Боздид аз ҷойҳои таърихии шаҳри Роғун

Дар моҳи июни соли равон гурӯҳи кории ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба шаҳри Роғун экспедитсияи мардумшиносиро доир намуда, ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, табиӣ, мавзеъҳои муқаддас, замони пайдоиш ва мавҷудияти онҳоро ба қадри имкон таҳқиқ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки  Роғун дар қисми шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст. Роғун шаҳри ҷавон аст ва пайдоиши он ба НБО-и Роғун марбут аст, ки сохтмони он соли 1976 оғоз ёфта буд. 25-уми декабри соли 1986 оғози асосёбии шаҳри Роғун ба ҳисоб меравад ва шаҳраки Оби Гарм ба ҳайати он дохил карда шуд. Айни замон шаҳр аз се ҷамоат, шаҳраки Оби Гарм, деҳаи Қади Об ва деҳаи Сичароғ, иборат аст, ки ҳар кадоми ин ҷамоатҳо дар худ ҷойҳои таърихӣ ва табииро доранд. Ин ёдгориҳо, ки ба мероси моддӣ ва маънавии минтақа шомиланд, намунаи равшани ташаккули таърихи фарҳанги маҳаллӣ ба шумор мераванд.

Зимни сафари корӣ мо дар доираи имконият аз чанд мавзеи таърихӣ-фарҳангӣ аз қабили Гузаргоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, мақбараи Эшон Абдураҳмонҷон, Охун Мулло Алӣ, мақбараи Саид Қиёмиддин, Куҳи Акаҷонбой, гармобаи Муллошайх, Оби Шифо дидан кардем.

Таҳлили хронологии мавод ва маълумоти таърихӣ нишон медиҳад, ки баъзе аз ин ёдгориҳо, аз ҷумла Гузаргоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ таърихи хеле куҳан дошта, ба давраҳои асри VIII милодӣ мансуб дониста мешаванд. Ин нуқта бозгӯи таърихи чандинсола ва ҷойгоҳи муҳими шаҳри Роғун дар ҷараёнҳои динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии минтақа мебошад. Дар хусуси ин ёдгории таърихӣ, қиссаю ривоятҳо гуногуне роиҷанд.

Тибқи сарчашмаҳо  Абулқосим ибни Муҳаммад- ал- Ҳазз мулақаб бо Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ яке аз муттафакрони бузурги олами ирфон буда,  дар музофоти Нахованди Ироқ ба дунё омадааст. Эшон пайравону шогирдони бисёр дошта, бо ёрии онҳо мулкдоронро ба маърифат, худшиносӣ, раҳму шавқат даъват менамуд.

Бархе аз сокинони маҳалӣ ҳақиқати ҳоли зиёраткунандагони ин гузаргоҳро чунин маънидод кардаанд: Беморони рӯҳии дасту пояшон бастаро ба зиёрати  гузаргоҳи Хоҷа Ҷунайд овардаанду онҳо шифо ёфтаанд. Яъне рӯҳу авроҳи поки ҳазрати Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ ба бемороне, ки бо умед ба зиёрати гузаргоҳаш меоянд бо хости Худо ба онҳо шифо мебахшад. 

Қобили зикр аст, ки куҳи “Акаҷонбой” ва  кули “Яхдон” низ дар байни халқ маъмул буда имрӯз ба ҷойҳои таърихӣ ва тамошобоби сайёҳон табдил ёфтаанд. Ба баландӣ ва дурии роҳ нигоҳ накарда ҳамасола сайёҳон аз ин гуна ҷойҳои дилфиреби табиат дидан мекунанд. Роҳбаладамон ба мо оиди таърихи пайдоиши куҳи Акаҷонбой нақл карданд, ки чунин мазмун дошт.

Акаҷонбой айёми ҷавонӣ ҳангоми молбонӣ аз зери хосанги куҳ хазинаи тилло меёбад. Онро ба хонааш оварда ба савдо гузошта соҳиби рама мешавад. Олиҳимматиро пеш гирифта, ба камбағалон ёрӣ мерасонад. Нақл мекунанд, ки Акаҷонбой пеш аз марг барои он ки фарзандонаш баъди маргаш барои бойгари ӯ кашмокаш накунанд, китоби қайдҳои қарзро ба оташ андохта, месӯзонад ва қарзҳоро мебахшад. Дар он тарафи куҳ Акаҷонбой ковокии айвонмонде ҷой дорад, ки онро “Яхдон” меноманд. Одамон тобистон аз ин ҷо барои худ ва дардмандон ях пайдо карда метавонанд”. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин хазина охирҳои асри XIX ёфт шуда, ҷавоҳироти аз ҳамин куҳ ёфта шуда ба асрҳои XIV-XV мутаалиқ дониста шудаанд.

Ҳамзамон шаҳраки Оби Гарми Роғун дорои чашмаҳои табию шифобахш аст. Дар хусуси пайдоиши гармобаҳои шаҳри Роғун миёни бошандагони деҳаии Оби Гарм нақле аст, ки “Замоне роҳи пиёдагарди мардуми Раштонзамин аз паҳлуи ноҳияи Обигарм мегузашт. Онҳо ин ҷо оббозӣ карда, дам гирифта, сипас роҳашонро идома медоданд. Дар деҳаи Обилулияк Кассир ном марде ба хизмат омода будааст. Вай бедорхобӣ кашида, ҳар чи ки дар зиндагӣ доштааст ба мусофирон медодааст. Дар ивази хизматаш боре нафаре аз Макка баргашта, мужда мерасонад, ки ӯро дар миёни ҳоҷиён дидааст. Мардум баъди ин ӯро Ҳоҷи Кассир ном мебурдаанд”.

Гарчанде, ки шаҳри Роғун таърихи начандон тулонӣ дорад, лекин миёни мардум чунин ҳикояву қиссаҳо оиди ҷойҳои таърихӣ ва маконҳои муқаддас зиёданд. Пажуҳиши анҷомдода перомуни ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеҳои муқаддас нишон дод, ки мардуми шаҳри Роғун то ба имрӯз дар доираи бовару эътиқодҳо зиндагӣ намуда, маконҳои муқаддасро эҳтиром ва арҷгузорӣ менамоянд.

Дар хотима метавон гуфт, ки шаҳри Роғун яке аз минтақаҳои таърихию фарҳангӣ дорои аҳамияти сайёҳидошта аст, ки  сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намуда, ҳазорон ҳазор сайёҳон ба тамошои манзараҳои дилфиребу назаррабояш меоянд. 

                                                                Сафарқулова Г.Ю.

барчасп: