Меҳри беандозаи санъати мусиқӣ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар дилу вуҷуди Муроди хурдсол маъво гирифта, садоқату бурдборӣ ва меҳри беандоза нисбати ин падида ӯро пас аз хатми мактаби миёнаи № 6 ба омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд овард. Дар ин боргоҳи ҳунар нозукиҳои навозиши сози танбӯрро бо муваффақият омӯхта пас аз хатми омӯзишгоҳ барои идома додани таҳсил ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, дар «Шуъбаи мусиқии Шарқ» дохил мешавад. Ҳангоми таҳсил дар Донишкада Мурод Эшонқулов навозиши сози танбӯрро дар сатҳи касбӣ аз устодон омӯхта ба ҳайси муриби сози танбӯр ин боргоҳи олии ҳунарро хатм менамояд.
Пас аз хатми Донишкада Муроди ҷавон тибқи роҳхат ба ҳайси мутриби танбӯрнавоз дар ансамбли « Шашмақом» - и ба номи Фазлиддин Шаҳобов- и Кумитаи радио ва Телевизиони назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ менамояд. Муҳити созгори ҳунарии ин даргоҳи муқаддас Мурод Эшонқуловро тарбият намуда ҳунарашро сайқал мебахшад ва дар муддати кӯтоҳ ҳамчун танбӯрнавози чирадаст мақбули ҳунармандони ансамбл мегардад.
Аз соли 1992- 2003 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар кафедраи Мусиқии Шарқ ба ҳайси омӯзгори сози танбӯр фаъолият намудааст. Инчунин дар ҳамин солҳо ҳамчун раиси иттифоқи касаба адои вазифа кардааст.
Солҳои 2003- 2017дар Косерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба ҳайси омӯзгори калон кору фаъолият намуда шогирдони зиёдеро дар бахши сози танбӯр сабақ додааст.
Фаъолияти босамари омӯзгорӣ Мурод Эшонқуловро рӯҳбаланд намуда барои таҳқиқу тадқиқи илмии созҳои миллии халқи тоҷик ҳидоят намуд. 14- декабри соли 2016 дар шаҳри Санкт Питербурги Федератсияи Россия рисолаи номзадии худро бо номи « Созҳои миллӣ дар низоми санъати Шашмақом» дифо намудааст. Ҳамчун олими санъатшинос солҳои 2017-2018 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба ҳайси мудири бахши фарҳанг ва санъатштносӣ фаъолият намуда мақолаҳои ҷолиб ба табъ расонидааст. Дар солҳои 2019-2020 донишу малакаи арзандаи Мурод Эшонқуловро ба инобат гирифта бахши санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба вазифаи ходими калони ҳамин шӯъба ба кор даъват менамоянд. Мурод Эшонқулов дар ин бахш то соли 2020 фаъолити босамар намуда барои таълифи китобҳо, маҷмуаҳои илмӣ дар бахши созшиносӣ шурӯъ менамояд.
Мурод Эшоқулов аз соли 2020 то ҳоло ҳамчун олим ба ҳайси омӯзгори калон дар кафедраи сарояндагӣ ( халқӣ), факултети санъати мусиқии мардумии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон» ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият менамояд.
Ташабуссҳои олими нуктасанҷ Мурод Эшонқулов дар ташвиқу тарғиби мероси безаволи ниёгон «Шашмақом» дар байни наврасону ҷавонон хело ҷолибу назаррас аст. Бо ибтикори ӯ соли 2001 дар назди мактаби мусиқии баччагонаи №5- шаҳри Душанбе синфи танбӯр ва дутор таъсис дода шуд, ки то имрӯз фаъолият менамояд. Дар фаъолияти босамари корияш Мурод Эшонқулов донишу малакаи худро баҳри ғани гардонадини адабиётҳои омӯзишии мусиқӣ роҷеъ ба созу навоҳои «Шашамақом» сарф намуда маводҳои таълимии гуногун ба табъ расонидааст.
