Панҷчашма

Айнӣ ҳамчун ноҳияи кӯҳӣ аз ёдгориҳои табииву маданӣ бой буда, аз нигоҳи мардуми маҳалливу хориҷӣ минтақаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ёдгориҳои табиӣ ба монанди чашма, дарё, ғор, кӯҳ ва ғайра хеле зиёданд, ки ҳар кадом таърихи пайдоиши хосеро доро мебошанд. Панҷчашма аз мавзеъҳои табиии шифобахш ба шумор меравад, ки мардум бо як ихлосу боварии хос омада аз обаш менӯшанд. Ин ёдгории табиӣ хусусияти шифобахшӣ дошта, аз тарафи чапи ғори Бутсефал макон гирифтааст. Панҷчашма ва ғори Бутсефал ду ёдгорие мебошанд, ки канори ҳам ҷой гирифтаанд. Аз даромадгоҳ то Панҷчашма зиёдтар аз 3 км ва аз кӯл то чашма 500 метрро дар бар мегирад. Чи гунае ки аз номаш маълум аст, ин мавзеи табиӣ дорои панҷ ҳавзи обе мебошад, ки ҳар яке ба худ номи хосе доштааст. Чашмаи аввалро “хушбахтӣ”, дуюмро “бахт”, саввумро “саломатӣ”, чаҳорумро “мерос” ва панҷумашро “сарват” ном мебаранд. Дар байни мардум чунин бовару эътиқод мавҷуд аст, ки агар яке ё аз ҳамаи ин панҷ чашма бо ният об нӯшӣ мувофиқ бо номи доштаи чашма, соҳиби ҳамон чиз мегардӣ. Оби чашмаҳо соф буда, зери он тамоми санг ва дигар рустаниҳои зериобиро дидан мумкин аст. Ҳароратнокии он сард мебошад ва ҳатто дар гармии тобистон сардиаш тағйир намеёбад. Барои бемории чашм ва меъда низ хеле муфид мебошад. Чашмҳоро нур бахшида, биниши чашмро барқарор мекардааст ва меъдаро аз ҳар гуна микробҳо тоза намуда, бемориҳои марбут ба онро шифо мебахшидааст.

Умаров Арвид роҳбалад ва сайёҳе мебошад, ки мавзеъҳои таърихӣ ва табиии Тоҷикистонро ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ муаррифӣ мекунад. Ӯ дар бораи хусусияти шифобахшии чашма мувофиқ ба иттилои одамон чунин мегӯяд: “Ин оби шифоӣ буда, мардум бештар барои саломатӣ ва нӯшидан аз ин об меоянд. Панҷашма аз кӯҳ омада, аз чашмаи панҷумаш, ки об мерезад ба Искандаркӯл ҷорӣ мешавад. Оби ин кӯл (Искандаркӯл) аз ҳамин чашма аст. Лекин мардум ба худашон ҳар хел афсонаҳо сохта, ба он бовар карда, амал мекунанд. Ҳар як чашма номгузорӣ шуда, маъноҳои хушбахтӣ, ишқ, саломатӣ, боигарӣ ва сарватро доранд. Одамон бо умеди доштани ин чизҳо ё ин ки якеи онҳо об менӯшанд. Барои биниши чашм аз об гирифта, бо чашмони кушода рӯяшонро мешӯянд”.

Аз рӯи мушоҳидаҳо дар гирду атрофи чашма, рустаниҳои шифобахш ва баъзе аз маъданҳо дида мешуд. Ба монандӣ ангишт, сулфур, гидроген, рустаниҳои ангат, зилол (буттаи зирк), хогвид (борщевик). Дарахти зардолу ва ғайра низ ба назар мерасад. Дар ин мавзеъ навъҳои гуногуни паррандаҳо, гург, говмеш, баъзе вақтҳо шутурмурғро дидан мумкин аст, ки ин аз табиати бою рангини як гӯшаи Тоҷикистон дарак медиҳад.     

Шамъигул Каримова

Ходими калони илмии ММФТ

    

 

барчасп: