“ЗАНГИРӢ Ё ДАМГИРӢ” ВА Ё ҲАҚИҚАТИ ТАЛХ ДАР ЛИБОСИ ТАНЗ

Боиси ифтихор аст, ки Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.

Рӯзи 19-уми апрел дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» дар толори Театри  ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши «Зангирӣ  ё дамгирӣ», ки онро аз рӯи асари Султон Сафаров дар коргардонии Қурбон Шукурзода Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба саҳна гузоштааст, пешкаши тамошобинони пойтахт гардид. Толор пур аз тамошобин буд. Ҳаводорон дар роҳравҳо росто то охир намоишномаро бо завқи зиёд тамошо карданд.

Намоишнома фарогири саргузашти шахсе бо номи Устобарот аст, ки зери таъсири муллои ҷодугар – Махсуми Ҳандалак ба роҳи занакбозӣ қадам мегузорад ва дар натиҷа мехоҳад аз ҳамсари худ ҷудо шавад. Ин мазҳака бо обу ранги театрии муосир рӯйи саҳна омада, бо унсурҳои ҳаҷв ва танз масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва оилавиро ба таври муассир инъикос мекунад. Устобарот мехоҳад аз занаш Шарофатбегим ҷудо шуда, арӯси нав ба хона орад. Ба ивази маблағҳои муфт Махсуми Ҳандалак аз фатвоҳои бардурӯғу бофта  ва ҳилаҳои шаръӣ истифода бурда  ба Шарофатбегим мегӯяд, ки гӯё ӯро хоб дида бошад шавҳарашро ҳамчун фарзанд ба бағал кашида,  сина додааст. Бинобар ҳамин  аз зан қотеъона  талаб мекунад, ки аз шавҳараш ҷудо шавад, зеро тибқи хоби дидаи Махсуми Ҳандалак шавҳараш ба ӯ ҳукми фарзандро дорад. Аз ин ҳила шавҳараш ба шавқ омада, ба хотири аз занаш ҷудо шудану арӯси нав ба хона овардан Шарофатбегимро “оча” гӯён нидо мекард. Аслан Шарофатбегим зани боиффату мушфиқу меҳрубон ва таҳаммулпазир  буда, намехоҳад, ки оилааш вайрон шавад.

Дар саҳнаи дигар  тамошобинон шоҳиди он мегарданд, ки ба Шарофатбегими музтару ҳайрон зани кордону фаъол маслиҳатчии занон, яъне бибизани деҳа Шафиқабону ёрӣ мерасонад ва ҳилаҳои шайтонии Махсуми Ҳандалакро фош месозад. Намоиш тавассути унсурҳои мазҳака аён  месозад, ки одамони соддаву зудбовар ба чунин ҳилаҳои сохтаву бофтаи баъзе аз муллоҳои  курсаводу ҳаромхӯр, ки ба манфиати хеш ҳар гуна ривоятҳо мебофанд, бовар мекунанд. Коргардон ва таҳиягари намоишнома  Шукурзода Қурбон буда, дар нақши Усто Барот ҳунарпеша Абдураҳим Абдураҳмонов, Шарофатбегим-зани Усто Барот-ҳунарпеша Ҷамила Юсуфзода, Махсуми Ҳандалак-ҳунарпеша Шукурзода Қурбон ва дар нақши Шафиқабону-Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Меҳринисо Ҳоҷибоева хеле хуб бозидаанд, ки мақбули тамошобинони пойтахт гардид. “Зангирӣ ё дамгирӣ” бо истиқболи гарми тамошобинон рӯбарӯ шуда, як навъи баён ва бознигарии танқидии зиндагии воқеии мардум дар қолаби ҳунар аст.

22 апрели соли ҷорӣ Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту—2025» ҷамъбаст гардид, ки шоҳҷоизаро Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо намоиши «Достони Сиёвуш» сазовор  гардид. 

Ҷойи аввал ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «ЯЛ», ҷойи дуюм ба Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара барои намоиши «Ривояти суғдӣ» ва ҷойи сеюм ба Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоиши «Бозгашт» дода шуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар  фестивал-озмун ҷоизаи «Беҳтарин ансамбли актёрӣ» ба намоиши «Зангирӣ ё дамгирӣ»-и Султон Сафаров дар таҳияи Қурбон Шукурзода ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дода шуд.

Дар фестивал-озмун 18 театри касбӣ беҳтарин намоишҳоро манзури тамошобинон намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи фестивал-озмун таҳияи асарҳои баландмазмуни  ватанӣ, баланд  бардоштани сатҳи касбии коргардонҳо, ҳунармандон ва рассомону оҳангсозон мебошад.

БАРДОШТҲО АЗ ТАМОШОИ НАМОИШ

Дар ҳошияи ин намоиш мехостам бардоштҳои хешро аз тамошои он баён созам. Ба монанди ҳамин ҳилаҳои зиёди шаръие, вуҷуд дорад, ки аз онҳо то ҳол истифода мебаранд ва овардани баъзеашро ҷоиз медонам. Марде зан доштанашро пинҳон дошта, духтареро аз деҳи дурдасте хостгорӣ кард. Аҳли оилаи духтар ӯро огоҳ карда буданд, ки зимни хутбаи никоҳ бояд қасам хурад, ки зан надорад. Мард ба ивази маблағи ҳангуфт аз ҳамин гуна муллои бетавфиқу ҳилатомӯз ҳилаеро ба кор бурд. Пас аз маҳри арӯсро додан ва қабл аз хондани хутбаи никоҳ ба хонааш омада, зани аввалаашро ба қабристон бурд. Ӯро дар назди гӯре шинонда таъкид кард, ки то омаданаш аз ҷояш наҷунбад, вагарна талоқ мешавад. Духтар ва волидону ақрабои арӯс пеш аз хондани хутба аз ӯ талаб карданд, то қасам хурад, ки дар хона зан надорад. Мард қасам хурд, ки ба ғайр аз зани дар қабристон будааш дигар зан надорад. Баъд аз овардани арӯс занашро низ аз қабристон ба хона овард.

Ё мисоли дигар. Марде ҳанӯз дар замони Шӯравӣ фарзандонашро дар  вақти таътили тобистона ба кадом як мулло дар яке аз ноҳияҳои ҷануб ба шогирдӣ дод.  Ҳанӯз “алиф-калтак”-ро ёд нагирифта, онҳоро дар маъракаҳо аз худ ва ҳатто аз мӯйсафедону домуллоҳо боло мешинонд ва ба мардуми  соддаву зудбовар таъкид мекард, ки писари ман Муллофалонибой дар назди яке аз уламои бузург Бисмадонбой таҳсил мекунад. Ҳурмати ин касро ба ҷо оред, ки фардо ҳидоятгари ҳар яки мову шумо ва чароғи дунёву уқбо мегардад. Дар натиҷа ин “чароғ” ҳамеша болонишин буду фукаш осмонро мехарошид ва такаббур меварзид ва ба корҳои ноҷоиз даст мезад. Баъди пош хурдани Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ аксари амволи колхозро бо роҳҳои номашруъ соҳиб шуд. Ҳол он ки он амволи муштарак саҳми сағиру кабир ва ятиму мардуми қашшоқу гурусна ва  овораву саргардон дар он солҳои душвор буд. Агар аз дини мубини ислом бӯе мебурд, ба амволи муштарак, ки ҳаққи ятиму беваву бечора аст, даст намезад. Зеро дар  ояти 10-уми сураи Нисо омадааст: “Дар ҳақиқат касоне, ки амволи ятимонро ба ситам мехӯранд, ҷуз ин нест, ки оташе дар шиками худ фурӯ мебаранд ва ба зудӣ дар оташи фурӯзон дароянд". Ғайр аз ин барои рӯпӯш кардани таракаи  амволи муштарак таваҷҷуҳи мардумро ба дигар тараф ҷалб карда, байни ду деҳа тафриқа ангехт ва тухми кинаву хусумат  кошт. Натиҷаи ҳамин тарбияи нодуруст ба такаббуру бузургманишӣ оварда расонд.  Бар замми он ки на дар мактаб ва на дар илми динӣ саводи казоӣ надорад,  худро аз дигарон хусусан аз омӯзгорону олимон  як сару гардан боло мепиндорад. Баъзе ҳолдонҳо мегӯянд, ки “мавсуф”дар ягон ҳашару корҳои ҷамъиятӣ белро ба даст нагирифтааст,  зеро ба “шаъни он кас намезебад”. Вале дар намозҳои ҷамоавӣ пеш мегузарад, ки мисраҳои Ҳофизи лисон-ул-ғайб дар “васфи ӯст:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс,

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

АГАР БИНӢ, КИ НОБИНОВУ ЧОҲ АСТ

Ҳанӯз 9-уми марти соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар оид ба ин масоил чунин иброз доштанд:

Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем. Дар ин замина, Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: «Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад ва касе, ки аз рӯйи риё (худнамоӣ) амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш доранд, Худованд ба сабаби изҳор намудани риёкорияш, яъне худнамоияш дар назди мардум дар рӯзи қиёмат шармсор месозад».

Пешвои миллат навоқиси ҷомеаро чун риёкориву бузургманишӣ, ки ба такаббур ва нописандии мардум бурда мерасонад, мӯшикофона таҳлил намуда,  бо изҳори нигаронӣ иброз доштанд: “Дар баъзе оилаҳо меравед, як кори бисёр бадро мебинед, ман дидаам, шоҳид ҳастам, ки кӯдаки 3-4 соларо боло мегузаронанд. - Ҳазрати олӣ, боло гузар, ту ҳоҷибобо ҳастӣ. Муйсафеди 70-сола бошад, дар назди дар. Одами калонсоли 40-50 сола мераваду офтоба дар даст ба дасти кӯдаки 3-4 сола об мерезад”.

Оре, ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар аст. Чаро мо аз чунин хислатҳои ноҷоиз аз қабили риёву бузургманишиву  такаббур ва ғайра, ки минбаъд  шахсро ба содир кардани ҷурму гуноҳу ҷиноят бурда мерасонад, чашм мепӯшем? Чаро нависандагон ва дромнависон ин гуна хислатҳои бади инсонӣ ва навоқиси ҷомеаро фош ва ошкор намекунанд? Шоир дар ин бобат мефармояд:

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.

ЁДИ НАВИСАНДАИ МАҲБУБ СУЛТОН САФАР БА ХАЙР БОД

Ёди нависандаи маҳбуб Султон Сафар ба хайр бод, ки ҳақиқати талхи нуқсонҳои ҷомеаро дар либоси танз пешкаши тамошобинон гардонд. Намоишнома дар мавзӯи хеле ҷолиб навишта шуда, дар ҳама давру замон дархурди мардум аст.

Султон Сафар, нависанда ва намоишноманависи маъруф профессор (1993), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1996)  13 марти соли 1935 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Мавсуф соли 1958 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо ба итмом расонда, вориди Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкини шаҳри Масков гардид. Пас аз хатми он аввал ба ҳайси актёр ду сол дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намуд, сипас солҳои 1958-1965 дар вазифаҳои масъул (нозири калони раёсати санъати Вазорати маданияти ҷумҳурӣ, сармуҳаррири шуъбаи адабӣ ва мусиқии Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, муҳаррири калони мушовараи репертуарҳои Вазорати маданияти Тоҷикистон) кор мекунад. Баъдан таҳсилро дар Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ ҲКИШ (1965-1968) идома дода, дар вазифаҳои сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мудири сектори шӯъбаи маданияти КМ ҲК Тоҷикистон, директори киностудияи «Тоҷикфилм», проректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1968-1980) ва ҷонишини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон (1980-86) заҳмат мекашад. Солҳои баъдина боз ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода баргашта, ҳамчун декан, мудири кафедраи маҳорати актёрӣ ва нутқи саҳнавӣ ба донишҷӯён таълим додааст.

Драмаҳои офаридааш «Субҳи Хуҷанд», «Қарзи виҷдон», «Беватан», «Барои Ватан», «Қассос», «Уқоб», «Абадзинда», «Одамият», «Ду хоҳарон», «Бақои умр», «Чашмаи ҳаёт», «Алафҳои бегона», «Ҳақиқати талх», «Ҷасорат», «Пайраҳаи зиндагӣ», «Муҳаббати пок», «Бузбибӣ», «Зан агар ба шӯр ояд», «Туғрал» (бо ҳамқаламӣ), «Қотил», «Абӯҷаҳл», «Мукофоти амал» “Зангирӣ ё дамгирӣ” ва ғайра дар саҳнаҳои театрҳо тоҷик ва хориҷи кишвар ба намоиш гузошта шудаанд.

Осори мондагори нависанда бо номҳои “Гирдоб” Д., 1973, “Шарораи Хуҷанд” Песаҳо. Д., 1981, “Бақои умр”, маҷмӯаи песаҳо. Д., 1984, “Қарзи виҷдон, Песаҳо. Д., 1986, “Ҳақиқати талх”,  маҷмӯаи песаҳо, Д., 1990, “Без родины”, драма. Д., 1974 ва садҳо мақолаи адабию иҷтимоӣ оид ба арбобони намоёни ҳунар ба забонҳои русиву тоҷикӣ дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Умуман аз Султон Сафар 18 асари калони драммавӣ боқӣ мондааст, ки то имрӯз онҳоро театрҳои ҷумҳурӣ ба саҳна мегузоранд. Қаҳрамонони аксари асарҳои нависанда аз деҳот, аз ҷумла аз зодгоҳаш деҳаи Дарғанд. Шоирон дар бузургдошти ӯ ва зодгоҳаш аз ҷумла, Салимшо Ҳалимшо ду қасида яке “Достони Дарғ” ва дигаре бо номи “Дарғ”, Мастон Шералӣ, “Дунё гузарон аст” дар васфи мазеи Сари пул ва Чилбед, Гулназар дар ғазали “Султони ҷавонмардон” ва Қутбӣ Киром дар рубоии “Дар гӯшаи боми Дарғ хобам мебод” шеърҳои зиёде гуфтаанд. Нависандаи маҳбуб 15 сентябри соли 2008 дунёро падруд гуфт. Шоир дар ҳақи чунин азизон мефармояд:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

МУНАВВАРИ Сафар,

ходими пешбари илмии ПИТФИ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

Аълочии фарҳанг ва иттилоот

барчасп: