Ба ҷашнвораи яке аз Арбобони ҳунар ва санъати тоҷик, профессор Ҷӯрахон Обидпур рӯзҳои башумор мондааст. Яъне 20-уми марти соли 2025 ин марди наҷиб, донишманд, накӯном ва соҳибҳунару боитеъдод ба синни мубораки 85-солагӣ мерасанд.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза, табрикоти худро, мо кормандони шуъбаи илмӣ-метод ба устод мерасонем. Устод Ҷӯрахон О. ҳамчун шахсияти фидокор, муҳақиқи нуқтасанҷ ва инсони нексиришт дар рушди илм ва санъати тоҷик саҳми арзанда доранд. Заҳматҳои пайвастаи ӯ дар пешбурди илму дониш ва тарбияи кадрҳои соҳавӣ боиси ифтихор аст. Ба устод тансиҳатӣ, иқболи баланд, муваффақиятҳои навин ва зиндагии пур аз файзу баракатро таманно дорем. Бигзор ҳар рӯзи ҳаёташон бо шодиву фараҳ ва дастовардҳои навин дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ рӯшан гардад!
Ин марди накӯном ва орифи соҳаи санъат 20-уми марти соли 1940 дар деҳаи Бедаки ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, дар оилаи деҳқон-косиб ба дунё омадааст. Баъди хатми синфи 7, солҳои 1956-60 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе)-ро бо ихтисоси рубобнавоз хатм намудааст. Солҳои 1960-65 факултаи созҳои халқии узбекии Консерваторияи давлатии шаҳри Тошкандро бо ихтисосҳои рубоби қошғарӣ ва дирижёри оркестри созҳои халқӣ ба итмом расонидааст. Аз солҳои 1965 то ҳозир дар шаҳри Душанбе зиндагиашро идома дода, 6 фарзандро ба воя расонидааст. Аз байни фарзандон Нигина Обидова, соҳаи падарашро касб намуда, имрӯз ҳамчун “пианинонавоз ва омӯзгори маъруфи тоҷик” шуҳратёр гаштааст.
Аз соли 1973, бо таъсис ёфтани Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Ҷӯрахон Обидпур фаъолияташро дар он ҷо шурӯъ намуда, то соли 2009 аз омӯзгори калон то ба дараҷаи нахустин профессори соҳа расидааст. Ӯ дар таълими насли нави мусиқишиносон саҳми арзанда гузошта, 32 нафар рубобнавоз ва 2 нафар дирижёри оркестри созҳои халқиро тарбият намуда, ба воя расонидааст.
Устод то имрӯз муаллифи зиёда аз 30 китобҳои дарсӣ, дастуру барномаҳои таълимӣ, маҷмуаҳо ва хрестоматия, зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-омавӣ ва энсиклопедӣ, 16 пиесаҳои гуногун бо рубоб ва ҷӯршавии оркестри созҳои халқӣ ва фортепиано ва 26 суруду пиесаҳои гуногунҳаҷмро сабт кардааст, ки дар бойгонии Радиои тоҷик маҳфузанд, беш аз 100 асарҳои композиторони мухталифро таҳия ва табдил дода, партитура намудааст, зиёда аз 100 суруд бо ҷӯршавии ансамбли созҳои халқӣ, эстрадӣ, ду суитаи овозиву рақсӣ ба шеърҳои Салими Хатлонӣ, ду фантазия барои рубоб ва фортепиано бо ҳамкории К. Тушинок, се пиеса барои ансамбли рубобнавозон ва зиёда аз 100 суруду хорҳои бачагона эҷод намудааст. Сурудҳои барои кӯдакони синни то мактабӣ дар ду маҷмӯа бо унвонҳои “Боғчаи мо” (30 суруд, 2007), “Шодии дил” (23 суруд, 2010) ва маҷмӯаи суруду хорҳо барои мактаббачагон бо унвони “Ману тарона” (17 суруд, 2005) чоп намудааст. Зиёда аз 50 сурудаш дар бойгонии тиллоии Радиои тоҷик сабт шуда, маҳфузанд.
Маҳфилҳои эҷодии Ҷ. Обидпур солҳои 2000-ум дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, 2010 – Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, 2015 – мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ баргузор гардидаанд. Дар корҳои ташкилӣ-методӣ, низ хеле фаъол буда, дар чандин озмунҳои байни ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ба сифати аъзо, муовини раис ва раиси ҳакамон иштирок кардааст. Барои ташвиқи ҳунари хеш ба кишварҳои Полша (1972) ва Русия (1972, 1978, 1988) сафарҳои ҳунарӣ намудааст.
Фаъолияти пурсамари ин шахсият хело доманадор аст, ки муфассал дар китобҳои “Орифи санъат” (маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиолӣ бахшида ба 80-солагии Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад, професссор Ҷӯрахон Обидпур) ва китоби Н. Ҳалимов “Соҳибҳунар” ҳама паҳлуҳои фаъолият, бахусус паҳлуҳои ҳунари дирижёриаш дарҷ ёфтаанд.
