Бо қавм ё миллате ҳаммарзу ҳамбум будан, ин ҳамрадиф буданро дар миқёси як минтақа ифода мекунад. Водиҳои Фарғона Рашт дар доманаи худ тоҷикону қирғизҳоро ба ҳам оварда, дар омезиш ёфтани фарҳангу тамаддуни ҳамдигар мусоидат намудаанд. Асрҳост, ки миллати тоҷик бо мардуми қирғиз ҳамсарҳад буда, чандин расму ойин, урфу одат ва анъаноти муштарак доранд. Маҳз ҳамсарҳад будан ва нигоҳ доштани муносибатҳои фарҳангиву иҷтимоӣ дар тӯли таърих ин ду миллатро бо ҳам пайвастааст. Сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ки рӯзи 12-уми марти соли ҷорӣ сурат гирифт, аз иқдомҳои наҷиби муносибатҳои ҳамкорӣ дониста мешавад. Пешвози самимона ва баёни ҳурмату эҳтироми мардуми Қирғизистон низ дар навбати худ аз муносибатҳои мустаҳками тарафайн шаҳодат медиҳад. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик на танҳо дар миқёси Осиё, балки дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофарии худ шуҳратёр гардидааст. Зеро сулҳ ва ҳаёт аз ҳам ҷудонашавандаанд, агар сулҳу амонӣ бошад, он гоҳ шукуфоии дарахтон, болафшонии кабӯтарон, тулӯи офтоби зарринбол, нигоҳи гарми модарону хандаи беғаши кӯдакон (қатъи назар аз миллату нажод ва дину мазҳаб) ба назари кас таровиши зебое пайдо мекунанд. Ин навбат дар муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳам тавонист, муноқишаҳои беасосро барҳам дода, баҳри сулҳу субот ва пойдории на фақат ду миллати ҳамсарҳад, балки оромии минтақа ва ҷаҳонро таъмин намуд. Дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз ҳам таърихи ниҳоят қадима дошта, ин ду халқи ҳамсоя асрҳо дар қаламрави водиҳои Фарғона ва Рашт умр ба сар мебаранд. Бояд гуфт, ки дар барқарор кардани муносибатҳои дӯстона сайъю кӯшиши ду сарвари давалат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ниҳоят бузург мебошад. Онҳо ба хотири таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо ҳам мулоқоту вохӯриҳо доир намуда, мушкилоти ҷойдоштаро аз миён бардошта, роҳи мусолиматомези рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро омили муҳимми пешрафти ҳар ду кишвар эълон карданд ва барои амалӣ шудани онҳо иқдомҳои ватандӯстонаро пеш гирифта, барои устувор кардани дастовардҳои дуҷониба тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуданд.
Лайло Носирова