Ҳар як қавму миллат вобаста ба урфу одат ва фарҳанги хеш тарзи қабулу гусели меҳмонро доро мебошад. Тоҷикон низ ба мисли дигар халқҳои Шарқ доир ба оини меҳмоннавозӣ дар ҷаҳон машҳуранд. Ҳар нафаре, ки ба хонаи ин ё он тоҷик меҳмон мешавад, меҳмондориву меҳмоннавозии ӯро фаромӯш карда наметавонад. Ин оин дар ҳар минтақа мухталифу гуногун аст ва метавон онро аз ҳар самт мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дод. Ба ҳамин минвол, мо як гурӯҳ кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафари хидматӣ ба ҷамъоварии маводи фолклорӣ меҳмони хонадони сокинони деҳаи Лолагии ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод гардидем. Дар он хонадон боз як гурӯҳ меҳмонон ташриф оварда буданд. Хостем оид ба қабулу гусели меҳмонон дар минтақаашон маълумот гирем. Мизбон бо мақоли “Меҳмон - атои Худост” суханро оғоз намуданд. “Бояд соҳибхона аз меҳмон нагурезад, ризқи хонадон баста мегардад”, “Баракаи ризқи меҳмон чиҳил рӯз пеш аз омаданаш ба хонаи мизбон дохил мешавад”, “Ризқи меҳмон бо худаш” - гӯён суҳбатро шурӯъ намуд. Воқеан ҳам дуруст аст, ки мо тоҷикон ҳамеша барои қабули меҳмон омода ҳастем. Як хонаи ҷудогона, ки байни мардум меҳмонхона номида мешавад, бо лавозимоти лозимӣ барои қабулу гусели меҳмон омода аст. Ҳангоми қабули меҳмон бо чеҳраи кушода ва суханони ширин мизбон ҳамеша бояд тайёр бошад.
Ҳар яке аз занони нишаста дар суханони якдигар оид ба анъанаи меҳмондорӣ фикрҳои хешро иброз менамуданд. Вобаста ба ҳар як нозукии меҳмонқабулкунӣ ва гусели меҳмон маълумот медоданд. Дар рафти мусоҳиба таомулҳои гуногуни одоби меҳмондориро қисса карда, мавқеъ ва ҷиҳатҳои фарқкунандагии меҳмондориро мефаҳмониданд: “Ҳангоми иду маъракаҳои махсус вобаста ба имконият меҳмонро қабулу гусел менамоем. Масалан, ҳангоми маросимҳои хурсандӣ, аз қабили гаҳворабандон, ҷашни домодиву арусӣ, инчунин ба дидорбинии шахсони наздик дастовезеро ҷуфт мебаранд. Чунки хурсандиву нишоташон ҳама вақт ҷуфт бошад”. Яке аз ҳамсуҳбатон иброҳ дошт, ки: “Ҳатто маросми азодорӣ низ рамзҳои худро дорад: “Ҳангоми ба меҳмонӣ рафтан дар хонаи ғамдор нонро тоқ мебаранд, то ҳамон сиёҳии хонадор ҷуфт нагардад. Махсусан хӯрокҳое омода менамоянд, ки дили азодорро наранҷонад”.
Ҳангоми ташрифи меҳмон пойафзолро дар пушти дар ҷобаҷо мекунанд, ки боиси ноҳурматии меҳмон нагардад.
“Дар дохили хонадон меҳмонро аз бари боло мегузаронем, аммо дар мусулмонӣ бари боло ҷониби қибла мебошад. Аввалан, шахси калонсолро мешинонему баъдан дигарон бо синну солашон мешинанд. Агар соҳиби хона аз бари боло шинад давлаташ печӣ мешавад”. Дар раванди меҳмондорӣ намудан ба ҳамагон маълум аст, ки мардуми тоҷик сараввал дастархонашонро мекушоянд. Ҳатман якум шуда нонро дар дастархон меоранд ё ин ки пас аз кушодани дастархон мегузоранд. Чунки дар фарҳанги мардуми тоҷик нон як чизи муқаддас ба ҳисоб меравад. “Дар назди меҳмон ҳатман ду нон мегузоранд”. Чунки тибқи бовару эътиқодҳои мардумӣ нони тоқ агар дар пеши меҳмон гузошта шавад дар он хонадон сиёҳӣ меорад”. Баъдан чой оварда мешавад. Бо дасти рост, чойро се маротиба пиёлагардон мекунанд. Дар баъзе ҷойҳо чойро кашида аз ҷой хеста росто ба назди меҳмонон бурда мерасонанд. Сипас чизе, ки дар хонаашон барои пазироии меҳмон доранд дар дастархон мегузоранд. “Занро дар хона дузди хонадон низ мегӯянд. Чунки аз фарзандон барои дастурхони назди меҳмонон пинҳон мекунӣ, то ин ки меҳмон бе обу иззат аз хонадон наравад”. Аз ҷониби дигар марди хонадон ҳамарӯза аз дар берун асту аз паи ризқу рӯзии хонадон машғул аст. То омадани мард ба хона бояд зан кӯшиш намояд, ки меҳмони хонадонро беиззат нагузорад.
Дар рафти суҳбат бо ин бонувон маълум гардид, ки аз таҷрибаи зиндагӣ бархӯрдор ҳастанд ва ба наслҳои оянда низ омӯзонда истодаанд. Оид ба чойкашиву чойдиҳӣ низ дар байни мардум мисолҳо ва мақолҳо оварданд: “Як савдогара меган илмат кардагӣ, дар чой илмт кардиян, се маротиба пиёлагардон мекунӣ илмӣ кардагӣ, залали кардагӣ бурида мешавад”. Воқеан ҳам шугунҳо миёни мардум бисёр аст. Аз ҷониби дигар ҳангоми се маротиба пиёлагардон намудани чой тамъ ва ранги чой ҳангоми нӯшидан маълум мегардад. “Боз миёни мардум ақидаест, ки агар дору ё заҳр андохта бошад, дар се маротиба чойро кашидан ҳал мешавад”. Агар соҳибхона якум чойи кашидаи хешро гирад дили меҳмон ҳангоми чой гирифтан пур мешавад. Дар атрофи чойкашиву чойгирӣ занони ҳузурдошта ривоятҳои гуногун оварданд: “Як марде будааст, чи қадар доро мардум мехостаанд, чӣ хел кунем, ки камбағал шавад? Яъне роҳи камбағал шуданашро меҷӯянд. Баъдан мегӯянд, ки рафта чояшро нокашида хурен камбағал мешавад. Ҳаминро мо имрӯз ба наберагон меомӯзонем, ки дар оянда амал накунанд. Одоби чойкашиву чойрезиро барои духтарони хеш меомӯзонем, ки дар оянда арӯси хонадон ба хатогиҳо роҳ надиҳанд.
Дар атрофи нон ва таъбири он дар хоб низ ироаҳои гуногун оварданд, ки баъзеашон дар асл амалӣ мегардад. Ҳангоми дар хоб дидани нон: “Мунтазири ягон хабари хуш мешавию дӯсти наздикатро мебинӣ”. “Кулчаро бинӣ файзу баракат дар хонадон баракат меоварад”. Нонро ҳангоми меҳмонӣ ва ҷашнҳо ҳамчун рамзҳои муқаддас миёни мардуми тоҷик васеъ истифода мебаранд. Бе нон ба меҳмонӣ намераванду на хонадор дастовези меҳмонро бар мегардонад. Зани рӯзгордида оид ба муқаддас шуморидани нон чунин иброз намуданд: “дар ҷашни домодию арӯсӣ дар даруни чодар нон мегузоранд, ки то хонаи домод танҳо наравад”. Инчунин баъди кандани чодар ҳам дар даруни чодар нонро мегузорем, оянда домоду арӯси бофайзу баракат шаванд”. Атрофи навъи дигари нон “чапотӣ”, ки бештар миёни бонувон ҳангоми маросимҳо пухта мешавад, чунин иброз намуданд: “Нони чапотӣ дар хоб ғам аст”. “Ҳангоми аз танур афтодани нон дар хоб ягон шахси наздикат мефавтад”.
Меҳмондориву меҳмонавозӣ расму русуми хешро дорад. Мо бояд оид ба тарзи қабулу гусели меҳмон баҳри наслҳои оянда омӯзонем. Анъанаи меҳмоннавозии аз ниёгонамон боқимондаро ҳар як фард дар назди насли оянда ба ҷо оварда лутфу манзалати меҳмонро ба ҷо орем. Чунки меҳмон бо ризоияти Офаридгор ба хонадони ҳар яки мо ворид мегардад. Хонадоне, ки ба он тез-тез меҳмон меравад, аъзои он оиларо шахсони хушбахт мегуфтаанд. Меҳмондорӣ ва меҳмоннавозӣ аз фазилатҳои хуби инсонӣ мебошад, ки дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадим арзи ҳастӣ мекунад. Дар ҳар давру замон новобаста аз имконият бо чеҳраи кушодаву истиқболи накӯ меҳмонро қабул намуда, ҳангоми гусел аз хонадони хеш дилашро наранҷонем.
Гулзира Каримова