Соли 1996 аз тарафи ӯ барномаи таълимии сози танбӯр аз чоп баромад ва дастраси хонандагону донишҷӯён гардонида шуд. Соли 1997 китоб- дастурамал барои донишкадаҳо, колеҷҳо ва мактабҳои санъат таҳти унвони « Нолаи танбӯр», соли 1998 таҳти роҳбарии ӯ «Сурудҳои ромишгар» ҳамчун дастурамал иборат аз 2 қисм, соли 2000 китоб- дастурамал бо номи « Синахурӯш», соли 2004 китоби дарсии « Зарби дойра», соли 2005 китоб- дастурамал иборат аз сурудҳои вокалӣ таҳти унвони « Садбарги сафед», « Нолаи танбӯр, иборат аз 2 қисм ва дастурамал, « Ҳофизи тоҷик» аз барномаи Ҳунарпешаи халқии Тоқикистон Рустам Дуллоев аз тарафи Эшоқулов Мурод тартиб ва аз чоп бароварда шуданд.
Мурод Эшонқулов дар ғанӣ гардонидани хазинаи тиллоии радиои ҷумҳурӣ хизматҳои арзанда намуда, як қатор оҳангҳои классикиро бо сози танбӯр сабт намудааст, ки онҳо « Насри сегоҳ», «Самои дугоҳ», «Дугоҳ», « Муноҷот», « Эй сабо», « Сарахбори ороми ҷон», « Ҳоҷиниёзӣ»,
« Чоргоҳ», « Зулфи печони ман аст», « Муғулчаи дугоҳ», « Қӯшчинор», «Гулъизорум» ва ғайраҳо мебошад Инчунин номбурда баҳри боз ҳам таҳқиқ намудани саҳми созҳои миллӣ дар рушди « Шашмақом», ҳофизони бузурги ин шоҳасар заҳмат кашида теъдоди маҷмӯа ва китобҳоро таълиф намудааст. Китобҳои «Танбӯр» соли 2010, «Музикальние инструменти макома» соли 2015, «Музикальние инструменти в системе искуство макома» соли 2019, « Садо ва сеҳри дойра» соли 2024 ин гуфтаҳоро собит месозад. Дар баробари ин мақолаҳои илмии олими муваффақ Мурод Эшонқулов дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ ба табъ расидааст. Мақолаҳои илмии « Шашмақом мусиқии суннатии тоҷик», « История изучения, предпосилки становления и развития макома», « Маданияти мусиқии давраи истилои Араб», « О творческом пути Ш. Сохибова к 110- столетию со дня рождения», « Ударно- духовие инструменьти как оповешательние знаки в войсках», «Исиория и развития таджикиской музикальной культуры», «Музикальные инструмент танбур - Центральноазиатский Морфология, Эркология и испольнительство», « Иследование иноватционних методов проведения измерений музикальних инструментов», « Составные части харезмких макомов», « История и изучения предпосылки становления и развития макома», «Фарҳанги мусиқии истилои араб» маҳсули фаъолияти босамараш мебошад.
Имрӯзҳо Мурод Эшонқулов нерӯи худро баҳри омӯзонидани осори мусиқии классикӣ ба шогирдонаш равона намуда дар рушду нумуи « Шашмақом»- и безавол хиссаи беназири худро мегузорд. Сазовори ифтихорномаҳову дипломҳои гуногундараҷаи чандин симпозиумҳои байналмилалӣ ва озмуну фестивалҳо гардидааст.
Дар маҷмуъ олими нуктасанҷи муваффақ ҳоло ҳамчун устоди мақомшинос дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият менамояд, ба шогирдонаш нозукиҳои « Шашмақом»- ро таълим медиҳад ва пайваста таҳқиқҳои илмиашро идома медиҳад.
Ходими калони
илмии шӯъбаи фарҳанг
ва санъатшиносии ПИТФИ
Раҳимов Билолиддин.