Ноҳияи Айнӣ аз ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ба шумор рафта, табиати хеле бой дорад. Табиати нотакрори он барои ба вуҷуд омадани як қатор ёдгориҳои табиӣ ва маконҳои муқаддас созгор мебошад. Шаршараи Фон, ки бо номи “Фанские Неагары” машҳур мебошад, яке аз чунин ёдгориҳост. Ин шаршара 1 км дуртар аз кӯл қарор гирифтааст. Оби дарё ҳангоми бархӯрд бо харсангҳо ва ҷорӣ шудан аз кӯҳ бо як суръати ҷозибаноке шоридан мегирад, ки намоди шарараи хеле ғайриодиро мемонад. Ин дарёро Фондарё ном мебаранд. Оби ин дарё хеле мусаффо буда, онро ба як навъ ранги кабуди фирӯза шабоҳат медиҳанд. Ин шаршара дар радифи дигар шаршараҳои дунё яке аз зеботаринҳо дониста шудааст. Дар қисмати поёнӣ дарё ба шаршара табдил ёфта, аз танаи кӯҳ ҷорӣ мешавад. Қутри шаршара 38 метр аст, вале дар баъзе манбаъҳо 37, 40, 39, 43 ва 38 метр оварда шудааст. Яке аз ҷойҳои он хеле пуртуғён буда, фаввора заданаш саёҳони дохиливу хориҷӣ аз тамошояш ҳаловат мебаранд. Шаршара дорои ду зинаи серҳаракат аст, ки рафти поёнашро одамон дида наметавонанд. Шаршараи Фон ягона шаршарае дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба он умуман наздик шуда намешавад, танҳо аз масофаи дур истода тамошо мекунанд. Дар гирду атрофи ин мавзеъ растаниҳои худрȳйи шифобахш дида мешаванд, ки табиати атрофро боз ҳам зеботар мегардонанд. Наздик ба шаршара харсангҳои гуногуне, ки ҷуссаашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва ба гузаштани роҳ то назди шаршара халал мерасонанд, маскан гирифтаанд.
Бояд қайд кард, ки дар бораи ин мавзеи тасхиркунанда бори аввал олими украинӣ, ботаник, В.И. Липский дар ёддоштҳояш ёдовар шудааст. Такя ба мақолаи Александр Машков ӯ соли 1889 ба кȳли Искандаркȳл экспедитсия гузаронида, дар асоси материалҳои экспедитсиониаш китоби “Кӯҳи Бухоро”-ро, ки соли 1905 дар Санкт-Петербург нашр шудааст, навиштааст, ки: “Азбаски муддати дароз бор набуд, аспро ба дарахт баста, худам сарсон шуда дар байни буттаҳои начандон зичи соҳили чапи дарё рафтам. Ба садои шадиди дарё нигоҳ накарда, ба назарам чунин менамуд, ки гӯшам ягон садои дигари бегонаро бардошта истодааст. Аз миёни буттаҳо ва аз пеши сангҳои азиме, ки бо мурури замон сиёҳ шуда буданд, ба зӯр роҳро гузаштам. Гӯё беихтиёрона то охири он штурмае, ки пеши дарёро баста буд, поён рафтам, ки ҳоло борхалтаҳои моро нигоҳ медошт. Акнун садои фуру рехтани об аз чархњои осиёб маълум мешуд, ки дар љое шаршарае пинњон шудааст. Вале чандон осон набуд ба соҳили дарё наздик шудан. Ниҳоят, каму беш ҷои муносиб ёфта, хам шудам, дар пеши назарам як манзараи ҷолибе афтод, ки шаршараи боҳашамат пайдо шуд. Тахминан каме болотар аз баландӣ, тамоми чизро чангу ғубори оби сафед пахш кардааст. Ин чангу ғубор тасвири ранги гулобиро медод. Аммо аҷибиаш дар он аст, ки ҳатто роҳбалад Ёқуб, ки зиёда аз 20 сол дар ин ҷо корвону экспедитсияҳо гузаронда буд, аз дидани он дар ҳайрат монд, ки аз вуҷуд доштанаш намедонист” (Александр Машков. Водопад на Искандарье, окрестности Искандеркуля, Фанские горы, Таджикистан. Манбаъи иттилоотӣ: https://alexmashkov.blogspot.com).
Имрӯзҳо аз тамоми гӯшаву канори олам ба тамошои ин ҷойи нотакрор меоянд ва бо як рӯҳу илҳоми тоза бармегарданд.
Шамъигул Каримова
Ходими калони илмии ММФТ