Таҳти чунин унвон рӯзи 7-уми марти соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши илмӣ-адабии идона доир гардид. Ҳамоишро директори ПИТФИ н.и.ф. Аминзода А. Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба мақоми зан дар ҷомеа ва замони соҳибистиқлолӣ, хизматҳои Пешвои миллат дар ин самт андешаҳояшро иброз намуд.
Пасон, мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашр Юсуфов Ифтихор бо унвони «Мавқеи Зан-Модар дар Паёму суханрониҳои Пешвои миллат» маърӯзаеро пешкаши ҳозирин намуд. Мавсуф аз Паёму суханрониҳои Пешвои миллат мисолҳо оварда, гуфтаҳояшро бо намунаҳои ашъори шоирони муосиру классик тақвият бахшид. Азҷумла, ӯ зикр кард, ки эҳтиром ва таваҷҷуҳи Сарвари кишвар нисбат ба Зан-Модар ба фарҳанги миллии тоҷикӣ пайванди мантиқӣ дорад. Бузургони шеъру адаб сар карда аз Рӯдакӣ то Фирдавсӣ ва аз Лоиқ то Фарзона Модарро ҳамчун мабдаи покиву зебоӣ, ҳастии инсонӣ ва кони раҳму шафқат тасвиру тавсиф кардаанд.
Баъдан дар иҷрои ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Раҳимов Билолиддин суруди “Эй хоки сияҳҷома, тифлони ту беғам нест” манзур гардид, ки табъи ҳозирин хеле болида гашт.
Дар идома ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Мунаввари Сафар, оид ба “Мақоми зан дар ҷомеа” суханронӣ намуда, дар ин зимн на танҳо аз ривояту зарбулмасал ва мақолҳои мардумии тоҷикӣ, балки дигар халқу миллатҳо низ корбурд намуд, ки бори дигар аз бузургиву шаҳомати Зан-Модар дарак дод.
Барои тафреҳ суруди машҳури “Боз омадам ба кӯи ту эй қиблаи умед” аз ҷониби Раҳимов Билолиддин ва шогирдонаш садо дод, ки ҳамагонро ба риққат овард.
Маърӯзаи дигар, ки «Тавсифи Зан-Модар дар шеъри форсӣ» ном дошт аз тарафи ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Саъдӣ Мирзо ироа гардид. Мавсуф оид ба мақоми Зан-Модар дар шеъри форсӣ ёдовар шуда, ҳамзамон аз ашъори онон мисолҳо овард, ки ба маърӯза ҳусни дигаре зам кард.
Таҳти унвони “Ба бедорӣ намеоӣ, ба хобам о аё модар” суруди дигар аз ҷониби Раҳимов Билолиддин ва суруди “Остината ҷунбонда биё” аз тарафи Абдумалик Баракаев ва Меҳрон Авезов иҷро гардид, ки бо оҳанги рақсияш ҳамагонро мафтун сохт.
Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар он профессорон Ҷӯрахон Обидпур, Мурод Муродӣ ва дигар ходимони илмии ПИТФИ сараввал ҳамагонро ба Рӯзи Модар табрик ва пасон андешаҳояшонро доир ба ҳамоиш иброз доштанд. Ҳамоиш ҷолиб, муассир, пуршукуҳ ва хотирмон буд.
Ифтихор ЮСУФОВ,
Мудири шуъбаи ВАО
ва табъу нашри ПИТФИ.