Театри Конибодом-яке аз аввалинҳост

“Театри давлатии мусиқӣ-драмавии” ба номи Тўҳфа Фозилова-и шаҳри Конибодом, яке аз муассисаҳои кўҳантарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Театр соли 1932 аз ҷониби Комил Ёрматов таъсис ёфта, дар рушду нумӯи санъати театрии тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Нахустин ҳунармандони ин театр Тӯҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова, Комил Ёрматов қадамҳои нахустини худашонро маҳз  дар ҳамин боргоҳи ҳунар оғоз намуда,  баъдан  ба ситораҳои барҷастаи санъат мубаддал гаштанд. Тамоми ҳаёту эљодиёти онҳо  баъдан  дар пойтахт - Душанбе сурат гирифтааст. Дар саҳнаи Театри Конибодом дар  тӯли фаъолияти 92-солаи он даҳҳо намоишномаҳои гуногунмазмуну гуногунжанр ба саҳна гузошта шуда, пешкаши тамошобинон гардидаанд. Дар ин театр  Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Ҷӯрахон Искандаров, Кимсан Маҳкамов, Латофат Орипова, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон – Исҳоқҷон Қодиров ва дигар ҳунармандон дар инкишофи санъати театри касбии тоҷик саҳми босазо гузоштааанд. Ҳунармандони ин театр дар даҳаҳои шаҳри Москва ширкат варзида, соҳиби ифтихорномаю мукофотҳои давлатӣ гаштаанд.

Умуман Конибодом макони ҳунармандони барҷастаю устодони забардаст мебошад. Ҳунарпешаи халқии СССР Туҳфа Фозилова ва Арбоби шоистаи  санъати Тоҷикистон Султон Саидмуродов аз ин ҳисобанд. Онҳо  аз шумораи кадрҳои маҳаллӣ  беҳтарин  санъаткоронро ба кор ҷалб карданд.  Яке аз нахустин намоишномаҳои театр - ин асари С.Саидмуродов “Зафар ва Заррина” буд , ки соли 1969  ба саҳна гузошта шуда буд. Ҳунармандони ин театр - Истад Мамаҷонова, Дилором Баҳромова, Болтабой Бӯриев, Комилҷон Туронов, Солиҷон Холиқов, Баротбой Содиқов, Мукаррама Рустамова, Шарофат Эргашева, Шаҳрї Каримова ва дигар ҳунармандон кору фаъолияташонро маҳз дар ин даргоҳи ҳунар оғоз карда,  минбаъд дар спектаклҳо  бо нақшҳои ҷолиби худ ба дили тамошобинон роҳ ёфтанд. С 1975 барои  боз ҳам пурра кардани сафи санъаткорони театр бо кадрхои соҳибмаълумот бо  Қарори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ як гурӯҳ ҷавонони босистеъдоди Конибодом ба студияи актёрии Донишгоҳи ҳунархои зебо шомил гаштанд. Соли 1979  ин гурӯҳ бо 3 намоишномаи дипломии худ: “Бемори хаёлӣ”-и Жан Батист Молер, ”Зангирӣ”-и Николай Гогол, ”Гирдоб” -и  Султон Сафаров ба Конибодом омада, фаъолияти худашонро оғоз карданд. Ҳамин тавр   театр дорои  актёрони касбӣ  гардид, аз  он ҷумла Юнусалӣ Эргашев, Дилбар Сулаймонова, ки то ҳол дар  ин даргоҳи ҳунар фаъолият доранд .

Барои пур кардани сафи  санъаткорон бо кадрҳои соҳибмаълумоти ҷавон, роҳбарияти муассиса тасмим гирифт, ки дар назди театр студияи актёрони наврасро  ташкил кунад. Беҳтарин бачаҳо ба ин студия шомил шуданд ва онҳо низ  баъд аз хатми Донишгоҳи олӣ сафи  ҳунармандони ин театрро пур карданд.

Дар асоси кастинги серӯзае,  ки дар театр эълон гардида буд, ҷавонони болаёқат ба ин гурӯҳ шомил шуданд, ҳунар омӯхтанд.   Баъди хатми Донишгоҳи олии ҳунарҳои зебо ҳунармандони ин гурӯҳ  Муҳиддини Музаффар, Фарҳодҷони Ғаффорпур, Фарҳод Сиддиқов, Суҳроб Шехов,  Фаррух Ваитов, Наимҷон Мирзобобоев ба театр баргашта,  дар пешбурди анъанаҳои театр саҳми арзанда гузоштанд.  Бо шарофати саъю кӯшиши ин ҷавонон ҳайати театр борҳо  дар озмуни театрҳои касбии-“Парасту” дастболо шуд. Ба мисоли  намоишномаи “Қорӣ-ишкамба”, дар таҳияи Муҳиддини Музаффар, ки дар нақши асосӣ Хушнуди Дадо маҳорати баланд нишон дод ва ин намоиш ҷои аввалро сазовор гашт. Дар фестивал-озмуни  театрии ҷавонон, намоишномаи “Садои қу” бо  таҳияи Авлиёқули Хуҷақулӣ коргардони Туркманистон - сазовори “Шоҳҷоиза” шуданд. Ин дар таърихи театр рӯйдоди муҳим буд.

Мо бо асосгузори студияи наврасон дар назди театр Юнусалӣ Эргашев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шудем:

  •  Аз ҳамин студияи наврасон, ки ман онро роҳбарӣ мекардам дар оянда ҷавонони соҳибмаълумот ва боистеъдод баромаданд. Яке аз онҳо Муҳиддини  Музаффар - на фақат ҳамчун актёр, балки чун режиссёр низ машҳур шуд. Ӯ таъсисдиҳандаи  “Суғд-Синамо”буда, чанд филмҳоеро ба навор гирифт, ки сазовори ҷоизаҳои байналмилаллӣ низ гаштанд. Дигарон дастпарварони театр:  Ғайрат Қодиров, директор,  Фарҳод Ғаффорпур - коргардони театр, Фарҳод Сиддиқов - муовини директор, продюссери театр. Онҳо  дар ҷодаи санъат  ҳунари баланд дошта,   маҳз дар театри мо кору фаъолият карда,  барои пешбурди санъати волои  театр  саҳми худро гузошта истодаанд.  

Дилбар Сулаймонова Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон:

  • Ман соли 1976 ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли1980  онро бо дипломи аъло бо ихтисоси актрисаи театр ва кино хатм кардам. Ҳамон сол ба ин даргоҳи  барои ман муқаддас - театри шаҳри Конибодом ҳамчун актриса ба кор қабул шуда, то инҷониб  фаъолияти эҷодӣ мебарам. Як сол пеш аз омадани ман гурӯҳи касбӣ ба театр шомил шуданд, ки дар байни онҳо шавҳари ман Каримҷон Сулаймонов низ буданд. Ҳамин тариқ қисмати занонаи ман низ дар ин театр ҳал шуд. Азбаски мо ҳамкасб ҳастем, бо як ғамхории хосса нисбати якдигар зиёда аз 40 сол  бо ҳам мебошем. Хушбахтона дар тӯли фаъолияти 44 солаи худ дар ин театр хеле нақшҳои ҷолибро офаридам. Ба монанди нақши Ҷулетта аз шоҳасари Шекспир “Ромео ва Ҷулетта” бо таҳияи  Тоҳир Баҳромов хатмкунандаи ГИТИС, ки барои ман хеле гуворо  буд. Ҳамин тариқ ман сеюмин Ҷулетта, баъди София Туйбоева, Хайрӣ Назарова будам. Аз соли 2012-15 роҳбари театр будам.  Соли оянда с.2025 “Парасту” мешавад, орзу дорам, ки  ба он  як намоиши хуберо омода кунем.  Маъмурияти театр тасмин гирифт, ки дар назди театр  боз аз нав студияи актёрони навраси шаҳр таъсис дода шавад. Баъди кастинге, ки  барои хонандагони мактаб эълон кардаем,  беҳтаринҳояшонро интихоб кардем. Онҳо   баъди дарсашон омада дар ҳамин ҷо, дар студияи назди театрӣ маҳорати саҳнаро ёд гирифта истодаанд.

Дар сафари хидматӣ ба шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ки доштам,бо вазъи кунунии театри мусиқӣ-драмавӣ ошно шудам. Ростӣ, кори ҳунармандони ҷавон маро дар ҳайрат гузошт. Онҳо ташнаи санъати воло буда, дар тай кардани ин роҳи пурталотум талоши зиёд карда истодаанд. Ба онҳо дар ин ҷода фақат муваффақиятҳои боз ҳам беназир хоҳонем.

 Саида Рустамова, 

мудири шуъбаи фарҳанг

 ва санъатшиносии - ПИТФИ

 

барчасп: