Ҳаёти фарҳангии Тоҷикистонро бе театр тасаввур кардан имконнопазир аст, зеро театр бино, кох ва ё бахши устувори бунёди ҳунару фарҳанг аст. Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту - 2025” ифтитоҳ гардид ва то 21 апрел идома ёфт. Ин ягона фестивал дар фазои театрии кишвар аст, ки дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. “Парасту” дар масири парвози худ ҳамеша ба бодҳои мусоиду мухолиф рӯбарӯ мешавад, ки барои неруманд гардидану аз парвоз намондани он мусоидат мекунанд.
Хусусан, чанд соли қабл баъди баргузории маросими ҷоизасупории ин фестивал андешаҳои мухталиф дар ҳар ҷое корида шуданд. Оид ба баргузории “Парасту-2025” ва бардоштҳо аз солҳои қаблӣ, омилҳои баҳсбарангез шудани он ва чанде аз паҳлуи дигари ин фестивал гуфтаҳо бисёранд.
“Парасту”-и имсола ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаасту дар ҳайати ҳакамони он мутахассисон аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла аз Қазоқистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия ширкат доштанд. Ҳамчунин, мисли тамоми фестивалҳои ҷаҳонӣ намоишҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон ё ҳайати мунаққидон таҳлилу муҳокима мешуданд.
Ин бисёр хуб аст, чунки дар чанд соли охир мо мисле, ки дар як ҷо мондаем ва баъди интихоби ҷойҳо аз сӯйи ҳакамон ва эълони ғолибон нофаҳмиҳои зиёде ба миён меоянд. Зеро иштирокчиён худ намедонанд, ки аз рӯйи кадом талабот асарҳои онҳо баҳогузорӣ мешавад ва дар офаридаҳои онҳо кадом камбудиҳо ё бозёфтҳое ҷой доштанд. Ба ақидаи Маҳмадулло Табарӣ санъатшинос ва мунаққиди театр, – дар санъат ду меъёри асосӣ аст: бадеият ва касбият. Аввалӣ сатҳи бадеияти асарро баҳогузорӣ мекунад ва дуввумӣ сатҳи касбияти иҷрои онро. Баъзан дар “Парасту” асарҳое низ пешниҳод мешаванд, ки мо наметавонем онро асари бадеӣ ё ҳунарӣ бигӯем, куҷо монад ин ки мо ба онҳо баҳои арзанда гузорему соҳиби ҷоизаашон кунем? Имрӯз мутахассисон дар ин соҳа хеле каманд ва метавонем гӯем ки нақди театрӣ вуҷуд надорад. Ин ба он меорад, ки ҳар нафаре аз диди худ ҳар намоишро таҳлилу таъриф кунад ва онро сазовори шоҳҷоиза шуморад.
Дар идома Маҳмадулло Табарӣ бо изҳори нигаронӣ назари худро нисбати вазъи театрҳои музофотӣ чунин изҳор медорад: “Имрӯз дар фазои театрии мо як хало ба вуҷуд омадааст. Театрҳои мо ба таври муназзам фаъолият надоранд. Ҳамон рӯзе, ки омодаанд ё тамошобин ёфтаанд, намоиш пешниҳод мекунанд. Имрӯз мо намедонем кадом намоиш кай дар куҷо нишон дода мешавад. Агар дар Душанбе вазъ чунин аст, пас дар музофот чӣ гуна метавонад бошад? Дар аксари минтақаҳо театр аслан фаъолият надорад”.
Вале хурсандиовар аст, ки “Парасту” аксари театрҳои музофотиро низ ба оғуш мегирад ва барои табодули афкору таҷриба онҳоро раҳнамоӣ менамояд. “Парасту” бо эъломи ҷоизаҳои зерин фаъолияти имсолаи худро ба анҷом расонид:
1. Шоҳҷоизаи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту - 2025» – Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ барои намоиши «Достони Сиёвуш» аз рӯи “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода.
2. Ҷои аввал – Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «Ял» аз рӯи “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ дар таҳияи Умед Хисравов.
3. Ҷои дуюм – Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара барои намоиши «Ривояти суғдӣ» -и С. Улуғзода дар таҳияи Саидакрам Алимов.
4. Ҷои сеюм – Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоиши «Бозгашт»-и Фарҳод Ғаффорпур.
5. Ҷоизаи «Беҳтарин ансамбли актёрӣ» намоиши «Зангирӣ ё дамгирӣ»-и Султон Сафаров дар таҳияи Қурбон Шукурзода – Театри мусиқӣ -мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар.
6. Номинатсияи «Коргардони беҳтарин» ба Хуршед Мустафоев барои таҳияи намоиши «Базм дар айёми вабо»-и А. С. Пушкин дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский.
7. Номинатсияи «Беҳтарин нақши мардона» ба Дмитрий Мурзинов барои иҷрои нақши Роҳиб дар намоиши «Базм дар айёми вабо»-и А. С. Пушкин дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский дода шуд.
8. Номинатсияи «Беҳтарин нақши занона» ба Рухшона Улфатова барои иҷрои нақши Татяна дар намоиши «Евгений Онегин»-и А.С. Пушкин дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов дода шуд.
9. Номинатсияи «Беҳтарин нақши балет» ба Фарангис Саидзода барои нақши Томирис балети «Куруши Кабир»-и Амирбек Мусозода дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дода шуд.
10. Номинатсияи «Беҳтарин нақши эпизодӣ» ба Тоҳир Маликов барои иҷрои нақши Ҳамсоя дар намоиши «Сандуқчаи сеҳрнок»-и Ш. Маҳкамов дар Театри давлатии ӯзбекии драмавӣ - мусиқии ба номи Ш. Бурҳонови ноҳияи Спитамен дода шуд.
11. Номинатсияи «Беҳтарин ороиши саҳна» ба Хайрулло Давлатов барои намоиши «Зангирӣ ё дамгирӣ»-и Султон Сафаров дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дода шуд.
12. Номинатсияи «Беҳтарин намоиши лухтак» намоши “Саргузашти Хоҷа Насриддин ва Иванушка” ба Театри давлатии лухтаки ба номи А. Мақсудии шаҳри Бӯстон дода шуд.
13. Номинатсияи “Фарҳанги волои саҳнавӣ” ба Мирзомуддин Раҳмонов барои нақши Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар намоиши “Ахтаре дар Хатлонзамин” дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб дода шуд.
ШАМСУДДИН Абдуллоев,
мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ
САЪДӢ Мирзоев,
ходими калони ҳамин шуъба