НАВРӮЗ – РӮЗИ НАВ

Дарахт ҳар баҳор муғҷа мебандад, гул мекунад, барг мебарораду шоху навда мезанад, мева бандад ва агар садамае ба суроғаш наояд, меваҳояшро мепазонад,  аммо  чун шабҳои сарду тор бар рӯзҳои гарму равшан пирӯз мешаванд, ранг аз баргу барг аз нарда ва самар аз дастонаш фурӯ меафтанд, саропо луччаку урён, бо дастони холӣ аз талошу ранҷи яксола ҳангу манг мемонад, гӯё ба шок меафтад. 

Ҳашараҳо ҳам танги тирамоҳ аз бими яхбандони зимистонӣ ба зери замин пинҳон мешаванд, ҳайвонот ба мағокҳо паноҳ мебаранд, парандагон аз чашмандози мо ғайб мезананд, нест мешаванд. Ба таъбири Саййидо, ҷуз лонаи шикаста дар ошёнҳо намемонад.

Миёни мардум ин бовар ҳанӯз зиндааст, ки агар тирамоҳ ҳатто море заҳрдорро дучор оянд, намекушанд, мегӯянд, «дар ин вақти сол ғам дорад, накушед, ғамашро мегиред». Ва агар баҳорон ҳангоми кор дар боғу замин каждуме газандорро бинанд, ҳангоми куштан мегӯянд: «ғамома гиру шодиҳота те».

Физикаи механикӣ ду ҳолати вуҷудро мешиносад, ҳастӣ ва нестӣ. Аммо физикаи квантӣ имрӯз ҳолати севумро ҳам кашф кардааст. Он ҳолат ҳолати номуайянӣ байни ҳастиву нестист.  Ҳолате, ки ҳам имкони ҳаст шудан бо ӯст, ҳам имкони нест шудан. Ҳолати зимистонии  табиатро метавон ҳамин ҳолати номуайянӣ, ҳолати байни ҳастиву нестӣ донист. Ин имкон ҳамеша вуҷуд дорад, ки рӯзе офтоб ба бурҷи Ҳамал нарасаду Наврӯз  наояд,  табиат аз ҳолати карахтиву номуайянӣ ба ҳастӣ бар нагардад.

Дар боварҳои динӣ, масалан ислом, миёни ин ҷаҳону он ҷаҳон барзах вуҷуд дорад, майит то рӯзи растохез дар барзах мемонад. Дар фалсафаи экзистенсиалии Ҳайдеггер низ ҳолати тарси огоҳӣ ё изтироб ҳаст, ки инсон бо афтодан ба ин ҳолат дубора нерӯи зиндагӣ дармеёбад.

Ҳангоми Наврӯз низ нерӯи дубора муғҷа бастану гул овардану самар додан ва суруди булбулон шудан дар дарахтон пайдо мешавад, хазандагону паррандагон ва чаррандагону даррандагон дубора, бо нерӯи тоза аз батни мағокҳо зода мешаванд, боз лона месозанд, ошиқӣ мекунанду тухм мегузоранд, бо умед, фориғ аз фарҷоми кор бо ғамхории ҳайратовар чӯҷаю бачча калон мекунанд.

Дар рагҳои инсони шикаста, хаста, ранҷуру навмед ва ҳавсалааш пиршуда низ дубора хун ба ҷӯш меояд, нерӯи нав умеди зиндагиро боз меорад. Чунон ки мегӯянд, ҷон мегирад, рӯҳбаланду бардам мешавад.

Ҳамин тариқ, ҳар зарраи хоку обу оташу бод, ки ҳастии Замин ва ҳамаи ҳастандагони Замиин аз инҳо таркиб шудаанд, нерӯманд мешавад, ба истилоҳ, заряднок мегардад. Аз ин ҷост, ки Саъдӣ мегӯяд

Одаме нест, ки ошиқ нашавад вақти баҳор,

Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад, ҳутаб аст. 

 «Нерӯ» истилоҳи физика аст, муодили он дар забони фарҳанг «ҷон»,  дар забони дин «рӯҳ» аст. Аз ин ҷост, ки дар таркиби луғавӣ вожаҳову таркибҳои беҷон, нимҷон, ҷон гирифтан, ҷон(-ам, -ат, -аш) баромадан, ҷондортар кореро анҷом додан, рӯҳафтода шудан, рӯҳбаланд шудан (кардан), рӯҳ гирифтан, рӯҳи касе тоза шудан ва монанди инҳоро дорем. Вақте, ки ин нерӯ аз қувва ба феъл меояд, дар шиддати талош ишқ мешавад. Наврӯз рӯзи аз нав расидани ҳамин нерӯ ё ҷон ё рӯҳ аст, рӯзи аз сари нав зода шудан, аз мақоми миёни ҳастиву нестӣ ба зиндагӣ баргаштан аст. Аз ин ҷост, ҷашни Наврӯз як рӯз нест, фароянди навшудан ё зуҳури ҷони нав чанд рӯз идома меёбад.

Соле, ки бо Наврӯз оғоз мешавад, соле аз солшумории таърих нест, солшумории таърих ҳаракати уфуқӣ дорад, аз як нуқта оғоз мешавад ва то беохир ё шояд, то охири таърих рӯ ба пеш меравад. Аммо соле, ки бо ҷашни Наврӯз оғоз меёбад, ҳаракати даваронӣ дорад. Баъзан шоҳонро таомуле ҳам буд, ки рӯзи ба тахт нишастан ҳисоби таърихро аз сар мегирифтанд. Тӯли таърих ҷашни Наврӯз бо солшумориҳои зиёд дучор омадаву маргу мири онҳоро дида, аммо ҳамчунон ба ҷовидонагии худ идома додааст, зеро бо ҳеҷ рухдоди таърихӣ ва идеологияи иҷтимоӣ тавъам набудааст.  

Наврӯз ҷашни мазҳабӣ ҳам нест. Монанди соли нави масеҳӣ, ки аз мелоди ҳазрати Исо ва соли нави қамарӣ, ки ба ҳиҷрати ҳазрати Муҳаммад асос ёфтааст, номи ҳеҷ шахсиятро бо худ тавъам надорад.  Он пештар аз Ависто ҳам вуҷуд дошт. Баръакс, мӯбадони зардуштӣ ва шоҳони Сосонӣ, ки сахт фасодзада шуда буданд, аз он суд меҷустанд ва ба ин хотир дар маъбадҳо наврӯзгоҳҳои бузург бино мекарданд. Аз зардуштиву монӣ гирифта то ислому коммунизм ва демократизм ҳар кӣ зуҳур кард, аз дидгоҳи худ бо он наздик шуд ва ҳар чанд рамида-рамида, аз он суд ҷуст.

Ҳаракати даваронии соле, ки Наврӯз сари он аст, дар 3600 ба анҷом мерасад ва боз даври дигар аз сари нав оғоз мешавад. Даври дигар бо даври гузашта вобаста нест, агар чи андак иртиботи паёмадӣ дорад. Ҳамин ҳаракати даваронии дурунии кайҳон дар даруни ҳар зарраи замин ва ҳастандагони замин, аз атом то кӯҳҳо, уқёнусҳо ва ҳаявону инсон маҷуд аст. Ҳар ҳастанда мадори худро дорад ва дар навбати худ яке аз ҳамзодон мадори дигаре ё дигаронанд.

Ниёгони мо ҳамин қонуниятҳои кайҳонӣ ва вежагиҳои замониро дарёфта, тамаддуни худро рӯи он бино ниҳодаанд, ки унсури калидиаш Наврӯз аст. Моҳияти Наврӯзро дар маҷмӯи одобу русум таҷассум кардаанд. Дар ин ҳангом офтоб ба эътидол меояд, шабу рӯз баробар мешавад ва равшаниву гармӣ рӯ ба пирӯзии комил меорад. Аз ин ҷост, ки адолату барбарӣ дар фарҳанги мо гиромист ва Наврӯз бо сифатҳои пирӯз, хуҷастапай, фаррухпай, оламафрӯз, тозакор ва монанди инҳо ёд мешавад.

Ҳазорсолаҳо ин ҷониб мардум ба юмну шарофати Наврӯз бовар доранд. Шоҳон новобаста ба он, ки дар кадом замоне аз сол сари қудрат меомаданд, маросими тоҷгузорӣ ва савгандёдкунӣ, ё ба таъбири имрӯзӣ, иннагуратсияаашонро маҳз дар ин рӯз баргузор мекарданд. Мардум дар ин рӯз аз азодориҳо берун омада, либоси нав, лоақал як риштаи нав ба тан мекарданд. Муҳимтарини суннатҳои наврӯзиро аз хосияти ҳамин замони кайҳонӣ  истихроҷ кардаанд. Бовар доранд, ки бо ҳар ҳолу ҳавое, ки Наврӯзро истиқбол мекунӣ, тамоми сол бо ҳамон хоҳӣ буд. Русуми хонатакконӣ, поккорӣ, навпӯшӣ, обпошӣ, ҳадябахшӣ, шодмонӣ, намоди ҳамоҳангӣ бо шикастнопазириву оянданигарии кайҳон аст. Рӯҳи мардуми моро дар фаҷеътарин лаҳзаҳо, дар солҳои қатлу кушторҳои ҷамъии истилогарон ҳамин суннатҳои наврӯзӣ наҷот додааст. Дар таърихномаҳо зикр шудааст, ки бузурги хонадон ё дудмон дар чунин давраҳо рӯзи Наврӯз ба аҳли хонадони азодори худ хитоб кардааст: хезед, Наврӯз мекунем.  Яъне, Наврӯз рӯзи умеди нав, зойишу рӯйиши дубора, оштӣ кардан бо зиндагӣ ва аз сар гирифтани кори ҷаҳон аст.

Чунон ки Манучеҳрӣ мегӯяд:

Омадат Наврӯзу омад ҷашни наврӯзӣ фароз,

Комгоро, кори гетӣ тоза аз сар гир боз.

Эшонқул Эшонқулов,

ходими пешбари шуъбаи

ВАО ва табъу нашри ПИТФИ.

 

барчасп: