Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст. Наврӯз, дарвоқеъ яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ҳар як халқу миллати ҷомеаи башарӣ дорои анъана ва иду маросими миллии хеш мебошад, вале ба кам миллатҳо дар тули таърих муяссар мегардад, ки онро ба сатҳи байналмилалӣ бароварда муаррифӣ намоянд. Барои иҷрои ин амал дар навбати аввал асосҳои илмӣ ва талошҳои пайваста лозим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳое мебошанд, ки бо ҷаҳду талош, ташаббусҳои бевосита ва меҳру муҳаббати бепоён ба фарҳанги миллӣ, ҷашни Наврӯзро ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ чун Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО ва ғайра бароварда, онро ба ҷашни байналмилалӣ табдил доданд.
Борҳо Пешвои миллат дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки тоҷикон миллати фарҳангӣ мебошанд. Маҳз фарҳанги волои тоҷикон тавҷҷухи олимону адибони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, аз қабили Айнӣ С., Лоҳутӣ А., Ғафуров Б., Эмомалӣ Раҳмон., Бартолд В.В., Шишов А.П., Павлов Н., Гертнер А., ва дигаронро ҷалб намуда, ки онҳо дар осори худ ба фарҳанги миллӣ ва расму оини тоҷикон баҳои баланд додаанд. Мухаққиқ Вамбери А., менависад: «Тоҷикон аз давраҳои қадимтарин аҳолии сершумор буда, фарҳанги тоисломии хешро густариш дода, ба дигар халқҳо бо тамаддуни худ нақши муассир бозидаанд». Муҳақкиқ Павлов Н., менависад: «Аз рӯи адолат бояд иқрор шавем, ки дар ҷаҳон чуниин миллати фаъол ва беназир мисли тоҷикон кам аст, ки ба зарбаҳои бегонагон дучор омада, истодагарӣ намуда, боз аз сари нав эҳё шудаанд».
Пешвои миллат низ дар асари «Забони миллат – ҳастии милат» қайд мекунад, ки «Ҳастии миллат дар воқеъ ба забон, таърих, фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ робитаи ногустастанӣ дорад. Яке Забон, дувум Наврӯз аст, ки тоҷиконро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ менамояд».
Муҳаққиқ Маҳкамов С., дар тадқиқоташ зери унвони «Ориёиҳо ва корнамоии онҳо» менависад: «Адиб ва олими энсиклопедисти охири асри XIV ва аввали асри XV-и Миср Абул-аббоси Қашқашангӣ дар асари «Субҳи тираранг» ба хулоса меояд, ки Наврӯз бори аввал дар замони шоҳаншоҳии Ҷамшед ҷашн гирифта шудааст». Ба таъкиди Абурайҳони Берунӣ, Наврӯз ба ягон дин вобастагӣ надошта, иди оғози соли нав ва кишту кор мебошад. Ҳамзамон профессор Раҳимзода Р.Ҳ., вобаста ба ин ақида дар китоби «Фазилати Пешвои миллат» менависад: «Наврӯз ба дин таълуқ надошта, аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ ба шумор рафта, таърихи чандҳазорсола дорад».
Истоқлолияти давлатӣ барои эҳёи сунатҳои миллии тоҷикон такони бузург бахшида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Дар ин замина, Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ бо шаҳомати хос таҷлил гардида, ҳамасола дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ баргузор мешаванд, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар мактабҳо ва донишгоҳҳо дарсҳои махсус бахшида ба таърихи Наврӯз ва аҳамияти он гузаронида мешаванд, ки насли наврасро бо мероси фарҳангии худ ошно месозанд.
Мояи ифтихори мо тоҷикон аст, ки бо саҳм ва талошҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ ҳамасола 21-уми март Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар байни дигар халқҳои минтақа низ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ҳамчун омили муттаҳидсозии миллатҳо ва халқҳо нақши муҳим дорад. Дар даврони ҷаҳонишавӣ, ки баъзан арзишҳои миллӣ таҳти хатар қарор мегиранд, чунин ҷашнҳо метавонанд ба нигоҳдории ҳувият ва фарҳанги миллӣ мусоидат кунанд. Дар Тоҷикистон, Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ хизмат мекунад.
Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимӣ ва пурмазмуни тоҷикон дар даврони муосир аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ин ҷашн на танҳо мероси таърихӣ, балки омили муҳими рушди фарҳангӣ, таҳкими ҳувият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Бо таҷлили Наврӯз, мардуми тоҷик на танҳо гузашта ва фарҳанги худро эҳтиром мекунанд, балки ба наслҳои оянда низ арзишҳои волои инсониро мерос мегузоранд.
Сиддиқова Таманно
Ходими калони шуъбаи
Фаъолияти китобдорӣ