Мактаби «устод - шогирд» омили рушди анъанаҳои мусиқии касбӣ

Бо  шарофати  истиқлолият ва  иқдомҳои пайвастаи  фарҳангпарварии  Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  муаззами  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистони  азизамон  дар  паҳнои таърихи  навини  олам  мавқею  мақоми  устувори  хешро собит намуда, ба сӯи  ояндаи  нек  қадамҳои  устувор гузошта истодааст. Дар  фазои  ҷомеаи навин мавқеи  рушди  фарҳанги миллӣ, хусусан  нигаҳдошти  мусиқии  волои « Шашмақом»  ва  « Фалак»  баланд  гардида, нақши  он  дар  пешрафт  ва ташаккули  маънавиёти  мардум  мунтазам  рӯ  ба  афзоиш  меоварад. Тараққиёти ояндасози  замони  муосири Тоҷикистони  соҳибистиқлол  имкониятҳои  нерӯи  офарандагиро  бештар ба  сӯи  ҳувияти  миллӣ,  хештаншиносию худогоҳӣ, инсонпарварию тамаддунсозӣ  тақвият  менамояд. Дар ин замина  мавқеи  аҳли зиёи  ҷомеа  нақши  муҳиме дорад. Падидаҳои эҳё ва омӯзиши беҳтарин дастовардҳои сарватҳои  фарҳанги  маънавии миллӣ вазифаи  олитарини  давлат  ва  ҷомеаи  навини мо ба  шумор меравад.

Байни  арзишҳои  нодиртарин  омилҳои  эҷодиёти  мардумӣ – ҳунари  мусиқӣ  бо  кулли  имконият  ва  хусусиятҳои  худ  мавқеи  хосаеро ишғол  менамояд. Аз  ин  лиҳоз, нақши  он дар    ҷомеаи  муосир  муҳимтарин  ҷавҳари  фарҳанги  маънавии миллӣ   эътироф  шуда, дар  қарор  ва  ҳуҷҷатҳои  махсуси  ҳукуматӣ, ҳамчу  мероси бебаҳои ғайримоддии тоҷикон, қабул ва  ба  тасвиб  расидааст.

Боиси  ифтихор  аст, ки  санаи 17- уми  августи соли 2010 Ҷумҳурии  Тоҷикистон  узви  Конвенсияи ЮНЕСКО оид  ба  ҳифзи  мероси  ғайримоддӣ  гашт. Соли 2008 санъати  Шашмақом  дар  феҳристи  репрезентативии  ЮНЕСКО  ҳамчун  намунаҳои  беҳтарини  мероси  фарҳангии ғайримоддии тоҷикон  сабт гашт, ки боиси ифтихор  мебошад.

Мероси безаволи санъати  мусиқӣ дар  давраҳои  гуногуни таърихӣ  дар  доираи  услуби таълимии устод – шогирд рушд ва   густариш  ёфтааст. Феълан, анъанаи  мазкур байни  мардум  тавассути устодони  касбӣ  ташаккул  ёфта  асолати  худро  то имрӯз  гум  накардааст. Омили  мазкур  ба  пешрафти ҳунари  касбӣ  мавқеи  устувор гузошт.

Боиси  эътироф  аст, ки  ҷараёни  эҷодию  ҳунарии мусиқии суннатӣ  хусусан, услуби таълимии он, дар сатҳи давлатӣ  начандон  таърихи тулонӣ дорад. Дар Тоҷикистон  омӯзиши  методи- таълимӣ ва инчунин  тайёр намудани  мутахассисони   касбии мусиқии  суннатӣ  расман аз  давраи  солҳои 80-уми  қарни гузашта дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи М. Турсунзода оғоз гардид. Падидаи услуби таълим  дар ибтидои  ин   раванд дар заминаи  таҷрибаҳои  устодони  варзида мукаммал гардида шакли омӯзиши он  ба  таври  шифоҳӣ  мавриди  амал қарор дошт.

Дар давраи Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон  таваҷҷӯҳ нисбат  ба  омӯзиши  ҳамаҷонибаи санъати  мусиқии  суннатӣ, аз ҷумла  мақомсароӣ ва  фалакхонӣ хело  афзоиш  ёфт. Ба замми ин, таваҷҷӯҳ ба мусиқии  касбӣ,  ёҳёи дубораи услуби таълимии  ин  мусиқӣ  тибқи мактаби устод- шогирд, ҷорӣ намудани  он дар  муассисаҳои  давлатию хусусӣ баҳри  бедор намудани  ҳисси  худшиносии милливу  ватанпарастӣ, ҳифзи маънавиёти мероси  мусиқӣ, кӯшишу  талошҳои зиёде  зоҳир  гардид. Соли 2000  бо имзои Президенти  кишвар  аз 12 май таҳти №294 Қарори махсус «Оид ба рушди  минбаъдаи  санъати иҷрогарии  Шашмақом дар Тоҷикистон» ба  табъ  расид, ки дар он дурнамо  ва  масоили муҳиме дар  кори инкишофи  ин  санъати  бузург номбар  ва  дарҷ  гардида буданд. Аз ҷумла, ба ин номгӯй  интишори  китоби  Шашмақом бо таҳрири нав, ташкилу  таъсиси  студиҳои  шашмақомсароёни  ҷавон дар тамоми  манотиқи ҷумҳурӣ, эҳдои  мақоми  давлатӣ  ба Ансамбли Шашмақоми ба  номи  Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи  телевизион  ва  радиои  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданд. Худи  рӯзи  12 –уми май расман  ҷашни «Рӯзи Шашмақом» эълон карда  шуд. Ба ин васила Президенти  кишвар  дар замони кунунӣ  тамоми шароити заруриро барои  рушди ин хориқаи беназир дар  ҷумҳурӣ  муҳайё  намуданд.

Бояд зикр  намуд, ки соли 2000  таъсиси  Консерваторияи миллӣ, Ансамбли давлатии мақомхонони «Нури Хуҷанд», соли 2003 Академияи  мақом  ва  мактаби  мусиқии баччагонаи «Шашмақом» дар Душанбе (2005)- дуи охир  бо ибтикори    Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов  созмон ёфтаанд) дар  тадриси  Шашмақом дар кишвар  шароити  мусоид фароҳам  овард  ва натиҷаҳои назаррасе  ба  бор овард. Ташкил ва баргузории  симпозиумҳо  байни  сарояндагони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ  ба як  анъанаи доимиву  ҳамасола  табдил ёфт.

Дар  рушди нумуи  имрӯзаи Шашмақом –и тоҷик дар даврони Истиқлолият нақши  Консерваторияи миллӣ  ба номи Талабхӯҷа Сатторов  ва  Академияи мақом хело  назаррас  мебошад. Боиси  таассуф  аст, ки аз соли 2016  Академияи  мақом, ки боргоҳи умедбахши  ҳунар маҳсуб  меёфт  ва  маҳз  дар  ин  даргоҳ  суннатҳову анъанаҳои эҷодӣ, иҷрокунандагӣ, бастакорӣ асоси  фаъолияташон тибқи  консепсияи  рушди Шашмақом дар  замони  муосир ба роҳ  монда  шуда буд, аз фаъолият  боз  монд. Хушбахтона устодони Косерваторияи  миллӣ  Хуршед  Иброҳимов, Сироҷиддин Ҷураев, Ҷамшед  Эргашев, Озодахон Ашурова, Исмоилов Абдурасул, Зоҳиршо  Ҳайдаров, дастпарварони «Академияи мақом» мебошанд  ин  анъанаи  наҷибро  идома  дода  истодаанд. Баромадҳои  овозхонони  ин  ҳунаристон  аз  минбарҳои  сатҳи  баланди  ҷаҳонӣ исботи  ин  гуфтаҳост.

Боиси хушнудӣ  ва ифтихор аст, ки    ҳамасола 10- уми октябр  дар  саросари Ҷумҳурӣ  «Рӯзи  Фалак»  бо  тантана  ҷашн  гирифта  мешавад. Фалаксароёни  маҳбуби  кишвар шодравон  Давлатманд  Хололов, Соҳиба Давлатшоева, Ақназар Аловатов  дар  симпозиумҳои  фолклории  дунё ширкат  варзида  фалаки  тоҷикро  муаррифӣ  намудаанд.

28 –октябри соли  2023 таҳти №504 бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи  давлатии  рушди  Шашмақому Фалак  ва мактаби  устоду шогирд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои  солҳои 2024- 2028  қабул  гардида  буд,  ки  он  баҳри рушди санъати Шашмақому  Фалак  шароити  мусоид  фароҳам  меовард. Ҳадаф  аз  ин  қарор  дар он  аст, ки  дар  баробари услубҳои  академии  таълим, ки  дар  ҳама  косерваторияҳои  ҷаҳон  пазируфта  шудаанд, услуби  қадимии  суннатии  устод  ва  шогирдро  истифода  намоем.  Ин  низоми  омӯзиш  афзалияти  худро  собит  намудааст.

