ҶАШНИ НАВРӮЗ ВА РӮЗИ ФАРҲАНГ ФАРХУНДА БОД! Табрикоти идонаи директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким

Ҳамватанони азиз,

Ҳамкорони гиромӣ!

Фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи фарҳангро ба якояки Шумо самимона табрику таҳният намуда, бароятон умри дарозу хушиҳои рӯзгор, саодату сарбаландӣ ва дар кору фаъолиятиатон баҳри ободию шукуфоии диёр барору комёбиҳоро орзумандам!

Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳантаърихи форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, дар саргаҳи ҷашнҳои дигар, чун Меҳргону Тиргон ва Сада қарор дорад. Наврӯз дар ҷараёни таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ ба шебу фароз, муборизаҳову тааддиҳо дучор гардида, ҳамчун чашни миллӣ боқӣ монд. Гузаштагони миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро аз қадим бузург дошта, дар тамоми марҳилаҳои таърихияш онро таҷлил намуда, зинда нигоҳ доштаанд. Наврӯз аз замони фармонравоии Ҷамшед ибтидо гирифт, Куруши Кабир мақоми расмияш бахшид ва Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонияш кард ва Тоҷикистонро ватани аслии он эълон намуд.

Таърих баёнгар аст, ки Куруши Кабир бештар дар рӯзҳои Наврӯз аъмоли нек ва наҷибро ба ёдгор гузошта, суннатҳои мондагорро хоси ин айёми муборак гардонидааст, ки то ба имрӯз миллати фарҳангсолори мо хосатан Пешвои муаззами миллат эҳёгар ва идомабахши онҳо мебошанд.  Куруши Кабир дар рӯзҳои Наврӯз амалҳои нек, аз қабили поксозии муҳити зист, икроми низомиён ва бахшиши муҷримонро анҷом дод.  

Мо шоҳидем, ки то имрӯз миллати тоҷик чунин анъанаҳои неки ниёгони хешро ба гӯшаи фаромӯшӣ насупурда, балки дар амал татбиқ месозад. Хосатан дар доираи сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат мо ин аъмоли неки ниёгонро ба хубӣ эҳсос менамоем. Дар айёми Наврӯз кишвари азизи моро фазои тамоман дигар истиқбол мекунад, Ватан поксозӣ мегардад, шаҳру навоҳӣ, деҳоту маҳал ва умуман саросари мамлакат ба истиқболи ҷашни фархундапай либоси ҷадид ба бар мекунанд, покию поксозӣ рӯи кор меояд, дӯстию ҳамгироӣ ва авфу бахшиш ҳукмфармо мешавад, ки ин ҳама аз пайки неки наврӯзӣ дарак медиҳад.

Наврӯз ҷашни решадор аст, ки аз ниёгонамон ба мо мерос монда, бо фарорасии он на танҳо табиат, балки  арзишҳои миллӣ ва бостонӣ аз нав эҳё гардида, ғубору кудуратро аз дилҳо мезудояд ва ба рӯҳи инсонҳо фараҳ мебахшад.  Наврӯз партави дилрабо ва чеҳраи зебо аз офариниш аст, ки пеш аз фарорасиаш анбуҳи инсонҳоро ба талош ва кӯшиш фаро мехонад ва андармон месозад.

Наврӯз идест, ки ҳамроҳи худ суруру шодмониҳо оварда, ғунчаи лабханд бар лабони мардумони дунё менишонад ва болотар аз зоҳири ороста ботини перостае барои бисёриҳо ба армуғон меоварад. Табиист, ки Наврӯз яке аз мондагортарин ҷашнҳои миллии миллатҳои ориёӣ, махсусан тоҷикон ба шумор меравад, зеро аз рӯзгори куҳан то кунун, ҳам дар навиштаҳо ва ҳам дар таронаҳо ва сурудҳои ин миллатҳо ҷовидона зиста ва ба ҳастии хеш идома додааст.

 Куҳанбунёдӣ ва хусусан фоидаҳову манфиатҳои бисёрҷонибаи ин ҷашни суннатӣ ва оламафрӯзро сарчашмаҳои бузургтарин ва боэътимоди илму адаби мо таъкид ва тасдиқ менамоянд. Аз ҷумла, се сарчашмаи бузурги адабиёти ориёӣ - «Авасто», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯзро мавриди зикри хос қарор дода, чӣ гуна аз жарфо ва умқи таърихи башарӣ сарчашма гирифтани онро барҳақ исбот мекунанд. Дар бештар маврид мутафаккирони барҷастаи форсу тоҷик Наврӯзро ба унвони ҷашни инсонӣ арзёбӣ кардаанд.

Ба андешаи дигар Наврӯзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиши ба фарҳангу тамаддуни миллӣ, тору пуди зиндагии натанҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаҳои Осиёву Африқо, Амрикову Аврупо ва ғайра омезиш ёфта, доман паҳн кардааст. Аз ин бармеояд, ки Наврӯз пайвандагари қалбҳо, муттаҳидсозандаи миллату ақвому қабилаҳо ба шумор меравад.

 Ҳамзамон тӯли чанд сол аст, ки 20-уми март дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи фарҳанг таҷлил мегардад. Фарҳанг ҷузъи ҷудоношавандаи ҳар як давлату миллат буда, аз байн рафтани он нестшавии ҳама арзишҳост. Тамоми ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои миллӣ ҷузъе аз фарҳанги мардум мебошанд. Ҷавҳари фарҳангро бошад ҳамин арзишҳо ташкил дода, ҳастии онро мабдаанд.

Бо фарорасии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва Рӯзи фарҳанг тамоми мардуми шарифи кишвар, махсусан аҳли илму фарҳангро табрику таҳният гуфта, дар корҳои илмию эҷодиашон барору комёбӣ ва дар зиндагиашон бахту саодатро таманно менамоям.

 

 

 

барчасп: