НАВРӮЗ – МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ НИЁГОН

Санаи 19-уми марти соли 2025 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Наврӯз муаррифгари фарҳанги ниёгон” бо иштироки васеъи кормандону ходимони илмӣ ва меҳмонон аз дигар муассисаҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг мизи мудаввар баргузор гардид.

Ҳамоишро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, н.и.ф. Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг табрику муборакбод гуфт. Ӯ иброз дошт, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кард. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.

Сипас аз рӯи барнома сухан ба ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр Эшонқул Эшонқулов дода шуд. Мавсуф дар мавзуи “Наврӯз – рӯзи нав” суханронӣ намуда, тариқи овардани далелҳои муътамад ватани Наврӯз будани Тоҷикистонро собит намуд. Ҳамзамон Э. Эшонқулов тавъамии ин ҷашнро бо қонунҳои табиат таъкид намуда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки физикаи суннатӣ ду ҳолат - ҳастиву нестро мешиносад, аммо имрӯз физикаи квантӣ ҳолати сеюмро низ кашф кардааст. Ин ҳолатро ҳолати номуайянӣ байни ҳастиву нестӣ медонад. Ҳолати зимистонаи набобот ва ҳашарот  ва афсурдагиву шикастагии инсон айнан ҳамин ҳолати номуайянӣ аст, ки ҳам имкони ҳаст шудан ва ҳам нест шуданро дорад. Наврӯз рӯзи дубора ба ҳастӣ баргаштан ва ҷони нав ёфтани онҳост.

Мудири бахши фарҳанги ғайримоддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Лайло Носирова таҳти унвони “Бозтоби ҷашни Наврӯз дар ёдгориҳои таърихӣ” маърӯза ироа намуд. Ӯ бо овардани аксу матнҳо аз тахтаи  электронӣ  бо руҷуъи таърихӣ ва нақши тасвирнигорӣ ба ин ҷашни аҷдодии мардуми ориёитабор ба шарҳу тафсири катибаву деворнигораҳо ва ғайра аз фолклоршиносону таърихнигорон мисолҳо овард. Л. Носирова тасвири маросиму оинҳои наврӯзиро, ки бо санъати тасвирӣ алоқаманд буд, таҳлил намуда, вазъи онҳоро дар замони имрӯз нишон дод.

Ходими пешбари илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Холмуродов Зафар дар мавзуи “Одобу русуми ҷашни Наврӯз дар байни халқҳои гуногун” суханронӣ намуда, расму оинҳои ҷашни Наврӯз ва хусусиятҳои хоси онро дар байни мардуми тоҷик ва халқиятҳои гуногун арзёбӣ кард. Холмуродов Зафар доир ба баргузории ҷашни Наврӯз дар 11 кишвари ҷаҳон, ки ҳамчун ҷашни расмии миллӣ ба ҳисоб меравад, бо овардани мисолҳо аз анъанаҳои халқи тоҷикӣ ва анъанаву русуми давлатҳои дигар фикру ақоиди ҷолиберо баён намуд.

Пасон, мудири бахши фарҳанги моддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Акобир Абдуллоев аз рӯи мавзуи “Хусусиятҳои хоси ҷашни Наврӯз дар байни қишрҳои ҷомеа” баромад намуда, ин ҷашни миллиро яке аз рамзҳои асосии пазироии баҳор ва зиндашавии табиат арзёбӣ кард. Мавсуф Наврӯзро боиси ифтихор ва сарҷамъиву якдилии мардум маънидод намуда, қайд кард, ки он вобаста ба синну сол миёни мардуми тоҷик бо тарзу воситаи хос баргузор карда мешавад. Ӯ иброз дошт, ки имрӯз ҷашни Наврӯзро мо дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил менамоем, ки ин ифтихор ва шарафи ҳар як тоҷик мебошад.

Баъдан ходими калони илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ, Таманно Сиддиқова дар мавзуи “Таҷассуми Наврӯз дар андешаҳои Пешвои миллат” маърӯза ироа намуда, бобати ҷашни Наврӯз, аз паҳнои таърих то имрӯз, шарҳи андешаҳои Сарвари давлат ва нақши ӯ дар баланд бардоштани нуфузу эътибори ин ҷашни миллӣ ва ба ин монанд матлаби ҷолиберо баён сохт. Мавсуф дар идомаи маърӯза қайд кард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин сарвароне буд дар “Ҳавзаи Наврӯз”, барои мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз ба созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО муроҷиат кардааст. Бо ибтикор ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ѓайримоддии башарият дохил гардид. Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар қисмати мубодилаи афкор ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ профессор Ҷӯрахон Обидпур, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода,  Мунаввари Сафар, Саъдӣ Мирзо, Гулмоҳ Сафарқулова, Фурқат Хоҷамов ва дигарон доир ба эҳтирому гиромидошти ҷашни Наврӯз ҳамчун иди миллӣ фикру андешаҳояшонро иброз намуданд.

Дар бахши фарҳангии барнома ходимони илмии муассиса Билолиддин Раҳимов ва Мижгона Наслохонова бо суруду таронаҳои дилнишин, ки тавсифи баҳору Наврӯз буд, хотири ҳозиринро болида гардонданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Аминзода Абдулфаттоҳ ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз муборакбод намуда, баҳри якояки онҳо хонаи обод, зиндагии осуда ва дастурхони пур аз нозу неъматро таманно кард.

Носирова Лайло,

Мудири Маркази мероси

 фарҳангии тоҷикони ПИТФИ.

 

барчасп: