ШАҚИҚИ БАЛХӢ – АЗ БУНЁНГУЗОРОНИ ТАСАВВУФИ ХУРОСОНӢ

Сафари хидматии мо ба ноҳияи Данғара ҷиҳати ҷамъоварии маълумот ба китоби “Маълумотномаи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии ба рӯйхати пешакии мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳодшуда” ниҳоят рангин ва басо хотирмон буд. Парвандаи номинатсионии «Хутали қадим» бо фарогирии 11 (ёздаҳ) ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мефармоянд: «Дар таърихи тӯлонӣ ва пурғановати халқи тоҷик, ба хусус, давраи исломии он, шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба зуҳур омаданд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши беандозаро гузоштаанд». Эмомалӣ Раҳмон, «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ», («Ҷумҳурият», 13.11.2008).

Хоҷа Шақиқи Балхӣ (асрҳои 8-9) яке аз чеҳраҳои бузурги фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб мегардад ва дар шаҳри қадимаи тоҷикон – Балх ба дунё омада, солҳои 809-810 дар замини Хатлон (Данғара), дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ аз дунё гузаштааст.

Абуалӣ Шақиқ ибни Иброҳими Балхӣ — донишманди ислом ва шайхи мутасаввифаи форс-тоҷик, аз бунёнгузорони тасаввуфи хуросонӣ ва соҳиби қадимитарин рисола дар тасаввуф аст. Аксари муҳаққиқони ватанию хориҷӣ таърихи зиндагиномаи ӯро асрҳои IX-X ба қалам додаанд. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки Шақиқ дар Балх дар оилаи сарватманде таваллуд шудааст. Перомуни давраи ҷавонии ин шахси маъруф ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ ҷавони таълимдидаи зебоманзар буда, ба кори тиҷорат шуғл меварзидааст. Шақиқ мувофиқи одати замони худ барои идомаи таҳсил ба назди имомҳои машҳури замонаш рафта, Қуръону ҳадисро омӯхтааст. Аз рӯи навиштаи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафоҳоту-л-унс» яке аз устодони Шақиқ имом Зуфарӣ машҳур буд. Ҳангоми талабу ҷустуҷӯи ҳадис Шақиқ борҳо бо Абуюсуф, ки баъдтар қозии шаҳри Бағдод таъйин шуд, дар назди Абуҳанифа сабақ омӯхтааст. Шақиқ шаҳрҳои дигари хилофат, аз он ҷумла Маккаю Мадинаро низ зиёрат кардааст.

Шақиқ шогирдони зиёде дошт ва яке аз шогирди ӯ Ҳотам ибни Унвони Асами Балхӣ, зоҳиди машҳур буд, ки дар Вашгирд (Файзободи имрӯза) даргузаштааст. Шақиқ ба шогирдони худ эътимоду қаноат ва худотарсию парҳезкориро талқин мекард.

Мувофиқи таълимоти фалсафии Шайх Шақиқ инсони комил ҷиҳати қаробат ба офаридгор аз ҳаёти фано то ҳаёти бақо бояд аз тавба, сабр, шукр, хавф, риҷоъ, фақр, зуҳд, таваккал ва муҳаббат (ишқи Илоҳӣ доштан) истифода намояд. Ӯ зидди парастиши инсон ҳангоми ҳаёт ва ҳам мамот буда, фақат парастиши офаридгорро афзал медонист ва дар Афғонистону Покистон, Осиёи Марказию Арабистон муридону ҳаводорони зиёде дошт.

Хоҷа Шақиқ дар байни хоссу ом маъруфияти махсусеро касб намуда, ҳамчун инсони одӣ ва ғамхори дину мардум ном баровардааст. Аз ин ҷост, ки дар байни мардум дар бораи шуҳрати беандозаи ӯ ривоятҳои гуногун паҳн гардидааст:

1. Мувофиқи ин ривоятҳо, Шақиқи Балхӣ тафохурро бад медид, зиндагии порсоёна мегузаронд, ба боғкорӣ машғул буд, либоси оддӣ ва арзон ба бар мекард. Боре имоми Балх дар тан либосҳои қиматбаҳо Шақиқро мазоҳ карда мегӯяд: Ай Шақиқ, ин чӣ гуна ҷома аст, ки ту пӯшидаӣ? Шақиқ ҷавоб мегӯяд, ҷомае, ки бар ман аст, ба ҷомаи Расули Худо монанд аст».

2. Тибқи ривоятҳои дигар, сабаби асосии ба зуҳду тақво гаравидани Шақиқ ин будааст, ки ҳангоми дар Туркистон ба тиҷорат машғул буданаш, мардумеро мебинад, ки бо сару риши тарошида бутҳоро ибодат мекунанду аз онҳо зиндагии беҳ талаб мекунанд. Шақиқ дар ғазаб шуда, ба онҳо мегӯяд ки чаро шумо худои ягонаро неву сангҳоро мепарастед. Дар ҷавоб онҳо посух медиҳанд, ки мо аз ҳамин худоҳои худ ризқу рӯзӣ меёбем, вале ту чаро аз мулки худ барои ризқу рӯзӣ баромада, ба ин ҷо омадӣ, розиқи ту дар ватанат туро нигаҳбон нагашт. Шақиқ баъди шунидани ин калимот аз баҳри тиҷорат гузашта, зоҳид шуд ва авлиёи барҳақ гардид.

3. Бо Иброҳими Адҳам гуфт: Шумо дар маош чӣ гуна мекунед? Гуфт: Мо чун меёбем шукр мекунем ва чун намеёбем сабр мекунем. Шақиқ гуфт: Сагони Хуросон ҳамчунин мекунанд.

Иброҳими Адҳам гуфт: “Пас, Шумо чӣ мекунед?” Гуфт: Мо чун меёбем исор мекунем ва чун намеёбем шукр мекунем.

Иброҳим бӯса бар сари вай дод ва гуфт: Устод тӯӣ !...

4. дар ривояте омада, ки Шақиқ дар Самарқанд дар маҷлисе рӯ ба қавм оварда, мегуфт: ...агар мурдаед ба гӯристон, агар кӯдакед ба дабиристон ва агар девонаед ба кофаристон ва агар мусулмонед доди мусалмонӣ аз худ биситонед, эй махлуқпарастон!

5. Ривояти “Саги шикорӣ” барои мардуми деҳкадаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ таъсиргузор боқӣ мемонад: – дар рӯзгори қадим дар шаҳри Балх марде сарватманду тавонгар зиндагӣ мекард. Ин мард Шақиқ ном дошт. Ба хушию хуррамӣ рӯзгорро мегузаронд. Чизе, ки дар зиндагии ин мард ба чашм намеомад, ёди Худо буд. Шақиқ мисли бештари сарватмандону пулдорон ба сарвату сармояаш менозид ва фикр мекард, ки ҳар мушкилеро метавон бо пулу сарват аз пеши пой бардошт. Амири Балх дар рӯзҳои шикор яке аз сагҳо гум шуд ва ҳар қадар, ки ҷустуҷӯ карданд, онро наёфтанд.

Амир, ки аз ногаҳон гум шудани саги шикори хашмгин шуда буд, як лаҳза орому қарор намеёфт. Яке аз наздикони амир, шахси тирадилу кинаҷӯе, тасмим гирифт, то бо як дурӯғу нақшаи хоинона аз марде, ки душмани ӯ буд, интиқом бигирад. Пеши амир омаду ба марди покдиле туҳмат зад: – оне, ки саги амирро дуздидааст, марде сарсахт аст. Бояд ӯро ба зиндонбон супурд, то дар зери шиканҷа ба ҳарф ояду махфигоҳи сагро нишон диҳад. Амир, ки ба сухани ӯ эътимод намуда буд, маъмуроне бадхуву ситамгарро аз пайи он мард фиристод. Марди бечораву бехабар аз ҳама чизу ҳама ҷо дар хонаи худ нишаста буд, ки маъмурони амирро дар рӯбарӯ дид.

Он мард ҳайратзада гардида мегуфт: чизеро аз ман меҷӯед, ки намедонам чист? Бале, марди бечораву бегуноҳ дили рафтан надошт. Бояд мегурехт, танҳо роҳи ҷон ба саломат бурдан дар ҳамин буд. Иҷозаи қазои ҳоҷат намуда, рӯ ба фирор ниҳод. Мард худашро чанд бом дуртар расонид ва бо шитоб ба хонае ворид шуд. Он хона ба Шақиқи Балхи тааллуқ дошт. Маъмурон ӯро аз Шақиқи Балхи талабиданд. Мард ба пои Шақиқ даровехту аз ӯ хост, ки дар муқобили маъмурон истодаги кунад. Вақте аз бегуноҳии ӯ огоҳ гашт, тасмим гирифт, то меҳмонро паноҳ дода ва худаш ҳамроҳи маъмурон ба ҳузури амири Балх биравад.

Пас аз мулоқот бо амир се рӯз муҳлат дода шуд, то Шақиқи Балхи саги шикориро ёфта ва ба амир баргадонад. Агар дар ин мӯҳлат саг пайдо намешуд, Шақиқро муҷозот мекарданд. Шақиқ пас аз бозгашт ба хона андешаманд шуд, ки бояд ба ҳар гунае ҳаст, сагро биёбад. Ҷустуҷӯ бе натиҷа анҷом ёфт ва Шақиқ омода гашт, то ба қасри амири Балх рафтаву муҷозот шавад. Пеш аз рафтан рӯй ба Худо оварду барои ҳалли ин мушкил талабид. Вақте тамоми умеди ӯ аз даст рафта буду пой аз хона берун мегузошт, ногаҳон яке аз дӯстони қадимашро дид, ки ба сӯи ӯ меояд. Шақиқ ба дӯсташ нигоҳ кард, ки гарданбанди сагеро ба даст гирифта, ба ӯ наздик мешуд. Чун онҳо ба ҳамдигар расиданд, он дӯст ба Шақиқ, салом кард, аммо ҳайратзада бар ҷой монд: Шақиқ ба ҷойи он ки посухи саломашро бидиҳад, хира-хира ва бо даҳони нимабоз ба саг нигоҳ мекард. Шақиқ аз аломате, ки ба рамз бар гарданбанди саг навишта буданд, чашм намеканд. Он мард идома намуд: дар роҳ ин сагро дидам, ки ҳеҷ соҳибе надошт. Бо худ гуфтам, бояд саги шикории арзишманде бошад ва ҳадяе барои ту дӯсти азизам! Шақиқ сагро назди амири Балх бурду ба ӯ супурд ва аз муҷозот раҳо ёфт. Шақиқи Балхи баъд аз ин моҷаро таваҷуҳи хос ба Парвардгор пайдо намуд ва аз ҳамаи дӯстоне, ки шарики ӯ дар гуноҳ буданд, рӯй гардонид. Ибодату парҳезкории Шақиқ ба андозае боло гирифт, ки дар гурӯҳи орифони бузург даромад ва номаш дар таърих ҷовидона боқӣ монд.

Хоҷа Шақиқ дар охири умр дар мулки Хатлон, дар Кулон (Дашти Кулак), яъне Данғараи имрӯза ба сар мебарад ва ҳангоми сафараш ба Вашгирд (назди муридаш Ҳотами Асам) аз тарафи туркҳои забткору саҳронишин ба ҳалокат мерасад. Ҳоло қабраш дар мазори деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ (собиқ деҳаи Себистон)-и н.Данғара макони зиёрати мардуми олам аст. Дар қисмати ҷанубии ин деҳа дар масофаи тақрибан 2 км аз роҳи калон, дар теппаи баланде мақбараи марди донишманду ориф, яке аз симоҳои намоёни ҷаҳони исломи асри IX шогирди Имоми Аъзам, Абуалӣ Шақиқ ибни Иброҳими Балхӣ ҷой гирифтааст. Сохтмони бинои мақбараро ба асри XV нисбат медиҳанд. Дар охири асри 20 соҳибкорони дилсӯз ин мақбараро ба тариқи одӣ барқарор карданд. Ёдгории меъморӣ аз сағона, роҳрави зеризаминӣ ва ҳуҷраи хурди мудаввари шашбурҷаи андозааш гуногуни аз хишти пухта сохташуда иборат мебошад. Соли 2003 ёдгорӣ бо бинои гунбаддори андозааш 7х7 м консерватсия карда шудааст. Меҳмонони зиёде ба зиёрати ин мақбара меоянд. Аз саршавии теппа то мақбара, ки 260 метрро ташкил медиҳад, роҳрави 2 метраи бетонӣ иборат аз 168 зина (поғунда) сохта шудааст. Деҳаи Хоҷа Шақиқ (ҳоло Себистон) 85 километр дуртар аз Душанбе дар роҳи баланде, ки шаҳри Душанберо ба Кӯлоб мепайвандад, ҷойгир аст. Ба деҳа расидан ҳам аз ноҳияи Данғара ва ҳам аз Душанбе осон аст. Аммо расидан ба мақбараи Хоҷа, ки аз пайроҳаи дохили қабрҳо мегузарад, мушкилписанд мебошад.

Намунаҳо аз пандномаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ:

1.Оқил ҳамвора аз се чиз метарсад: тарсидан аз гуноҳҳое, ки кардааст, агар донад, ки баъди ягон соат чӣ ҳодиса рух медода бошад ва аз он ки охират пурҳазар бошад, тарсад, ки бар чӣ хатм гардад.

2.Агар хоҳӣ, ки умри ту ба роҳат гузарад, бихӯр он чӣ туро додаанд, бинӯш он чӣ ёфтаӣ ва розӣ ба қазои Худо бош.

3.Овардани амал ба илм аст, то ҳар ки дар коре бе илм шурӯъ намояд, ба сарҳади мақсуд намерасад.

4.Мард дарахти хурморо шинонда, метарсад, ки хор оварад ва мунофиқ хор шинонад ва умед дорад, ки хурмо бор диҳад.

5.Ба одамон ҳамчун ба оташ дӯстӣ кун. Аз он манфиат бардор, вале эҳтиёт бош, ки туро насӯзонанд.

6.Ман аз гуноҳи нокарда беш аз он метарсам, ки аз гуноҳи карданӣ. Донам чӣ кардаам, аммо намедонам, ки чӣ хоҳам кард.

7.Таваккул он аст, ки дили ту ором гирад ба он чи ки Худои таоло ваъда фармуда.

 

Саъдӣ МИРЗОЕВ,

ходими калони шуъбаи фарҳанг

ва санъатшиносии ПИТФИ

барчасп: