Дуо ва фарҳанги дуо кардан яке аз суннатҳои шифоҳии мардуми тоҷик буда, дар қатори дигар унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар ҳаёти мардум мавқеи хоса дорад. Дуо аз калимаи арабӣ гирифта шуда, дар луғат ба маъноҳои фарёд, хоҳиш, илтиҷо, ниёиш, нидо, пурсиш аз Худованд, нафрин, ибодат ва ғайраҳо омадааст. Ҳар шахс дар зиндагии рӯзмарраи худ вобаста ба ҳолати рухдода беихтиёр дуо мегӯяд. Мазмуни дуоҳо метавонад мухталиф бошад, аз қабили шукргузорӣ, талаби раҳмату мағфират, дархосту кӯмак, амалигардии орзую омол, лаънату нафрин бошад, ки шахс тавассути дуо ҳиссиёти худро изҳор мекунад. Мардуми одӣ бештар дуоҳои кӯтоҳ мекунанд ба монанди “Худо раҳмат кунад”, “Хока гирӣ зар гардад”, “Соқ рафта саломат биёӣ”, “Ёфтагита тӯйба сарф кунӣ” ва амсоли инҳо... Њатто имрӯзҳо миёни баъзе рӯҳониён дуоҳоеро мешунавем, ки ба тариқи назм ифода карда мешавад, монанди:
Эй бор Худои Аршу Курсӣ,
Шаш чиз ба мо ато фиристӣ.
Имону амону тандурустӣ,
Илму амалу фарохдастӣ.
Ва ё худ:
Субҳоналлоҳ ба ҳар дамам ёр туӣ,
Субҳоналлоҳ кушоиши корам туӣ.
Субҳоналлоҳ ба изати кун фа якун,
Субҳоналлоҳ муроди моро ҳосил кун.
Дар бораи таърихи пайдоиши дуо ягон маълумоти дақиқ надорем, аммо агар мантиқан фикр кунем, одамизод аз вақте соҳиби шуур гашт, дуоро василаи амалигардии орзуҳояш донист. Гарчанде мақсаду мароми дуо як бошад ҳам, он дар мавридҳои гуногун бо мазмунҳои алоҳида ифода карда мешавад. Масалан, дуои фотиҳа ё кушоиши кор, дуои сари дастурхон, дуои сафар, дуои хатми Қуръон, дуои вориди манзилгоҳ шудан, дуои сари қабр, дуои пас аз намоз, дуои муборакбодӣ, дуо дар ҳаққи марҳум, дуо барои бемор, дуои пеш аз хоб, дуои бад ва ғайраҳо...
Миёни мардуми одӣ одате мавҷуд ҳаст, ки вақте ба ягон мушкилот дучор гардиданд, бештар аз рӯҳу арвоҳҳо ва азизу бузургоне, ки дар наздикиашон дафн гардидаанд, ёриву мадад металабанд. Бо сабаби ҳалли мушкилоташон субҳи чоршанбе “чоршанбеи муродталаб” гуфта, ба зиёрати мазорҳои муқаддас мебароянд. Ба андешаи онҳо чунин аст, ки дуо аслан дар мазору зиёратгоҳҳо қабул мегардад. Зиёраткунандагон ҳангоми зиёрати ҷойҳои муқаддас одатан аз сураву оятҳои Қуръони карим хонда, ба рӯҳу арвоҳи шахсони фавтида мебахшанд. Зоирин аз марҳилаи ворид шудан ба зиёратгоҳ то ба итмом расонидани рукнҳои зиёрат якчанд дуоҳоро қироат мекунанд ва ҳатто баъзеашон гирди марқад давр зада, ҳоҷоташонро иброз дошта, ҳалли онро аз арвоҳи ҳамон бузургвор талаб менамоянд.
Табиист, ки барои зиёрату ҳоҷатхоҳӣ ба мазорҳои бузургон бештар занону модарон (албатта бо маҳкам кардани сару рӯй бо рӯймоли калон) мераванд, аммо ба мазорҳои муқаррарӣ рафтани занон иҷозат нест. Ин масъаларо дар ҷараёни сафари хидматӣ дар ноҳияи Восеъ нозири ёдгориҳои таърихии шуъбаи фарҳанги ноҳияи мазкур Ёрматов Дӯстмурод чунин нақл кард: “Зан модар аст, дили мењрубон дорад. Вақте ба сари қабри ягон наздиконаш меравад, гиряву нолаи зиёд мекунад, ки бо ин рафтораш мумкин ягон осеби руҳӣ бинад. Шояд аз ҳамин сабаб барои зан дар қабристон дуо хонданро иҷозат намедињанд.”
Дар иртибот ба ин мавзуъ миёни мардуми тоҷик андешаҳое роиҷ аст, ки “гӯё дар вақти даромадани занҳо ба мазор дар назари мурдагон онҳо урён менамоянд ва бояд занҳо ҳамроҳи худ кулухеро дар нифаи пойҷомаашон гиранд, то бадани онҳо пӯшида шавад”.
Дар рафти экспедитсияи мардумшиносӣ дар ноҳияи Лахш чунин мушоҳида гардид, ки ҳангоми ба мазорҳо даромадан одамон нахуст, дуоеро мехонанд, ки матнаш арабӣ мебошад: “Ассалому-л-алайкум ё аҳлал қубур яғфируллоҳи лакум ва яғафиру-л-лоҳи лано. Ва наҳну илайкум нарҷиуъун”. Тарҷимаи матн чунин аст: “Ассалому алайкум эй гузаштагон Худованд шумо ва моро мағфират кунад. Ва мо ба назди шумо хоҳем омад”. Ин навъи воридшавӣ ба мазору зиёратгоҳҳо, яъне салом додан ба мурдагон қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба назар мерасад, бояд қайд намуд, ки ин амалро бештар мардуми босавод ё ягон шахси рӯҳонӣ анҷом медиҳанд.
Чи тавре болотар зикр намудем, одамон ба зиёратгоҳ барои дуо хондан ва розу ниёиш кардан бо Худо рафта, дуои мегуфтаашонро ба рӯҳу арвоҳи майит мебахшанд. Мардум бисёртар дар рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа ба зиёратгоҳ мераванд ва ҳар чизе дар дил доранд, аз арвоҳи бузургону шахсони тақводори дар он ҷо хобида талаб менамоянд. Барои ҳамин зиёратгоҳ на танҳо макони дуохонӣ барои майит, балки василаи талаб намудани шифои беморон, кушоиши бахт, бефарзандон барои фарзанддор шудан мераванд. Аслан шахсоне, ки ниёзи бештар доранд ва муддатҳо ният кардаанд, ки ба фалон зиёратгоҳ ё мазор барои талабу хостае мераванд, онҳо ҳатман дар ҳамон макон чорпое, аз қабили гӯсфанд ё буз забҳ карда, дар ҳамон ҷой хӯрок мепазанд, ба ҳозирин тақсим мекунанд, то савобаш бирасад. Баъзеҳо дар зиёратгоҳ ба миқдори муайян маблағ мегузоранд ҳар касе ниёзманд аст, онро мегирад. Албатта, ин амалҳоро барои хайр кардан ва шод гардонидани арвоҳи дар ҳамон ҷо дафншудагон мекунанд.
Матнҳои дуоҳо дар ҳама ҷо вобаста ба нияту мақсади зиёраткунандагон гуногун буда, дар охираш ҳамин дуоро мехонанд: “Бахшидем савоб ва самараи тиловати каломи раббониро ба Ҳаққ, субҳоналлоҳу таъоло дар ҳаққи гузаштагони ҳамин манзилу макон Худованд гузаштагони ҳамин манзилу макона ҷойшона Ҷаннат, гурашона пурнур ва хонаи охираташонро обод гардона. Боқимондаҳои ҳамин қавму ақрабро умри дароз, тани соҳат ва дар корҳояшон барору комёбиҳоро насибу рӯзӣ гардонад. Омин, ё Рабба-л-оламин”.
Дар баробари чунин дуоҳои дарозу бисёр боз дуоҳои хурде ҳаст, ки одамон ҳангоми аз назди мазор гузаштан дуои кутоҳеро зери лаб хонда мегузаранд, то арвоҳи дафншудагон розӣ бошанд: “Худоё Худовандо гузаштагони моро раҳмат ва мағфират, ҷошона Ҷаннат кунӣ”.
Тибқи мушоҳидаҳо, ба хулосае омадем, ки дар чунин шароити иқтисодӣ усул ва тартиби зиёрат намудани мазору зиёратгоҳҳо дар аксарияти манотиқи кишвар якранг буда, анъанаҳои назру қурбонӣ ва пухтани чалпаку таом то ҳанӯз дар баъзе ҷойҳо дида мешаванд.
Хулоса, дуо ҳамчун жанри фолклорӣ бо мақсади талабе аз руҳу арвоҳи бузургворону шахсони тақводор ва робитаи онҳо бо Худованд хонда мешавад. Тавре ки дар боло ишора шуд, дуоро дар мазору зиёратгоҳҳо ба хотири руҳу арвоҳи гузаштагону бузургон мехонанд, то самарае аз он барои ҳалли мушкилот ё пешрафти корашон бошад.
Файзигул Насруддинова
Ходими калони илмии ММФТ