Чанде қабл барои ҷамъоварии маълумот ба китоби “Маълумотномаи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии ба рӯйхати пешакии мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳодшуда” ба ноҳияи Данғара сафари хидматӣ доштем.
Мавриди зикр аст, ки парвандаи номинатсионии «Хутали қадим» бо фарогирии 11 (ёздаҳ) ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш), шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ) ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Баробари ба маркази ноҳияи Данғара расидан таваҷҷуҳи моро як шаҳри зебову хуррами ҳозиразамон бо хиёбону кӯчаву роҳравҳои аз ду тараф сабзу гулпӯш ва дарахтони ороишӣ руста, гулгаштҳои фароху дилпазир ва биноҳои баландошёнаи зебову муҳташами сохти меъмориашон гуногун ҷалб намуд. Воқеан, Данғара ба як шаҳри зебои замонавӣ табдил ёфтааст.
Моро раиси дастгоҳи МИҲД-и ноҳия Бобохонзода Мансур қабул намуда ба назди муовини раис оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид роҳнамоӣ кард. Баъди суҳбат оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо роҳбаладии мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳасан Суноатзода ва нозири ёдгориҳои таърихӣ Бахтовари Маҳмадализода ба зиёрати Мавлоно Тоҷуддини дашти Кулакӣ раҳсипор гардидем. Мутаваллии зиёратгоҳи мазкур Сафар Ҷобиров марди хушсуҳбату нуронӣ моро дар назди дарвоза пешвоз гирифт ва раҳораҳ то ба болои теппа расидан дар бораи ин орифи бузург, суфии машҳури тариқати нақшбандия маълумот дод. Роҳи мумфаршу сангфарш ва чанд зина сари ҳар панҷ-даҳ метр моро ба зиёратгоҳ мебурд.
Мақбараи Мавлоно Тоҷуддини Дашти Кулакӣ дар шимоли деҳаи Корез, дар масофаи 6 км дуртар аз маркази ноҳияи Данғара дар баландӣ ва дар болои теппаи сабзу гулпӯш ва сердолу дарахт, ки аксараш дарахтони сӯзанбарганд, воқеъ гардидааст. Мақбара дар асри 14 аз хишти пухта сохта шуда, аз як гурхона иборат аст. Соли 2001 ёдгорӣ таъмиру таҷдид карда шуд.
Зимни суҳбат Сафар Ҷобиров иброз дошт, ки Мавлоно Тоҷуддини дашти Кулакӣ яке аз авлиёи бузург буда, дар борааш ривоятҳои зиёд аст. Чунончи марди худбину олимтарош аз рӯи бухлу ҳасуд нисбат ба Мавлоно Тоҷуддин хост, ки илму дониш ва каромоти ӯро санҷад ва дар байни мардум шарманда кунад. Бинобар ҳамин ба фарзанди болиғаш фармуд, ки худро мурда пиндорад ва то даме ки садо накунад, сарашро набардорад. Ӯро кафан печонду дохили тобут гузошт ва доду ғирев бардошт. Мардум ҷамъ шуд, аз ҷумла Мавлоноро низ даъват карда оварданд. Он мард бо дидани Мавлоно Тоҷуддин ду даст ба сари хеш заду аз ӯ хоҳиш кард, ки ҷанозаи писарашро хонад. Чун салоти ҷанозаро эълон карданд, мардум саф кашид, Мавлоно Тоҷуддин чанде сухан гуфт. Сипас намози ҷанозаро хонд. Чун салот ба итмом расид, пас аз дуо садои хандаи қаҳ-қаҳаи он мард ҳамаи ҳозиронро ба ҳайрат гузошт. Ӯ болопӯши тобутро ба як тараф партофта, нидо кард: Писарам хез, баланд шав! Ҳамзамон ба Мавлоно Тоҷуддин ишора карда гуфт: - Ҳой мардум, бубинед, ки мавлои шумо чӣ тавр одами зиндаро ҷаноза кард. Мард хандоханд писарашро такон дода мегуфт: - Писарам, Иброҳим, бархез, бархез, чӣ магарам хобат бурд? Ҳарчанд ӯро такон дод, аз ӯ садое набаромад ва ҳаракате ҳам накард. Саросема гиреҳи банди сарпӯши кафанро кушод. Ангушт ба раги ҷону гӯш ба даҳону биниаш гузошт. На набзаш мезаду на садои нафаскашиаш ба гӯш мерасид. Боз ду даст ба сар заду ғиреви гиряаш сукути фазоро тарконд. Ва хазида-хазида ба назди Мавлоно Тоҷуддин омада сарашро ба пойи ӯ молид ва узр хост.
Дар ривояти дигар омадааст, ки ду бародар дар ҳамин деҳа зиндагӣ доштанд, чун ба ҳам рӯ ба рӯ мешуданд ҷанҷол мекарданд. Ҳеҷ кас натавонист онҳоро ба ифоқа орад. Бародари хурдӣ ба мақсади куштани бародараш хиштеро аз мақбараи Мавлоно Тоҷуддин гирифта аз қафо ба тамоми қувва ба сараш партофт. Он чун латтае ба гарданаш печиду ба замин афтод ва шакли хиштро гирифт. Баъди ин ҳодиса он ду бародар то охири умр бо ҳам дӯстона зиндагӣ карданд.
Назар ба гуфти Сафар Ҷобиров беморони зиёде ба ин ҷо омада аз рӯи сидқу ихлос аз Худованд талаби шифо мекунанд ва сиҳат меёбанд. Бахусус, беморони рӯҳӣ, онҳое, ки шаланду бо асобағал мегарданд ва ё тавони роҳ рафтан надоранд, баъди чанд муддат шифо меёбанд.
Мавлоно Тоҷуддини дашти Кулакӣ орифи бузург, суфии машҳури тариқати Нақшбандия соли 1318 дар дашти Кулак (Данғараи имрӯза) ба дунё омадааст. Мавлоно аз хурдсолӣ дар зодгоҳаш савод гирифта, барои идомаи таҳсил ба Бухоро меравад. Бо ҳамроҳии ҳамсабақаш Баҳоваддини Нақшбанд дар зери дасти ҳазрати Амири Кулол шогирд истода дарс меомӯзанд. Лаҳзаҳои ба шогирдӣ қабул кардани Мавлоно дар асари Мавлоно Шаҳобуддин “Мақомоти Амири Кулол” оварда шудааст.
Ҳазрати Мавлоно Тоҷуддин дар адаб ва фарҳангу худшиносӣ ҷойи худро дошта зиёда аз 21 асар эҷод кардааст. Асарҳои ӯ мафқуд ва пароканда шуда, то замони мо кам расидааст. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки Баҳовуддини Нақшбанд ба Мавлоно Яъқуби Чархӣ гуфтааст: “Шумо, ки ба Балх сафар доред, ҳатман аз Мавлоно Тоҷуддин хабар гиред, ки ӯ яке аз авлиёуллоҳ аст. Мавлоно Тоҷуддин баъди хатми мадраса аз Бухоро ба ватанаш дашти Кулак баргашта, мардумро ба худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва худшиносӣ даъват карда, роҳнамоӣ мекунад. Ӯ то лаҳзаи вопасини умраш дар ватанаш Дашти Кулак умр ба сар бурда, соли 1388 дар зодгоҳаш Дашти Кулак (деҳаи Корез, ноҳияи Данғара) дунёро тарк кард. Дар асри X1V муридонаш дар болои теппаи назди деҳаи Корез мақбараашро сохтанд.
Чуноне ки мебинем Баҳовуддини Нақшбанд мартабаи Мавлоно Тоҷуддинро хеле баланд тасвир кардааст. Аввалан ӯро “мавлоно” ном бурдааст ва сониян таъкид кардааст, ки ӯ “яке аз авлиёуллоҳ аст”.
Бояд тазаккур дод, ки бунёдгузори мавлавия-ориф, сӯфӣ, мутафаккир, нависанда ва шоири бузурги форс-тоҷик Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ мебошад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ном Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Қуния, назди Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро азхуд мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари ӯ «Маснавии маънавӣ» аст, ки соли 1259 ба навиштани ин асар сар карда, беш аз 10-сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.
Авлиё ҷамъи валӣ буда, дар луғат ба маънои қурб ва наздикӣ аст. Барои валӣ низ маъонии гуногуне монанди дӯстдор, рафиқ ва ёрикунанда зикр шудааст, ки дар ҳар як аз онҳо навъе қурб ва наздикӣ вуҷуд дорад.
Авлиёуллоҳ таркибе изофӣ аст ва мурод аз он касоне ҳастанд, ки аз дӯстӣ ва қурби илоҳӣ бархӯрдоранд.
Чуноне ки зикр кардем, мақбараи Мавлоно Тоҷуддин – ёдгории таърихӣ буда, аз самти шимолии шаҳраки Данғара дар болои теппае дар деҳаи Корез воқеъ гаштааст. Дар ибтидо мақбара аз хишти хоми андозааш 21х21х4 см сохта шуда буд. Баъдан дар асрҳои 14-15 аз хишти пухтаи андозааш 21х21х4 см аз нав бино карда шуд. Мақбара аз ду қисм: бино ва сағонаи зеризаминӣ иборат аст. Сағона пӯшиши балхӣ дошта, ҳаҷман аз мақбара хурдтар ва баландиаш 1, 5 метр мебошад. Дар он марқади Мавлоно Тоҷуддин, ҳамсараш ва фарзандаш воқеъ гаштааст. Дар бинои мақбара низ 3 турбати хиштӣ гузошта шудааст. Мақбара шакли мураббаъ (5,12х5,15 м аз дарун ва 9,05×8,17 м аз берун) дорад. Дар девори шарқӣ аз дохили мақбара 2 зинаи морпеч барои баромадан ба болои гунбаз сохта шудааст. Зинаҳои морпеч дар болои бом пӯшиши равоқӣ доранд. Гунбаз бар устувонаи болои чаҳортоқи дубағалаи кунҷҳо ва тоқчаи дубағалаи аз чапу рости тоқҳои бузург сохта қарор гирифтааст. Мақбара хеле хароб шуда буд. Соли 1987 аз ҷониби Идораи давлатии ҳифзи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт. Лоиҳаи таъмиру тармими гунбаз, сардар ва девори ҷанубӣ тартиб дода, онҳо бо таҳкурсии хишту бетон сохта шуданд. Гунбаз бо тунукаи сафеди зангногир рӯкаш гардид.
Соли 2001 бо ташаббус ва дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тармиму таҷдид гардид ва гирдогирди мақбара бо пешайвони сутундор зиннат дода шуд.
Агар ба таърихи ислом назар кунем мардуми форс-тоҷик, хоса олимону мутафаккирон ва донишмандон дар густаришу тарвиҷи дини мубини ислом ва ташреҳи оятҳои қуръонӣ, аҳодиси набавӣ ва шариати исломӣ нақши калидӣ доштанд.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: “Дар таърихи тӯлонӣ ва пурғановати халқи тоҷик, ба хусус, давраи исломии он, шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба зуҳур омаданд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши беандозаро гузоштаанд».
Аз ин ҷост, ки Бозор Муродов, бунёдгузори осорхонаи Данғара, таърихшинос, дар мақолаи хеш “Орифи Хатлонзамин” менависад, ки омӯзиши кору зиндагӣ ва мақоми бузургони гузашта барои худогоҳии ҳар халқ басо муҳим аст. Хоса, омӯзиш ва пос доштани рӯҳи онҳое, ки фаъолияташон баёнгари замони гузашта аст, барои шинохти таърихи хеш ва худогоҳии миллӣ дар замони ба Истиқлолият расидани кишвар хеле нафърасон аст. Бояд гуфт, ки фарзандони фарзонаи халқи тоҷикро, ки тӯли ҳазорсолаҳо миллатро бо ҳувияташ то имрӯз овардаанд, бо ангушт шуморидан хеле душвор аст. Оромгоҳҳои онҳо дар қаламрави Хуросони Бузург ва дигар кишварҳо мавҷуд буда, таърихи гӯёи мо мебошанд. Мисли дигар ҷойҳои кишварамон дар ноҳияи Данғара ва марзҳои гузаштаи таърихии он низ шахсиятҳои бузург мисли Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷуддин ва Мавлоно Обуддини Дашти Кулакӣ, Хоҷаи Зинда, Хоҷаи Заррин, Хоҷаи Нур, Хоҷа Бобои марди Валӣ, Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ, Ҳабибуллоҳ ибни Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ (Соҳибзода), Хоҷа Мастона, Хоҷа Аслихо, Хоҷа Гулгун, Хоҷа Сабзпуш, Хоҷа Ҷароия, Шайх Ҳусайн, Ёқуб Саҳоба, Мирсаид Ибод, Ҳоҷӣ Шарофуддин, Ҳилҳилакбобо, Хоҷа Фатҳулло, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Мири Назири Шингихоӣ, Маҷнуни Сиёпӯш, Ҳоҷӣ Муҳаммадкабири Муҷаддавин, Домулло Шамс, Домулло Файзуллоҳ ва Мақсуди Мавлавии Кӯлобӣ, Девона Махсум ва дигарон зиндагӣ ва фаъолият намудаанд.
Мунаввар САФАРОВ,
ходими пешбари илмӣ
Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ
мудири шуъбаи фарҳанг
ва санъатшиносӣ