НАВРӮЗ – РӮЗИ НАВ
Чоп шуд: 07/04/2025Дарахт ҳар баҳор муғҷа мебандад, гул мекунад, барг мебарораду шоху навда мезанад, мева бандад ва агар садамае ба суроғаш наояд, меваҳояшро мепазонад, аммо чун шабҳои сарду тор бар рӯзҳои гарму равшан пирӯз мешаванд, ранг аз баргу барг аз нарда ва самар аз дастонаш фурӯ меафтанд, саропо луччаку урён, бо дастони холӣ аз талошу ранҷи яксола ҳангу манг мемонад, гӯё ба шок меафтад...