Тули 30 сол аст, ки Ҷӯрахон ба ритмшиносӣ (вазншиносӣ) машғул буда, дар ин мавзуъ 4 рисола (монография) таълиф намудааст. Оиди ин мавзӯъ Ӯ чунин назар дорад, ки мегӯяд: “Адабиётшиносону арӯзшиносон ва шоирон то имрӯз дарк карда натавонистанд, ки калимаи “вазн” дар луғатҳо ба маънои “ритм” тарҷума шудааст ва шеъри тоҷикӣ дар ягон замоне ҳиҷоӣ ё арӯзӣ набуд. Шеъри тоҷикӣ-форсӣ бо ритми мусиқиаш ҳанӯз аз “Готҳо”-и Авасто, достони “Ёдгори Зарирон” ва дар асрҳои VI-VII шеъри паҳлавӣ ибтидо мегирад. Ин падидаи адабӣ дар замони Сомониён рушд ёфт, комил гашт”. Мазмуни ин гуфтаҳояшро дар назм чунин ба қалам додааст:
Ман шеъри Аҷам назар намудам,
Бо ритм шавад навишта, гуфтам.
(Ҷ.Обидпур)”
Устод Ҷӯрахон солҳои 2009-2016 ба ҳайси мудири шуъбаи муассисаҳои таълимии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва аз соли 2016 то имрӯз ба ҳайси ходими пешбари илмии шуъбаи илмӣ-методии ҳамин пажӯҳишгоҳ кору фаъолият дорад.
Камина, гарчанде устодро ғоибона, тавассути китобҳои дарсии суруд ва мусиқӣ барои синфҳои 1 ва синфҳои 4 ва бархе аз асарҳои мусиқии оҳангбастаашро, ки дар МДТ “Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода” во мехурдам, шинохта бошам ҳам, аз соли 2021 инҷониб, бо устод ҳамкорем ва ӯро аз наздик мешиносам.
Банда, устодро ҳамчун шахси хоксор ва меҳнатдусту заҳматкаш баҳо медиҳам. Ӯ ҳамеша ҷӯёи маънӣ ва навгонӣ буда, танбалиро намеписандад. Ҳар касе, хоҳ санъатшинос бошад ё санъатдӯст ба наздаш мебиёянд, то тавсияе аз ӯ гирифта бошанд, Устод онҳоро бо чеҳраи кушод қабул намуда, одилона хизматашон карда, самимона гуселашон мекунад, ки ин амали ӯ шаҳодати инсонии ӯст. Баъзан ба худ савол медиҳам, ки чаро дар ин сину сол устод инқадар машаққатро ба гардан гирифтааст, на аз кори худ даст мекашад, на аз дигарон. Фикр мекунам мисраҳои шеъриро Ҳаким Саноӣ махсуси устод эҷод кардааст, то ман ҳам мутмаин гардам.
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ,
Олиме гардад накӯ ё шоире ширинсухан.
Худи устод низ, ҳамеша таъкид бар онанд, ки: “мақсад аз омадани мо дар ин дунё меҳнати ҳалол кардану аз худ ному натиҷаи хуб боқӣ гузоштан аст”. Мегӯяд: “Баъзе чизҳое ҳастанд, ки онро танҳо худам дарк кардаам. Он чизе, ки медонам рӯи қоғаз мебиёрам, ҳозир нафаҳманд, мерасад вақте ки мефаҳманд”. Аз рӯйи самараи фаъолияташ метавон хулоса кард, ки ӯ шахси заҳматкаш ва дӯстдори мусиқӣ буда, барои рушди мусиқии тоҷик ва таълиму тарбияи наслҳои замони омӯзгорияш талоши зиёд намудааст. Дар сафарҳои хидматӣ, устод шахси масъулиятшинос, кордон ва нуқтасанҷ буда, ҳамеша омӯзгоронро таъкид менамояд, ки дар равиши таълими созҳои мусиқӣ, дар баробари амалия, ба фаҳмиши назариявии шогирдон низ диққати махсус зоҳир намоянд. Танҳо бо чунин усул метавон насли наврасро мутахассиси хуб ва давомдиҳандаи санъати асили замони хеш тарбия кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки гувоҳи заҳматҳои устод ин натиҷагириҳо ва дастовардҳояш мебошанд, ки ҳатто дар синни 84-солагӣ, барои пешниҳоди китоби “Луғатномаи тафсирии истилоҳоти мусиқӣ” ба озмуни дарёфти ҷоизаи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024, сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Имрӯз ӯ на танҳо профессор Ҷӯрахон Обидпур, балки ҳамчун Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), барандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2024), барандаи ҷоизаи ИК Тоҷикистон ба номи Борбад (2019), “Омӯзгори беҳтарини сол” (1999, 2000), профессор (2001), Аълочии фарҳанг (2000), Аълочии маориф (2010) ва аз соли 1998 узви ИК Тоҷикистон дар байни мутахассисони соҳавӣ шуҳратёр гаштааст. Пас мебояд шеъри Низомии Ганҷавиро ба ин мазмун мисол овард, ки чунин гуфтааст:
Илме, ки дар он амал набошад,
Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.
Илмат ба амал чун ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Ҳайати кормандони
шуъбаи илмӣ-методӣ:
Наслохонова Мижгона,
Икрамова Зулайхо,
Сафарқулова Гулмоҳ,
Қодиров Зиёвуддин
Пиров Сироҷиддин