Дар  ин  бобат доктори  илмҳои  санъатшиносӣ, профессор, узви Иттифоқи  композиторони Тоҷикистон  Аслиддин  Низомов  чунин  ибрози  назар  намудаанд. « Вақте, ки  муҳассил дар  назди  устод як ду  сол не, панҷ ё  даҳ  сол  таҳсил  мегирад  бо  ҳамон  услуб  аз  устод натанҳо  оҳангро  меомӯзад  балки  ҳамаи  он сифатҳои  беҳтарини  устодашро  ҳамчун   намунаи   ибрат  қабул   мекунад,  меҳраш  ба  ин  касби  нозук  устувор  мешавад. Меҳри  касбро  дар дили  шогирд  ворид  кардан  бисёр  кори  душвор  аст ва  маҳз  услуби  таълимии  устод- шогирд ин  вазифаи  хело  заҳматталабро  амалӣ  карда  метавонад.

Фалаксороӣ  низ як  ҷузъи  мусиқии  классикии мо  ба  шумор  меравад. Яъне  ин  мусиқӣ  соф  фолклорӣ  нест, сохтори  устодона  дорад, маъноҳои  волоӣ  бадеӣ ва  иҷтимоиро  доро  мебошад. Аз  ҳамин  лиҳоз  бояд  фалаксаро низ  назди  устод  таълим  гирад  ва  ба  дараҷаи   зарурии  фалаксароӣ расида  тавонад.

Роҷеъ  ба  масоили  рушди  Шашмақом  тибқи  услуби  таълимии  устоду  шогирд  номзади  илмҳои  таърих марҳум  устод  Абӯбакр  Зубайдов  чунин  ибрози  назар  намудаанд.

«Барои  пурра  барқарор  намудани  суннатҳои  хоси  «Шашмақом», аз  ҷумла  пайванди  сегона « донанда, бастакор, иҷрокунанда» ва  мактаби  « устоду  шогирд» пайваста  бояд  заҳмат  кашид. Барои  ба  натиҷаҳои  ҷолиб  расидан  иҷроиши   якчанд   омилҳо   зарур  мебошанд.

  1. Бояд  кӯдакон аз  боғча ба  ин комуси  мусиқии  аҷдодӣ шиносоӣ  пайдо намуда, дар бораи  он  тасаввурот дошта  бошанд.
  2. Порчаҳои  нисбатан  соддаю  хурди созию  овозии  «Шашмақом» ба  барномаи  таълимии  мактабҳои  таҳсилоти  ҳамагонӣ ворид  карда шуда, ба  хонандагон таълим  дода  шаванд.
  3. Дар  мактабҳои  мусиқӣ  шиносоӣ  ва  омӯзиши  ҳатмии нисбатан  васеътари  суруду  навоҳои « Шашмақом» ба  роҳ  монда шавад, зеро  ҳалли  ин  масъала  дар  тайёр  намудани донишҷӯёни  оянда  барои  колеҷу  макотиби  олии  мусиқии  суннатии  халқамон хеле  муфид  аст.
  4. Дар  шуъбаҳои  махсуси  мактабҳои  мусиқӣ, ансамблҳои баччагонаи  мақомсароён, шуъбаҳои мақомхонии  колеҷу  макотиби  олии мусиқии  ҷумҳурӣ бояд  тамоми  нозукиҳои  амалилию  назаривии  Шашмақом, қонуну  суннатҳои ин  шоҳасар, ба  хусус  нозукиҳои мактаби « устод- шогирд» эҳё   ва  омӯзонида  шавад.
  5. Донандагону  мутахассисони  ин  соҳа бояд  бикӯшанд, ки  солҳои  наздик  суннатҳои  фаромӯшшудаи « Шашмақом»  аз  нав эҳё  гардида, ин  хориқаи  мусиқии классикии мардумии  тоҷик  ҳамчун  вуҷуди  зинда,  бо эҷоди  шоҳкориҳои  нави  тару тоза  рушд  ёбад.

Раҳимов  Билолиддин

          

барчасп: