Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мавзеъҳои зиёди таърихию фарҳангӣ буда, дар ҳама гӯшаву канори он метавон чунин ҷойҳоро вохӯрду аз онҳо баҳравар шуд. Мавзеъҳои таърихиву фарҳангии мо, на танҳо диққати ҳамватанон, балки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, боиси ташрифи онҳо ба ин сарзамин мегардад.
Зимни як сафари хидматӣ бори дигар олимони пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба шаҳри Роғун аз ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии вобаста ба ҷойҳои муқаддаси фарҳангию табии он дидан намудем.
Шаҳри Роғун, ки имрӯз яке аз шаҳрҳои зебоманзар, манбаи дурахши нур маҳсуб меёбад, ҳиссае аз Тоҷикистони азизи мост. Ин шаҳри орзуву умед дар домони худ чанде аз чунин мавзеъҳои муқаддасро маҳфӯз медорад. Оби шифобахши “Муллошайх” яке аз онҳост. Ин муқаддасот дар ҷамоати деҳоти Ҷавонӣ, қишлоқи Қади Об мавҷуд мебошад. Марбут ба ин дар байни мардум ривоятҳои зиёде ҷой доранд, ки таърихи садсолаҳоро дар бар мегиранд.
Дар суҳбат нигоҳбон ва ё мутавалии Оби шифобахш Муҳаммад Юсупов (с.т.1992) аз пайдоиши ин чашмаи шифо чунин изҳори ақида намуд: “Замоне ин мавзеъ биёбони беоб будааст. Мардумоне, ки дар он зиндагӣ мекарданд, аз беобӣ азоб мекашиданд. Чунин ҳолат рӯзгори онҳоро рӯз то рӯз ба мушкилӣ гирифтор кардааст. Ягона роҳи халосиро аз ин мушкилӣ дар дуову дуруд ба Худованд ва зориву таволо намудан мебинанд. Онҳо бо маслиҳати якдигар дастҷамъона намоз мегузоранд ва аз Парвардигор талаби омӯзиш мекунанд. Рӯзе чанд пас аз ин ҳангоми намози пешин пирамарди нуроние аз назди онҳо ин ҷомеа мегузарад ва ба ҳоли ин мардум раҳмаш меояду асои худро якчанд маротиба ба замин мезанад. Дар натиҷа аз ҷойе, ки он пирамард асояшро зада буд об мебарояд”. Пирамард зиндагии ояндаи худро дар байни мардуми ҳамин деҳа интихоб менамояд ва минбаъд маслиҳатдиҳанда, раҳомӯз ва роҳбалади зиндагиашон мегардад.
Мардуми маҳал ба ин шахси савобҷӯ, дилсоф, тақводор эҳтиром гузошта ба ӯ лақаби “Муллошайх”-ро лоиқ медонанд. Обе, ки аз ҷойи асои Муллошайх ба замин зада фавора задааст, то давраи мо омада расидааст, ки мардум ва меҳмонони зиёди аз дуру наздик омада аз он истифода мебаранд. Ҳарорати оби аз замин баромада гармии 96 бар 100 дорост. Дар шафати ин чашма, боз чашмаи дигаре ҳам ҳаст, ки обаш ях барин хунук аст. Бояд тазаккур дод, ки чашмаи “Муллошайх” дар баробари ба ташнагон об додан боз хусусиятҳои шифобахшии дигарро дорост. Муҳаммад Юсупов ҳамчунин илова намуд, ки гармии ин оби шифобахш ба дараҷаест, ки метавон дар он тухум пӯхт. Нафароне, ки ба ин мавзеъ барои талаби шифо ва истироҳат меоянд худ шоҳиди онанд, ки бо халтаи оддие 8-10 дона тухмро дар ин об нигоҳ медоранд. Баъди 6 ё 8 дақиқа тухмҳо пӯхта мешаванд. Аҷоиботи чашма дар он аст, ки дар масофаи на он қадар дуртар аз якдигар ду чашма чашмаи оби гарм ва чашмаи оби хунук ба якдигар омехта намешаванд.
Солҳои қаблӣ мардуми маҳал аз оби он барои рӯзгори хеш истифода мебурданд, - илова намуд М. Юсупов. Дар ибтидо чашма як ҳавзаки хурдакаке буда, ҳанӯз дар солҳои шӯравӣ хусусиятҳои шифобахшии ин чашмаро ба назар гирифта, болои онро пӯшонидаанд. Айни ҳол чашмаро ба ду ҳавзи калон: занонаву мардона ҷудо кардаанд. Нафароне, ки мубталои бемориҳои банду буғум, безурётӣ, бемориҳои гуногуни пӯст ва резиши мӯй ҳастанд, - мегӯянд, ки баъди истифода аз оби чашма шифо ёфтаанд.
Пас аз оне, ки чашма ҳамчун чашмаи шифо шинохта шуд, омадани беморон ба он марҳила ба марҳила зиёд гардид. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хусусан бо фаро расидани фасли тобистон чашмаи шифобахши Муллошайх серодам мегардад. Дар баробари мардуми кишвар аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистону Русия ташриф меоранд. Дар чашмаи шифобахши мо сайёҳони хориҷӣ аз Олмону Амрико, Англия, Италия ва чанди дигар давлатҳо низ буданд, -гуфт акои Муҳаммад.
Одамони маҳал мегӯянд, ки дар солҳои шӯравӣ ҳам мардум барои дидан аз ин мавзеъ меомаданд. Аммо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ташриф ба чашмаи муқаддас ба маротиб афзуд. Пештар дар рӯзҳои истироҳатӣ онҷо мерафтанд. Ҳозир бошад ягон монеа вуҷуд надорад ва мардум дар дилхоҳ рӯз метавонанд ба он мавзеъ раванд ва аз ин оби шифобахш истифода намоянд. Ногуфта намонад, ки бо имкониятҳои ҷойдошта бештари вақт ба фасли гармои тобистон нигоҳ накарда, одамон оилавӣ омада, ҳафтаву моҳҳо дар ин ҷо табобат мегиранд. Мардуми шифоталаб саҳару бегоҳ дар ҳавзҳо оббозӣ карда, вақти бозгашт бо худ дар зарфҳо аз обаш гирифта мебаранд.
Дар наздикии мавзеъ оби софу зулоле, ки аз қубури оҳанини қутраш 50 ба 50 ба замин мерезад диққати бинандаро ҷалб менамояд, ки чӣ тавр дар назди чунин як чашмаи оби гарми 96 бар 100 оби хунуке ҷорӣ аст. Чун даст ба оби мерехта мерасонӣ аз хунукии он тоқат намекунӣ, вале даст ба оби ҷамъшудаи зери қубур барӣ, он сӯзону роҳатфазост.
Дар инҷо асрорест, ки то ҳол мавриди тадқиқотҳои илмӣ қарор нагирифтааст.
Вақте ба гирду атрофи ин чашма – чашмаи Оби шифобахши “Муллошайх” назар намоӣ дар қисмати болоии чашма, болои теппае як қабр ба чашм мерасад. Ин қабр дар ҳолати таббиӣ қарор дораду гирд ба гирдаш бо панҷараи симин барои муҳофизат печонида шудааст. Муҳаммад Юсупов мегӯяд, ки ин оромгоҳ оромгоҳи ҳамон пире аст, ки асояшро ба замин зада аз замин баромадааст.
Имрӯз вақти он расидааст, ки бо дастгирӣ аз сиёсати фарҳангсолори Ҳукумати кишвар ба чунин мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ, табиӣ ва ҷойҳои муқаддас диққати махсус дода, мавриди онҳо маълумотҳои аниқу дақиқ гирдоварӣ намоем ва онро чун ғановати хеш ба ҷаҳониён нишон диҳем.
Ҳалимова Бибинаргис
Насрудинова Файзигул