Аз гузаштаҳои дур бонувони тоҷик ба ороиши рӯй, чашму абрӯ ва ғайраҳо аҳамияти зиёд медоданд. Барои бонувон алалхусус арӯсон оро додани чашму абрӯ мояи зебоӣ ва шуғли ҳаррӯзаашон мебошад. Аз қадим занони Шарқ бо усули оро додани чашму абрӯи хеш фарқият доранд. Бонувони тоҷик дар деҳаҳои дурдаст бештар чашму абрӯи худро бо сурмаю усмаи табиӣ оро медиҳанд.
Ба ҳамин мазмун дар рафти сафари хидматӣ ба шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд)-и вилояти Хатлон бо бонуи хонадон, зани таҷрибадор Бурихонова Сафармо оид ба омода намудани сурма аз чарбуи гов ва ҷанбаи фоиданокии он ҳамсуҳбат гардидем.
Дар миёни мардуми тоҷик сурма таърихи қадима дорад. Сурма дар навбати хеш ду навъ мешавад: сурмаи говӣ ва сурмаи сангӣ.
Онро яке аз ороишоти занона, барои зебу зиннат ва даво ба чашм мемоланд. Тавассути ширкатҳои косметикӣ ба ҷумҳурии мо бештар навъҳои гуногуни сурма ворид мегардад. Аммо бонувони мо аз маҳорати баланду заковати хеш истифода бурда, бо дастони худ дилпурона аз сангҳои табиӣ ва чарбуи чорво барои оро додани чашми хеш сурма омода менамоянд.
Тарзи омода намудани он чунин аст: «Сараввал равғани говро дар деги оташаш муътадил андохта, то ҷаззааш аз равған ҷудо шудан доғ карда мешавад. Пас аз ин равғанро дар зарфи сирдор хунук менамоянд. Пахтаро монанди пилик тоб дода, дар маркази равғани хунукшуда мемонанд. Нӯги пахтаи пиликшударо оташ гиронда аз болои он зарфи дигари сирдорро ба монанди сарпуши дег мегузоранд. Оташи гирондашудаи пахта дар даруни зарф бояд паст-паст сухтан гирад. Зеро оҳиста сӯхтани оташи пахта, дудаи сӯхташудаи равғанро дар косаи болопуш ҷаъм менамояд. Баъд аз сухта тамом шуданаш ҳамаи дудҳои ҷамъшударо бо коғази сахт тарошида ба зарфи шишагӣ мегиранд”. Хосияти гирифтани сурма дар зарфи шишагӣ дар он аст, ки маҳсулот новобаста аз фаслҳои сол сифати худро тағийр намедиҳад. Картони сахт бошад, барои зуд наҷабидани равған истифода бурда мешавад. Дигар ашёҳоро ба монанди қошуқ (чӯбин, алюминӣ, оҳанин, пласмасӣ), корд ва амсоли инҳоро истифода намекунанд, чунки ҳар яке барои сифати маҳсулотро дигаргун мекунанд. Бо пахтаи тоза боқимондаи дудаи сухташударо покиза намуда, барои бемории чашм ва молидан дар нӯги чӯб печонда, ҳамчун маҳсулоти тайёр истифода мебаранд.
Равғани гов барои табобати чашми сармохурда фоиданок мебошад. Ҳангоми хурд будани тифл сурмаро барои равшантару калонтар шудани чашмонаш мемоланд. Чунки аз нурҳои зараровар эҳтиёт менамояд. Дар замони муосир истифодаи техникаву технология зиёд гашта истодааст ва ба чашмони инсоният аввалиндараҷа хоҳу нохоҳ зарари хешро мерасонад. Мо бонувон метавонем аз сурмаи табиӣ омода намудаи мардуми куҳистон истифода барем. Чунки аз маводҳои кимиёӣ эмин мебошанд ва дилпурона ба чашм, ки яке аз узвҳои нозуки инсон ба ҳисоб меравад, молем. Сурма чашм ва асабҳои ин узвро боқувват намояд. Сурмаро на ин ки ба чашм инчунин барои давоҳои дигар узвҳои инсоният истифода менамоянд. Яъне ҳангоми хунравӣ ва ҷароҳатҳои вазнин ба ҷои захм мемоланд. Сурма ҳатто ҷароҳати вазнинро табобат мекунад.
Маҳорати сурматайёркунии ин бонуи чирадастро дида ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мо бояд ҷавондухтаронро ҳангоми омода намудан аз нозукиҳои сурматайёркунӣ ва тарзи таҳияи он бархурдор намоем. Аз хусусиятҳои табобатӣ ва тарзи истифодаи он дар вақти лозима огоҳ бошанд. Ҳар минтақаи Тоҷикистон вобаста ба тарзи ҷойгиршавӣ сурмаро аз сангҳои махсус ва гоҳо чарбу омода менамоянд. Ҷавондухтарон ҳамчун ёрирасон дар паҳлӯи модарон давомдиҳандаи ин касаба гарданд. Ба наслҳои оянда барои истифодаи сурма барои зебоии чашму абрувон ва даво будан аз сармохурдагӣ омӯзонанд. Чунки маводи кимиёӣ сараввал ба қадри имкон зебо намояд аз ҷониби дигар ба нури чашмон зарари хешро мерасонанд.
Гулзира Каримова