Натиҷагирӣ аз рафти пажуҳиши фаъолияти Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова”

Санъати рақси тоҷик яке аз ҷузъҳои муҳими фарҳанги мардуми тоҷик буда, тайи ҳазорсолаҳо дар фарҳангу тамаддуни мардуми мо мавқеи худро дорад. Бо рӯҳбаландӣ ва ифтихор аз фарҳанги олиашон ба мақсади тадбиқи боз ҳам самарабахштари сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот пайваста барои муайяну мушаххас намудани вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол дар соҳаи фарҳанг пайваста тадқиқотҳои илмию амалиро роҳандозӣ мекунад.

Тибқи лоиҳаи илмии ПИТФИ “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол”, ҷиҳати омӯзиши вазъи таълим дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова” пажуҳиш гузаронида шуд.

Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ”, 2-юми майи соли 2007-ум ба хотири абадӣ гардонидани номи Малика Собирова – фарзанди  шуҳратманди халқи тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №251, Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова” номгузорӣ карда шуд.

Собирова Малика Абдураҳмоновна 22-юми майи соли 1942 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, 27-уми феврали соли 1982 дар ҳамин ҷо аз олам гузаштааст. Малика Собирова солҳои 1953-1961 дар Омӯзишгоҳи академӣ-хореографии ба номи А.Вагановаи шаҳри Ленинград таҳсил намуда, аз соли 1961 то 1963 дар саҳнаи Театри калони СССР-и шаҳри Москва таҳти роҳбарии хореографи машҳури Шӯравӣ Галина Уланова кор карда, санъати худро тикмил додааст. Аз соли 1963 то охири умр ҳунарпешаи (солисткаи) “Театри давлатии академӣ опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ”-и Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд.

Намои берунии бино ба бинои “Театри давлатии академи опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” шабоҳат дошта бо назардошти иншооти ёрирасон масоҳати он 360 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки ин муассисаи таълимию фарҳангӣ дар тарбия ва омодасозии мутахассисони (кадрҳои) соҳибкасб нақши назаррас дорад. Коллеҷ то ин дам дар биное фаъолият дошт, ки ба талабот ҷавобгӯ набуд. Дар баробари ин, одитарин тамрини рақс барояшон мушкилиҳо пеш меовард. Бо фаъол гардидани бинои муҳташами замонавӣ ба ин ҳама мушкилиҳо хотима дода шуд.

Дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова” мутахассисони касбии соҳаи хореография барои дастаҳои рақсии касбӣ ва Муассисаи давлатии “Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ”-(гӯруҳи балет) тайёр карда мешавад. Айни замон коллеҷ дорои се шуъба: шуъбаи рақси халқии тоҷикӣ, шуъбаи рақси классикӣ(балет) ва шуъбаи рақси муосир(эстрадӣ) мебошад.         Дар муассиса 35 омӯзгор 22 нафар зан ва 13 нафар мард фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 10 нафарашон омӯзгорони фанҳои зинаи таҳсилоти умумӣ ва 25 нафарашон муаллимони фанҳои тахассусӣ мебошанд, 3 нафар муаллимони фанҳои тахассусӣ дорандаи унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, 1 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон ва 1 нафар дорандаи медали Барои хизмати шоиста буда, 20 нафар муаллимон дорои маълумоти олӣ мебошанд. Шумораи умумии хонандагонг ва донишҷӯёни коллеҷ 98 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 60 нафарашон ба гуруҳи таълимии назди коллеҷ рост меояд.

Муассиса фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ, ки фаъолияти таълимиро ба танзим медарорад, амалӣ месозад.  Муассиса дар раванди таълим аз рӯи нақшаи таълимии тасдиқ намудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, фаъолият мекунад.

Тарбияи хонандагон ва донишҷӯён дар рӯҳияи, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инсондӯстӣ, гиромӣ доштани анъана ва расму оинҳои миллӣ, эҳтироми калонсолон, афзунгардонии обруву эътибори муассиса тибқи нақшаҳои мушаххаси корҳои эҷодиву тарбиявӣ сурат мегирад.

Иттиҳодияи фанҳои тахассусӣ ва гуманитарӣ фаъолияти худро аз рӯи нақшаи кории худ, ки бо нақшаи солонаи умумиколлеҷӣ мутобиқ гардонида шудааст, пеш мебаранд. Нақшаи кории иттиҳодияҳои фаннӣ мувофиқи нақша ва чорабиниҳои солона, ба нақшаи тарбиявии муовини деректор оид ба корҳои тарбия мувофиқа карда шудааст. Фарогир будани баргузории ҷашнҳои милливу давлатӣ аз қабили: 1-сентиябр Рӯзи дониш, дарси Сулҳ, 9- сентябр рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, 5-октябр Рӯзи забон, 6-ноябр Рӯзи қабули Конститутсия тасдиқи гуфтаҳои болост.

Дар муассиса синфхонаҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърих ҷой дода шудааст, ки онҳо ҷавобгӯи талаботи имрӯза мебошанд, инчунин дар муассиса 30 адад компютер 2 тахтаи электронӣ ва 6 прентери ранга мавҷуд аст, ки аз он хонандагон ва донишҷӯён истифода менамоянд.

Таҳлили корҳои омӯзишӣ ва посухҳои пурсишнома аз рафти омӯзиши раванди таълим дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова” муайян намуд, ки бо вуҷуди фароҳам будани имкониятҳои васеъ ва дастовардҳои намоёни муассиса дар пешбурди кори он норасоиҳо низ ҷой дорад, ки мебояд барои бартараф намудани онҳо кушиш кард. Норасоии омӯзгорони тахассусӣ оиди таълими назариявии санъати хореографӣ, номукамалии баъзе  нақшаҳои таълимии омӯзгорони фанҳои тахассусӣ, норасоии адабиётҳо ва маводҳои таълимӣ оид ба санъати хореография бо забони давлатӣ, корношоямии чанд асбоби мусиқии фортепиано, истифодаи ками воситаҳои инаватсионӣ дар ҷараёни таълим, камшумор будани китобҳои  соҳавӣ дар китобхонаи муассиса ва ба бозомӯзию такмили ихтисос фаро гирифта нашудани омӯзгорони тахассуси хореографӣ таи солҳои охир, мавҷуд набудани хобгоҳ барои хонандагону донишҷӯён, ки ин норасоиҳо дар пешбурди фаъолияти муассиса бе  таъсир намемонанд.

Барои боз ҳам хубтару беҳтар гардидани фаъолияти муассисаи таълимӣ пешниҳод мекардем, ки аз ҷониби олимон ва мутахассисони варзидаи соҳаи рақс тайёру нашри китобҳои дарсии соҳаи хореография ба забони давлатӣ ба роҳ монда шавад. Омӯзгорони фанҳои тахассусии рақс сари вақт аз бозомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисос гузаранд. Ҷалб намудани наврасону ҷавонони соҳибистеъдод ба донишандӯзӣ дар коллеҷ аз гӯшаҳои дурдасти кишвар, муассиса дорои хобгоҳи алоҳида мебуд, заминаи хубе барои дарёфту тайёр намудани мутахассисони оянда. Беҳбудӣ гардидани фаъолияти муассиса боиси ҳамаҷониба тарбия ёфтани мутахассисони ҷавони соҳаи фарҳангу ҳунар мегардад. Зеро ҷавонон ояндаи миллату пешбарандаи фарҳанги асили ниёгони мо ба шумор мераванд.

Ходими илмии шуъбаи

илмӣ-методии ПИТФИ

Қодиров Зиёвиддин

 

барчасп: