АРЧА (БУРС) – ДАРАХТЕСТ МУҚАДДАС

Дарахт ҳамчун унсури табиӣ барои инсон ва табиати зинда дорои аҳамияти хос аст. Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини дарахт ин аз оксиген таъмин кардани тамоми мавҷудоти зинда бошад, хосияти дигараш сабабгори раҳо шудани инсон аз ҳар гуна мушкилиҳо – гуруснагӣ, беморӣ, барфу борон (паноҳгоҳ) ва ғайра мебошад. Азбаски дарахт ҳамчун ҷузъи табиат дар зиндагии одамон мавқеи хоса дорад, он дар фарҳанги онҳо низ роҳ ёфтааст. Дар фарҳанги мардуми тоҷик як қатор дарахтон мавриди парастиш қарор гирифта, муқаддас дониста шудаанд. Ин гуна дарахтон бисёртар дар ҷойҳои махсус: мазору зиёратгоҳҳо мушоҳида мешаванд. Албатта, дар ҳама ҷои Тоҷикистон дарахтони гуногунро вохӯрдан мумкин аст, вале танҳо дар чунин ҷойҳо он дарахтон боиси парастиши мардум қарор мегиранд. Ҳатто дар ҳадисҳои Пайғамбари ислом омадааст, ки “шинонидани дарахт, сохтани хона ва тарбияи фарзанд аз корҳои муҳими ҳар инсон ба шумор меравад.”

Аз сарчашмаҳои таърихиву мардумшиносӣ маълум аст, ки дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ мазору зиёратгоҳ ё оромгоҳҳои зиёди шахсиятҳои диниву таърихӣ мавҷуданд. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва муҳити атрофи ҳар кадоми онҳо нақлу ривоят ва қиссаҳо эҷод шудаанд. Шинонидан ва сабзидани дарахтон дар ин маконҳо ҳам таърихи худро доранд. Чунки бисёре аз дарахтони маконҳои болозикр аз ҷониби худи ҳамон шахсиятҳо шинонида шуда, бо онҳо робитаи қавии фарҳангиву эътиқодӣ доранд. Дар маконҳои муқаддас одатан дарахтони арча, сада, чинор, тут, зардолу ва ғайраро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар яке аз минтақаҳои кӯҳии кишвар – ноҳияи Айнӣ дарахти арча (яъне бурс) аҳамияти бузурги фарҳангӣ дорад. Новобаста аз ҷойи муқаддас будан мардуми ин ҷо дарахти арчаро муқаддас мешуморанд. Вобаста ба ин дарахт одамон ҳар гуна қисса ва ривоятҳоро офаридаанд, ки боиси умри тӯлонӣ дидан ва то имрӯз мавриди парастиш қарор гирифтани он гардидааст. Яке аз ривоятҳои маъмулӣ, ки ба ин намуди дарахт рабт дорад, ин оби ҳаёт мебошад. “Боре Худованд ба зоғ оби ҳаёт дода мефармояд, ки бурда ба сари одамизод резад, то вай дигар намирад. Зоғ обро ба даҳон гирифта, ба ҷустуҷӯи одам меравад. Шайтон аз ин кор огоҳ шуда, ӯро бо санг мезанад. Зоғ, ки ин вақт дар  болои дарахти арча буд,  “қарр”-гӯён овоз мебарорад. Оби ҳаёт аз даҳони зоғ болои дарахти арча мерезад. Аз ҳамон рӯз гӯё дарахти  арча ҳамеша сарсабз асту ҳаёти одамизод бошад бебақо. Одамон то имрӯз гӯё барои ҳамин зоғро бад мебинанду ӯро “шумхабар” мегӯянд.

Дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ дарахти арчае мавҷуд аст, ки бо баъзе хусусиятҳои ба худ хос мавриди таваҷуҳи сокинони ин деҳа қарор гирифтааст. Дарахти мазкур аз шохҳои парешон ва танаи фартуту хушкшуда иборат буда, аз давраҳои пеш дар шохаҳои он мардум аз рӯи эҳтиром бо ҳар нияту орзу латабанди менамудаанд. Азбаски дар ҳаёти мардуми маҳаллӣ он аҳамияти хоса дорад, мардуми бумии ин диёр бо расму оинҳои гуногун маросими зиёратро дар ин макон ба ҷо меоваранд. Мавқеи ҷойгиршавии дарахти Бурс дар сари роҳи мошингарде, ки якчанд дараро пайваст мекунад ҷойгир буда, аз саҳар то шом дар зери дарахт зоирон аз гӯшаву канори ин водӣ ташриф меоранд. Ҳар як зиёраткунанда мувофиқи имконият ва хоҳиш ягон чизе хайр мекунад. Аксаран мардум дар дастурхон нон гузошта шириниеро ба худ гирифта мебаранд. Яъне ин ҷо барои мардуми мусофир истгоҳ низ маҳсуб мешавад. Мусофирон аз назди ин дарахти муқаддас аспсавор, пиёдагард ва мошинсавор мегузаранд ҳатман лаҳзае дар назди дарахти Бурс истода ояте аз китоби Қуръон қироат намуда, баъдан роҳи худро идома медиҳанд. Ин оин асрҳост аз насл ба насл боқӣ монда ва ҳамеша мардуми ин диёр риояи ин одатро ба фарзандони худ таъкид мекунанд.

Одамони эҳтиёҷманд, яъне занҳои бефарзанд, духтарони бахтталаб ба шохаҳои ин дарахт латабандӣ намуда, баъд аз ин амал ояте аз Қуръон хонда бо ҳамин амали худ оромие ба даст оварда дилашонро ба зиндагӣ гарм мекунанд. Дар солҳои 90-уми асри XX латабандиро амали давраи ҷоҳилия ҳисобида онро зидди оинҳои ислом маънидод менамуданд. Вале мардуми ин диёр парастиши ин дарахтро ба ҳама расму русум маҳфуз дошта то ба имрӯз давом дода истодаанд. Ниятҳои асосие, ки дар ин мавзеъ сурат мегирад ин пеш аз ҳама аз чашми бад нигоҳ доштан, шифо ёфтан, ба некуаҳволӣ расидан ҳисоб меравад. Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон барои тамоми зиёраткунандагон чорвое забҳ намуда хӯроке омода мекунанд, то мардум дар ҳамон ҷо тановул намоянд. Ҳамзамон одамоне, ки хайр (назр) кардан мехоҳанд дар зери дарахти мазкур дастурхон ороста нон ё чорвое забҳ карда хӯрок омода намуда ба мардуми деҳа, мусофирон ва роҳгузарон хайр менамоянд. Дар ягон давру замон касе ба расму оини зиёраткунии мардуми деҳа ва деҳоти атрофи он монеа эҷод накардааст. Баръакс мардуми деҳаи Дарғ аз чунин макони мавриди парастиш бо ифтихор сухан меронанд ва қоидаҳои роиҷ бударо риоя намуда, эҳтиром гузоштанро нисбати дарахти Бурс ва ҳудуди он ба фарзандони худ талқин менамоянд.

Хулоса, дарахти куҳансоли арча (бурс), ки дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ воқеъ аст, барои мардуми гирду атрофи деҳот арзиши баланд дошта, аз ҷониби одамон парастиш карда мешавад. Ҳудуди ҷойгиршудаи дарахт чандин садсолаҳо боз ҳамчун макони муқаддас ҳисобида шуда, одамон расму оин ва урфу одатҳои мансуб ба зиёратро доир ба он иҷро карда омада истодаанд.  

Насрудинова Файзигул

Ходими калони илмӣ ПИТФИ

барчасп: