Миллати тамаддунофари тоҷик аз даврони қадим созандаи таъриху фарҳанги волои башарӣ мебошад. Ёдгориҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ин миллати кӯҳанбунёд пайвандгари ҳаёти моддию маънавии ниёгонамон буда, саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд.
Бино ба маълумоти муҳаққиқи соҳа Шералӣ Хоҷаев Тоҷикистон яке аз кишварҳои калидии Шоҳроҳи бузурги абрешим мебошад. Ёдгориҳои моддии нотакрори халқии тоҷик ба монанди шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфтҳои қадимтарин катибаҳои Қуръонӣ ва навиштаҷоти ирфонӣ, девормусаввараҳо аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, қалъаи Ямчун, маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон ва ғайра қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд.
Дар баробари дигар ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мазору зиёратгоҳҳо низ хеле зиёд ҷойгир шудаанд. Қариб дар ҳамаи деҳаҳои минтақаҳои кӯҳӣ мазорҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки мардум онҳоро “муқаддас” шуморида, эҳтироми хосае нисбати онҳо зоҳир менамоянд. Барои боз ҳам обрӯю мартабаи онро боло бурдан, ҳар гуна нақлу ривоятҳо бофта, даҳон ба даҳон ба наслҳои оянда онро мерасонанд.
Зимни як экспедитсия ба минтақаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваҷҷӯҳи моро бештар зиёратгоҳи Ҳазрати Шоҳи Акоша ҷалб намуд, ки дар болои кӯҳи ҳамон мавзеъ ҷойгир шуда буд. Мардуми минтақаи мазкур онро Акошашоҳ, Ҳазрати Шоҳи Акоша ва баъзан ҳазрати Шоҳи Якқоша ном бурда, нисбаташ эҳтироми хосса доранд. Мазори ин бузургвор дар деҳаи Шаҳидони ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон ҷойгир буда, тахминан дар асри XIX пайдо шудааст. Дар асл маълум нест, ки воқеан шахсияте чун Акоша дар минтақаи Сари Хосор дафн гардида бошаду ҳамон марқади худи ӯ бошад. Зимни пурсишу баррасиҳо касе дақиқ гуфта натавонист. Бино ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ҳар сол дар фасли тобистон зиёда аз 200 нафар ин мазорро зиёрат меоянд.
Мувофиқи маълумоти муътамад Акоша як ҳамнишину ҳамсуҳбати муқаррарии пайғомбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) буд, ки дар атрофаш як ривояти аҷибе давр мезанад, ки дар зер нақлашро аз забони гӯянда айнан меорем: “Моҳи Рабиулаввали соли ёздаҳи ҳиҷрӣ, яъне моҳи марти соли 632 мелодӣ Расули Худо (с)-ро таб гирифт. Тамоми надимонашро ба наздашон даъват карда гуфтанд: «Ман азми сафар дорам, касе ба ман қарз дорад, ё ки норозӣ аст, бояд қарзашро адо кунам, аз вай узр пурсам!»
Ин даъвати расули Худо (с)-ро касе, ки шунавад ба назди ӯ мешитофт ва ҳама дар нолаю фиғон буданд. Вале дар байни ҷамъомадагон Акоша ном марди яҳудӣ буд, ки то ҳол дини Исломро қабул накарда буд. Вай гуфт: «Ё Пайғамбари Худо, Шумо аз ман қарздоред ва бояд қарзи маро баргардонед. Дар ҷанги Уҳуд маро як тозиёна зада будед ва онро баргардонед!»
Чорёрон, саҳобаҳо ва тамоми мардуми дар он ҷо ҷамъомада аз Акоша хоҳиш карданд, ки бубахшад ва Пайғамбари Худо (с)-ро дар ташвиш намонад, вале вай намебахшид, чунки мехост муҳри набувватро бинад.
Ҳазрати Алӣ гуфт: «Эй Акоша, агар бахшӣ ман Дул-дулро ба ту ҳадя мекунам». – Не гуфт, Акоша.
Ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ гуфт: «Эй Акоша, агар бахшӣ чил уштур бо бораш медиҳам». Вале Акоша набахшид.
Ҳазрати Умар гуфт: «Эй Акоша, агар бахшӣ ҳар хоҳиши туро иҷро мекунам». Вай набахшид.
Ҳазрати Усмон (р) гуфт: «Эй Акоша, агар бахшӣ ба ту хатми Қуръонро мебахшам». Вале Акоша қабул накард, набахшид.
Пас Муҳаммади Мустафо (с) фармуданд, ки тозиёна биёранд, оварданд ва ба дасти Акоша доданд. Расули Худо (с) худро хам карданд ва гуфтанд: «Бизан». Акоша гуфт: «Не дар вақти задани Шумо ман бараҳна будам, Шумо ҳам бараҳна шавед, куртаатонро бароред». Мардуми ҷамъомада ҳама ба Акоша лаънат мегуфтанд ва гирён буданд. Расули Худо (с) ба онҳо мефаҳмонид, ки ин қарз аст ва бояд ман ӯро адо кунам. Муҳаммади Мустафо (с) либосашонро бароварданд, таги курта ва эзор монданд. Акоша гуфт: «Куртаатонро ҳам бароред!»
Расули Худо (с), ки барои адои қарз ба ҳама гуфтаҳои Акоша тайёр буданд, ҳамин ки куртаашонро бардоштанд, муҳри нуббуват, ки дар пушти шонаи Расулуллоҳ буд, то ба осмон дурахшид. Акоша рӯи худ бар он муҳр мемолиду мегирист ва мегуфт: «Ё Муҳаммад (с), мақсади ман ранҷонидани Шумо набуд, мақсади ман муҳри нубувватро дидан буд. Чунки шунида будам, ҳар касе ин муҳрро бинад оташи дузах ба вай ҳаром мегардад. Ба мақсадам расидам, калима гардонида дини Исломро қабул карда, мусулмон шуд». Аз ин кори Акоша ҳама хушнуд шуданд ва Расули Худо (с) ӯро бахшид.
Акошаро дар қатори саҳобаҳо гузоштанд ва Расули Худо (с) гуфтанд: «Ҳар касе, ки Акошаро дар зиндагиаш ва баъди фавташ оромгоҳашро ёфта зиёрат кунад, баробари он аст, ки ба зиёрати хонаи Худо пиёда рафта-омада бошад!”
Матни ривояти боло хеле ҷолиб буда, диққати шунавандаро ба худ ҷалб карда, эътиқоду ихлосашро нисбат ба Шоҳи Акоша меафзояд. Шояд яке аз омилҳои бештар ба зиёратгоҳи Шоҳи Акоша рафтани зоирин ин сухани охири Пайғомбари ислом дар ривояти зикршуда бошад, ки: “Ҳар касе, ки Акошаро дар зиндагиаш ва баъди фавташ оромгоҳашро ёфта зиёрат кунад, баробари он аст, ки ба зиёрати хонаи Худо пиёда рафта-омада бошад!” Гумони ағлаб бар он аст, ки ин сухан тахаюлӣ ва бофташудаи ашхоси нодору камбағал мебошад, ки имкони ба зиёрати Ҳаҷ рафтанро надоранду ба зиёрати мазорҳои бузургону рӯҳониёни ватанамон қаноат намуда, худро таскин медиҳанд. Ин бовар дар андешаҳои бисёре аз мардуми манотиқи кишвар давр мезанад, ки ҳар кадоме зиёратгоҳҳои минтақаи худро чунин мепиндоранд. Муҳим он аст, ки мардуми тоҷик нисбат ба гузаштагону бузургонашон эҳтиром мегузоранд. Ва бо ҳамин васила зиёратгоҳу мазорҳоро дар ҳар як фасли сол тозаву озода нигоҳ дошта, як гӯшаи диёрамонро ободу зебо мегардонанд.
Зафар Холмуродов