Activities calendar

19 июня 2025

ОБИ ШИФОБАХШИ МУЛЛОШАЙХ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мавзеъҳои зиёди таърихию фарҳангӣ буда, дар ҳама гӯшаву канори он метавон чунин ҷойҳоро вохӯрду аз онҳо баҳравар шуд. Мавзеъҳои таърихиву фарҳангии мо, на танҳо диққати ҳамватанон, балки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, боиси ташрифи онҳо ба ин сарзамин мегардад...

барчасп: 

Боздид аз ҷойҳои таърихии шаҳри Роғун

Дар моҳи июни соли равон гурӯҳи кории ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба шаҳри Роғун экспедитсияи мардумшиносиро доир намуда, ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, табиӣ, мавзеъҳои муқаддас, замони пайдоиш ва мавҷудияти онҳоро ба қадри имкон таҳқиқ намуданд...

барчасп: 

ШАҚИҚИ БАЛХӢ – АЗ БУНЁНГУЗОРОНИ ТАСАВВУФИ ХУРОСОНӢ

Сафари хидматии мо ба ноҳияи Данғара ҷиҳати ҷамъоварии маълумот ба китоби “Маълумотномаи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии ба рӯйхати пешакии мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳодшуда” ниҳоят рангин ва басо хотирмон буд. Парвандаи номинатсионии «Хутали қадим» бо фарогирии 11 (ёздаҳ) ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуд...

барчасп: 

ШОҲИ АКОША ДАР САРИ ХОСОР

Миллати тамаддунофари тоҷик аз даврони қадим созандаи таъриху фарҳанги волои башарӣ мебошад. Ёдгориҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ин миллати кӯҳанбунёд пайвандгари ҳаёти моддию маънавии ниёгонамон буда, саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд...

барчасп: