи “туғ” парчам медонистанд. Машҳуртарин мазорҳои Бадахшон мазори Шоҳқамбари офтоб, шоҳ Ҳисомиддин воқеъ дар деҳаи Лангар ва Питупи Вахон, мазор-қадамгоҳи Имом Муҳаммади Боқир, Қадамгоҳи Шоҳи Вилоят (дар деҳаи Боғеви ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон), мазори Имом Зайнулобиддин (воқеъ дар шаҳри Хоруғ), мазори Шоҳбурҳони Валӣ буда, тибқи иттилооти шифоҳӣ ин мазорҳо дорои туғ ва чароғдонҳои махсуси хоси тариқати шиаи исломии исмоилия буданд.”
Дар мавриди остони Шоҳбурҳон дар ноҳияи Роштқалъа метавон гуфт, , ки аз Шоҳбурҳон хонаи вай дар қишлоқи Тусён боқӣ мондааст. Ин хона аз як даҳлез ва се ҳуҷраи хурд-хурд иборат аст. Дар як ҳуҷра туғ, дар дигараш чароғдони он туғ ва дар сеюминаш дег нигоҳ дошта мешавад.”Туғи ин остон панҷаи нуқрагин бо матоъ буд”
Остонҳое, ки туғро соҳиб буданд ҳар сол фасли баҳор дар маросими махсус бо номи “остонбарорӣ” туғро мебароварданд. Тибқи маълумотҳои сокинони ноҳияи Ишкошим,”дар остони Шоҳқамбари Офтоб дар замонҳои пеш ду-се нафар мӯйсафед махсус барои ин кор вобаст карда шуда буданд, ки ҳангоми маросимҳо туғро мебароварданд ва дар пеши остон мемонданд. Маросими остонбарорро асосан баъди ҷашнгирии иди Навруз қайд мекарданд. Дар ин маросим мардум ба зиёрати остону ба забҳи гӯсфанд, оши худоӣ хондани дафсозу мадҳиясароӣ машғул шуда буданд.”
Ба ғайр аз ин рӯз боз дар рӯзҳои душвори ҷамоат амсоли ҷанг ё касалиҳои паҳншаванда туғро мебароварданд. Дар ноҳияи Шуғнон расме вуҷуд дошт, ки ҳангоми паҳншавии касалӣ туғро дар байни ду сутуни хона гузошта, дуо мехонданд ва мардумро аз таги он мегузарониданд, гӯё баъди иҷро намудани ин амал аз ҳаргуна касалиҳо раҳоӣ меёфтанд. Дар ноҳияи Ишкошим дар вақти паҳншавии вабо туғро аз остон бароварда дар суфаи хонаи ҳуруфӣ мемонданд баъдан дар деҳа хона ба хона медароварданд.
Ба ҳамин монанд расм дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ мушоҳида шуд. Ҳангоми сафари хидматӣ ба ноҳияи Шуғнону шаҳри Хоруғ аз мавзеи остони имом Зайнулобиддин дидан кардем. Оиди туғи ин остон пурсон шудам сокини маҳаллаи Тем Бахтибек Қамбаров (68 сола) нақл кард, ки туғ то солҳои 90-ум дар хонаи мо буд, агар дар қишлоқ ягон касалӣ паҳн мешуд саравлодамон туғро гирифта ба хонаи ҳамон бемор мебурданд дуо мекарданд. Боз гирифта ба хона меоварданд. Солҳои 90-ум Алимамад ном шахс омада туғро гирифта ба осорхонаи вилоятӣ супорид. Вале мутаассифона дар осорхона онро дарёфт накардем.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки ин маросим то солҳои 90-уми асри ХХ вуҷуд дошта, баъди солҳои 90-ум дигар ин маросимро иҷро накарданд. “Вақти ба Бадахшон омадани М.Кашевҷӣ ва Саид Ҷалоли Бадахшонӣ соли 1992 ин туғҳоро бароварда буданд. Алҳол дар ягон мазор туғ вуҷуд надорад.”
Ин туғҳо на ин ки дар остонҳои Бадахшон балки дар дигар ҷойҳои дигари Тоҷикистон низ мушоҳида мешаванд. Мазорҳои ноҳияи Айнӣ, мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ дар Ховалинг,Ҷурғадаи Валӣ қалъаи Ҳусейн низ туғу байрақ бо насб кардани панҷаи фулузӣ бо мушоҳидаи гирифта шуданд.
Баъзе муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки гуё ин панҷаи даст, ки дар туғ тасвиршудааст хоси тариқати шиаи исмоили яъне аҳли байт мебошад.
Вале қисми дигарашон ин ақидаро рад мекунанд. Масалан Зарубин чунин ақида дорад, ки панҷаи даст пеш аз ислом арзи вуҷуд кардааст. Муҳаққиқ Шохумор А. ин рамзро яъне панҷаи даст ба ориёиҳо замони меҳрпарастӣ ташбеъ медиҳад ва онро рамзи салом карданро медонад. Умуман оиди ин ақидаҳои зиёде вуҷуд доранд.
Дар хотима метавон гуфт, ки гузориши мазкур ба таҳқиқотҳои нав ниёз дорад.
Ходими пешбари илмӣ
Сафарқулова Г. Ю.