РӮЗИ МОДАР МУБОРАК! Табрикоти идонаи директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким бахшида ба Рӯзи Модар

Модарону хоҳарони азиз!

Ҳамкорони гиромӣ!

Зан-Модар мабдаи офариниш ва устоди аввалини ҳар як инсон аст. Набзи зиндагӣ ва рӯҳи инсон аз рӯзи азал бо аллаи Зан-Модар ҳамоҳанг мебошад. Моҳи март моҳест, ки дар баробари фарорасии баҳори нозанин, бедори табиат ва ҷашнҳои дигар сараввал Рӯзи Модар меистад. Дар пешрафти сиёсати фарҳангдӯстонаи амалишавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеи зан хеле баланд буда, ин аз иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».

Дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз қишрҳои созандаи кишвар занон мебошанд. Аз ҷумла борҳо зикр гардид, ки нақш ва пешрафти зан дар сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар мадди аввал меистад. Маҳз бо ҳамин мақсад 3-юми декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки имрӯз он дар тамоми соҳаҳо амалӣ гашта, натиҷаи он ба комёбиҳои назаррас оварда расондааст.

Пажȳҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ягона муассисаи илмии Вазорати фарҳанг ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти таҳқиқотиии он дар рушди самтҳои мухталифи фарҳанг натиҷаҳои назаррас дода истодааст. Дар ин комёбиҳо саҳми бонувон хеле бориз аст. Феълан аз ҳисоби занон дар ин даргоҳи илм бонувони ҷавон дар вазифаҳои муовини директор, котиби илмӣ, нозири кадр, мудирони шуъба ва амсоли ин фаъолият карда истодаанд. 

Модарон ва хоҳарони азиз, Шумо намунаи ҳақиқии фидокорӣ ва меҳнатдӯстӣ ҳастед. Бо муҳаббат ва таҳаммул бо тамоми мушкилоти рӯзгор рӯбарӯ мешавед, аммо ҳамеша дар охир бо табассуми зебо ва рӯҳи қавӣ истодагарӣ мекунед. Шумо бо як дастатон гаҳвора ва бо дасти дигаратон сайёраро меҷунбонед.

Зан-Модар ба мо бо муҳаббати бебаҳо ва дилсӯзиҳои тасаллибахш дар зиндагӣ аҳамияти бузург дорад. Ҳаёти мо мардон бо Шумо рангину ҷолиб аст.

Бори дигар ин ҷашни пуршукуҳу бошаҳомат ба тамоми бонувони тоҷик мубораку фархунда бод!

барчасп: